fbpx

Имзои протоколи нав байни Тоҷикистону Қирғизистон

Қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешавад.


0

Имрӯз, 19 сентябр, дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Таъкид шудааст, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend