Дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде бо бемориҳои ба монанди вабо, домана (тиф), сурхак, сил ва вараҷа вуҷуд дошт. Сабаби ин ҷанги шаҳрвандӣ ва шумораи зиёди муҳоҷирон буд. Мақомот мегӯянд, ки вазъият беҳтар шудааст, вале хатари навъҳои нав ва эҳтимоли паҳншавии бемориҳо ҳоло ҳам вуҷуд дорад.
Дар соли 2025 ва солҳои минбаъда, мубориза бо сироятҳо (инфексияҳо) душвортар хоҳад шуд, зеро ИМА кӯмакҳои худро тавассути USAID қатъ мекунад. Ин ташкилот барои беҳтар кардани соҳаи тиб, мубориза бо сил ва коҳиш додани фавти модару кӯдак миллионҳо доллар ҷудо мекард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон нақша дорад, ки роҳҳои дигар барои маблағгузорӣ пайдо кунад, то ин корро идома диҳад.
Мо бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ, табибони сироятшинос ва намояндагони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ суҳбат кардем, то бидонем, ки вазъият бо инфексияҳо ҳоло чӣ гуна аст, оё хатари эпидемияҳои нав вуҷуд дорад ва чӣ гуна метавон оила худро муҳофизат кард. Баъзе мутахассисон нахостанд, ки номҳояшон дар ин мавод биёяд, бинобар ин, андешаи айнан иқтибос оварда нашуданд.
Ин матн бар асоси 63 манбаъ, аз ҷумла, оморҳои расмӣ, таҳқиқотҳо, қонунҳо, бюллетенҳо ва ҳисоботҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ навишта шудааст. Ҳамаи фактҳо пеш аз нашр муфассал санҷида шудаанд.
Хулосаҳои асосӣ
- Дақиқияти нокифояи оморҳо: Маълумоти расмӣ дар бораи эмгузаронӣ метавонад дақиқ набошад, зеро муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва дар вақти муайян ба қайд нагирифтани кӯдакон дар поликлиникаҳо боиси ин ҳолат мешаванд. Гарчанде нишондиҳандаҳои фарогирии баланди эмгузаронӣ эълон мешаванд, хуруҷи даврии бемориҳои сироятӣ аз коҳишёбии масунияти гурӯҳӣ шаҳодат медиҳад (яъне шумораи кофии одамон ба бемориҳо масуният пайдо накардаанд).
- Тақсимоти нобаробари мутахассисони соҳаи тиб: Дар Душанбе шумораи табибон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ба маротиб бештар аст, ки ин метавонад яке аз сабабҳои пайдоиши беморони “ноаён” гардад – шахсоне, ки ба муҳити назоратии системаи тандурустӣ дохил намешаванд дар омори расмӣ низ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
- Нокифоя будани сатҳи санитарӣ ва сифати об: Ин омил хатари паҳншавии бемориҳои сироятиро зиёд мекунад, хусусан дар деҳот.
- Таъсири омилҳои беруна ва иқлим: Наздикӣ ба кишварҳое, ки вазъи эпидемиологии ноустувор доранд, ба мисли Афғонистон, хатари воридшавии сироятҳоро зиёд мекунад. Ҳамчунин, иқлими намнок боиси он мегардад, ки баъзе бемориҳо тезтар паҳн шаванд.
Заминаи таърихӣ
2 августи соли 1992 дар ноҳияи Панҷ аз вабо 6 нафар фавтиданд. 132 нафар дар ҳолати вазнин бистарӣ карда шуданд.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 на танҳо дар сиёсат, балки дар вазъи тандурустии аҳолӣ низ таъсири амиқ гузошт. Ҷанг боис ба хароб шудани 61 беморхона, муҳоҷирати беш аз як миллион нафар ва хуруҷи бемориҳои сироятии вирусӣ гардид.
Баъди ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии худро васеътар кард, ки ин хатари воридшавии бемориҳои сироятиро ба кишвар зиёд намуд. Масалан, авҷи эпидемияи вабо дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба афтодани вибрионҳои вабо (ангезандаи вабо, ки боиси исҳол ва қайкунӣ мегардад) ба дарёи Кокча дар Афғонистон рабт дошт. Ин дарё ба дарёи Панҷ, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, мерезад.
Набудани ҷойи кор ва таҳдиди гуруснагӣ мардумро маҷбур кард, ки ба тиҷорати хурд машғул шаванд – онҳо молҳои маъмулро аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои дигар, бахусус ба Москва бурда, бо нархи гаронтар мефурӯхтанд, то зиндагии худро таъмин кунанд. Тибқи китоби дарсии русии “Бемориҳои сироятӣ ва эпидемиология” (“Инфекционные болезни и эпидемиология”), ки соли 2007 нашр шудааст, шумораи зиёди мубталоён ба вабо дар Тоҷикистон маҳз миёни ин тоҷирон сабт мешуд.
