Инъомҷон Ахмедов наққош ва кундалкори нафақахӯр аст. Бо далели он ки, ӯ аз камтарин наққошони касбӣ аст, аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд дар сохтмони Қалъаи нави Хуҷанд ҷалб шудааст.
Қаҳрамони мо наздики ним аср боз бо ҳунари наққошӣ-кундалкорӣ машғул аст. Маҳсули дасти зебоиофари ӯ дар иншоотҳои муҳими фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ инъикос шудааст. Масалан, дар офаридани 70 метри муррабаъ кундалкорӣ дар даромадгоҳи толори асосии “Кохи Наврӯз” ва 636 метри мураббаъ кундалкории шифти “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғараро Инъомҷон Ахмедов ҳиссагузор аст. Намунаи кундалкориҳои вай то ИМА, Англия, Фаронса, Швейтсария, Дания, Чин, Туркия ва Қувайт ҳам расидаанд.
Нафақа пойбанди ҳунарманди асил нест
Инъомҷон Ахмедови 68-сола баъди 40 соли фаъолияти ҳунарӣ ва омӯзгорӣ ба нафақа баромад, аммо то ҳол талабгорони ҳунари нодири ӯ кам нашудаанд. Вай қуввати кор кардан дорад. Аз ҳамин рӯ, вақте пешниҳоди кор шавад, ба ҷону дил қабул мекунад.
“Ба мо фармоиш шуд, ки 8 ҳавлии қадимаи Қалъаи Хуҷандро наққошӣ ва кундалкорӣ кунем. Дар ин ҷо низ аз чаҳорчӯбаи ороишоти қадима, ки наққошон дар хонаҳо истифода мебурданд берун набаромада, эҷодкорона кор карда истодаем. Ба он нақшҳое, ки аз устодон ёд гирифта будем, навгониҳо низ ворид мекунем”, – мегӯяд наққош.
Қаҳрамони мо айни ҳол дар яке аз ҳавлиҳои қадима, ки дар Қалъаи нави Хуҷанд бунёд шуда истодаанд, бо 3 нафар ҳамкори ҷавонаш кор карда истодааст.
“Ба зиммаи ман ҳамчун наққош-кундалкор ороиши ҳавлии “Хаттот” вогузошта шудааст. Дар ҳамин ҳавлӣ 3 моҳ боз машғули корем. Ҳавлӣ 2 хона ва як пойгаҳ дорад. Дар саҳни он танӯру оштон ва дар яке аз хонаҳо мӯрӣ ҳам сохта шудааст.
Сақфи як меҳмонхонаи ин ҳавлиро мо – 4 нафар усто тӯли як моҳ наққошӣ кардем. Дар ин меҳмонхона, асосан, нақши қадимаи тоҷикӣ – ислимиро кор фармудаем. Ин нақш печутоби бисёр дорад ва онҳоро шикастан мумкин нест”, – шарҳ медиҳад Инъомҷон- наққош.
8 ҳавлии қадима дар Қалъаи Хуҷанд
Дар Қалъаи Хуҷанд маҳаллаи қадимае сохта истодаанд. Он аз 8 ҳавлӣ иборат аст, аз ҷумла, ҳавлии “Табиб”, “Хаттот”, ”Бофанда”, “Дуредгар”, “Кулолгар”, “Оҳангар”, “Наққош” ва ҳавлии “Сарватманд”.
Дар оянда устохонаҳои ҳунармандони беҳтарини вилоят дар ин ҳавлиҳо ҷойгир мешаванд ва ҳунарҳои пешинро ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки ба Қалъаи Хуҷанд меоянд, муаррифӣ мекунанд. Имрӯзҳо дар дигар ҳавлиҳо низ устоҳо кор карда истодаанд. Инъомҷон-усто баъди адои кор дар ҳавлии “Хаттот” боз як кори муҳимеро дар ин иншоот бар дӯш гирифтааст.
“Толори асосии қалъа бояд 16 метри мураббаъ кундалкорӣ шавад. Иҷрои ин корро низ ман ба ӯҳда гирифтаам. Дар вассаи ҷуфти толори асосии қалъа ҳунари кундалкорӣ истофода мешавад. Кундал – нақши барҷаста аст, ки онро дар болои фанер ва матоъ иҷро мекунанд. Кундалро аввал дар поён тайёр карда, баъдан дар сақф часпонидан лозим меояд”, – мефаҳмонад устои кундалкор.
Рафти кори наққошӣ дар сақфи хонаҳо
Усто Инъомҷон мегӯяд, ки ҳозир нисфи наққошии ҳавлии “Хаттот” ба анҷом расидааст. Танҳо шукуфондани гулҳо мондааст, яъне интихоби шакл ва андозаи гулу нақшҳо, рангубори таги гулҳо иҷро шудааст.
“Устои наҷҷор вассаи ҷуфтро месозад. Мо онро алиф мекунем, равған мемолоем. Тарқиши чӯбҳоро ғӯрагаҷ (шпаклёвка) карда, ба назар нонамоён мекунем. Аввалан ранги таги гулҳоро мемолем. Дар таги гул чӣ ранг ва чӣ нақш мешавад, маълум мешавад. Пешакӣ тассаввур кардан лозим аст, ки нақшу гулҳо бо кадом намуду ранг ва андоза бояд шакл гирад. Аз ин рӯ, андоза ва шакли гулҳоро муайян мекунем, нусхаҳоро мегузорем, баъдан рангпардозиро сар мекунем. Нақшҳо бояд аз ҳам канда нашавад”, – зикр мекунад наққош.
Рангро шинохтан даркор
Қаҳрамони мо аз таҷрибаи бойи худ сирри ҷилонокии рангҳое, ки 40 сол пеш дар хонаҳои қадима ва чойхонаву масҷидҳо истифода шудаанду ҳоло ҳам сифати онҳо нигоҳ дошта шудааст, кушода дод.
“Пештар устоҳо рангро худашон месохтанд. Ба рангҳои хока ширеш, зардии тухм ва дигар чизҳоро ҳамроҳ мекарданд, ки ранги бақувват ҳосил шавад. Инчунин рангҳои сифатан хуб аз корхонаҳои рангбарории Маскаву Ленинград оварда мешуд. Имрӯз бештар аз рангҳои истеҳсоли давлати Чин кор мефармоянд. Мо як рангро аз омехтакунии 3-4 намуди ранг ҳосил мекунем. Сабаб дар он аст, ки як ранг пастӣ кунад, ранги дигар онро медораду ҷилонокӣ гум намешавад”, – шарҳ медиҳад, Инъомҷон- усто.
“Наққоши тасодуфӣ нестам”
Инъомҷон Ахмедов дар оилаи омузгор таваллуд шуда, ба воя расидааст. Барои наққош шудани ӯ асосан бобову модараш сабаб шудаанд.
“Бобоям – Мулло Аҳмади заргар буданд. Он кас дар хона ҳар хел гӯшвораҳою ангуштарӣ месохтанд. Дар рӯйи метал нақшҳо меофариданд. Ман ҳар рӯз корашонро тамошо мекардам. Он нақшҳое, ки бароям маъқул мешуд, дар қоғаз кашида ба бобоям нишон медодам. Он кас аз лаёқати ман хурсанд шуда, “Офарин, ҷони бобо, акнун ин нақшро каш!” – гӯён маро ба тасвиргарӣ дилгарм мекарданд.
Модарам дӯзанда буданд. Он кас куртаҳои занона медӯхтанд. Дар вақти буридани матоъҳои гулдор эҳтиёт карда, ҳангоми дӯхтан ин гулро ба он гул пайваст мекарданд. Шояд тамошои ҳаррӯзаи кори модар ва бобо сабаб шуду, дар дили ман ҳаваси гулофарию нақшнигорӣ ҷой гирифт”, – ба ёд меорад усто.
Ӯ дар овони мактабхонӣ низ хеле расмкаширо дӯст медоштасту бештар манзара мекашидааст. Аз китоб сурати шоирону нависандагонро дида истода, чеҳраашонро дар коғаз рӯбардор мекард. Дар мактаби №6-и ба номи Рӯдакии шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) вайро ҳамчун “талабаи рассом” мешинохтанд. Мавсуф ин мактабро соли 1971 хатм карда, ба шуъбаи нақша, расм ва таълими меҳнати факултети физика дохил шудааст. Соли 1976 ин даргоҳро бо муваффақият ба итмом расонидааст.
“Дар овони донишҷӯӣ низ мусаввирӣ мекардам. Бештар портрет ва манзара тасвир мекардам. Бо аҳли гурӯҳ ҳар тобистон ба ноҳияи Шаҳристон мерафтем ва рӯзона манзара меофаридем. Шабонгаҳ бошад, давра ороста асарҳои якдигарро таҳлил мекардем. Доир ба асарҳои устодоне, ки аз фанни таърихи санъат мехондем, мулоҳиза мерондем. Барои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи донишгоҳ моро ба яке аз мактабҳои Исфара бурда буданд. Он ҷо ман ба ҳайси муаллими расму нақша ва таълими меҳнат ба бачаҳо дарс дода будам”, – ба хотир меорад устои наққош.
Шогирди хуб – устои хуб
Қаҳрамони мо соли 1976 баъди хатми донишгоҳ дар Фонди бадеии шаҳри Хуҷанд (коргоҳи эҷодӣ- истеҳсолӣ) ба ҳайси рассом-ороишгар корро сар мекунад. Ӯ устои хуб шудани худро ба он рабт медиҳад, ки пеш аз ҳама шогирди хуб буд.
“Рассоми халқии Тоҷикистон Ҳакимҷон Саидов устоди аввалини ман дар наққошӣ мебошанд. Аз соли 1976 то 1981 бо устодам дар якчанд объектҳо кор карда, нақшҳои миллӣ офаридем. Масалан, соли 1979 сақфи чойхонаи машҳури “Сирдарё”- ро нақшнигорӣ карда будем, ки бо гузашти 40 сол ҳам ранги он напаридааст. Он вақт ман шогирд будам. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам, ки осорхонаи пахта бунёд карда мешуд, кор карда будем.
Соли 1981 устодам – Ҳакимҷон Саидов, ки иштирокчии ҷанг буданд, нотоб шуданду кор бас карданд. Худи ҳамон сол устодам маро бо устоди дигар – Рустамҷон Сангинов шинос карданд. Мо бо он кас устою шогирд шуда, корро давом додем. Маҳз аз устод Сангинов ҳунари кундалро ёд гирифтам. Айни ҳол устод Ҳоҷӣ Рустам Сангинов низ ба нафақа баромадаанд, лекин як-як назди мо омада ба корҳоямон ёрӣ медиҳанд. Ман, ки дуои устодонро гирифтаам, имрӯз бо ҳамкорон ва шогирдон кори онҳоро пеш бурда истодаам”, – мегӯяд усто Инъомҷон.
Донишҷӯёни замони Шӯравӣ дигар буданд
Усто ба ин назар аст, ки донишҷӯёнро бояд аз овони мактабхонӣ барои соҳаи рассомию наққошӣ тайёр кард. Ӯ аз таҷрибаи кор дар донишгоҳ ёдовар шуда, мегӯяд, ки бо донишҷӯёни тасодуфӣ кор кардан душвор аст.
“Соли 2007 то соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзгор будам. Ба донишҷӯён ҳунари кундалро меомӯзондам. Дар вақташ муаллимони мо сахтгир буданд, дар як моҳ 15-20 асар эҷод карда, месупоридем. Ман барои дарси зинданависӣ аз хона тайёрӣ дида мебаромадам, яъне андешаи “дар ин мавзӯъ бояд чи чизҳоро мушоҳида кунам ва дар асар дарорам” аз сар дур намешуд. Вақте маҳсули даст омода мешуд, аз тамошояш ҳаловат мебурдам.
Имрӯз донишҷӯён аз донишҷӯёни замони мо ба куллӣ фарқ мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки мо кори онҳоро ислоҳ накунем, балки худамон қалам зада тайёр кунем. Ман ба онҳо мегӯям, ки “барои аввал дилатон чизе хоҳад, кунед, баъд боз мебинем”. Аксарияти онҳоро дарди гарданғафсӣ задааст”, – бо дареғ мегӯяд усто Инъомҷон.
Мавсуф барои аз нав барқарор кардани нақшу нигори чандин хонаҳои қадима, ки бештарини онҳо дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, нақш гузоштааст.
Қаҳрамони мо аъзои Иттифоқи рассомони собиқ СССР ва Тоҷикистон буда, соли 2020 аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд бо ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ қадрдонӣ шудааст.
Фарзандаш Далерҷон дар рӯзҳои истироҳатӣ омада ба кори усто ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ низ ҳунари наққошӣ ва кундалкориро аз падараш кам-кам дуздида, ёд гирифта будааст. Шогирдони устои мо Музаффархӯҷа Орифов, Мансурҷон Сангинов ва муаллимони ҷавони донишгоҳ аз идомадиҳандагони пешаи Инъомҷон Ахмедов мебошанд. Усто аз он шод аст, ки ҳунари қадимаи тоҷикӣ бо ин гуна шогирдон ба нестӣ нарафта, идома хоҳад ёфт.
Файзуллохон Обидов