Беш аз як миллион нафар дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ муҳоҷират карданд. Пас аз бозгашт ба ватан, ин гурӯҳи одамон метавонистанд ба паҳншавии вараҷа мусоидат кунанд.
Ҳамин тавр, дар соли 1997 дар Тоҷикистон тақрибан 29,2 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вараҷа сабт шудааст – ба ҳисоби миёна, аз ҳар 100 ҳазор нафар 497 нафар бемор буд. Тақрибан ҳамин теъдод ба бемории тифи шикам гирифтор шуданд.
Дар моҳи декабри соли 1996, ки ба поёни ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, захираи хлор дар Тоҷикистон тамом шуд. Дар натиҷа, моҳи феврали соли 1997 шумораи беморони тифи шикам дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ афзоиш ёфт ва шумораи онҳо ба 1250 бемор ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ расид.
Дар ҳамон сол, ҳадди ақал 29 ҳазору 382 нафар ба тифи шикам мубтало шуданд ва на камтар аз 337 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 1997 аз ҳар 100 ҳазор нафар 500 нафар ба тифи шикам гирифтор шуданд.
Тибқи таҳқиқоти соли 2020, ба Душанбе 35,8%-и ҳамаи ҳолатҳои сироятёбӣ рост меомад.
Албатта, ин рақамҳо мутлақо дақиқ нестанд, зеро онҳое, ки эҳтимол дар хона ба тифи шикам гирифтор шуда ва табобат гирифтаанд, ба ин омор ворид нашудаанд. Вазъият танҳо дар моҳи июни соли 1997, вақте ки шабакаи обтаъминкунии Тоҷикистон аз донорҳои байналмилалӣ хлор дарёфт кард, беҳтар шуд. Дар соли 1998, шумораи мубталоён ба тифи шикам аз 500 то 174 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ коҳиш ёфт. Дар Душанбе то моҳи марти соли 1998, шумораи беморон то 90% коҳиш ёфт.
Проблемаи эмгузаронӣ, ки омор онҳоро пинҳон медорад
Аз соли 1998 дар Тоҷикистон чорабиниҳои воқеии эпидемиологӣ роҳандозӣ шуда, паҳншавии тифи шикам, вабо ва дигар бемориҳои сироятӣ тадриҷан коҳиш ёфт.
Дар пешгирии паҳншавии бемориҳои хатарнок ваксинагузаронӣ нақши муҳим дорад. Гарчанде ки ваксинаҳои зидди тифи шикам ва вабо дар амалияи ҷаҳонӣ мавҷуданд ва истифода мешаванд, дар Тоҷикистон онҳо ба барномаи ҳатмии ваксинагузаронӣ дохил карда нашудаанд. Аз ҷониби дигар, эмгузаронӣ бар зидди дигар бемориҳо, ба монанди сурхак ва дифтерия, аз соли 1992 дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ин бемориҳо бо ваксина самаранок назорат карда мешаванд.
Тибқи омори расмӣ, дар 13 соли охир дар кишвар зиёда аз 150 барномаи эмгузаронӣ амалӣ гардида, фарогирии онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 90%-и кӯдаконро ташкил додааст. Аммо таҳқиқоти мустақил дақиқии ин оморро зери шубҳа мегузорад.
Тибқи маълумоти UNICEF, шумораи кӯдаконе, ки бояд эмгузаронӣ карда шаванд, бар асоси бақайдгирии таваллуд ва сабти номи онҳо дар муассисаҳои тиббӣ муайян карда мешавад.
Аммо, тибқи омори соли 2019, дар Тоҷикистон мумкин аст тақрибан 50 ҳазор кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагирифтаанд. Илова бар ин, кӯдакони муҳоҷирон ва кӯдакони онҳое, ки дар дохили кишвар кӯч бастаанд, низ метавонанд дар ягон поликлиника сабт нашуда бошанд.
Мутахассиси соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, аксар вақт кӯдакони дорои маъюбият дар поликлиникаҳо сабт намешаванд. Сабабаш он аст, ки баъзе волидон бинобар тарси маҳкум шудан ё ҳисси шарм (стигматизатсия), онҳоро ба муассисаҳои тиббӣ намебаранд.
Аммо муовини раиси Хадамоти давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Тоҷикистон, Наврӯз Ҷафаров мегӯяд, ин на он қадар дуруст аст:
“Бақайдгирӣ дар поликлиникаҳо пурра нест. Баъзеҳо барвақт меоянд, баъзеи дигар дертар. Албатта, муҳоҷирати дохилӣ ба раванди эмгузаронӣ таъсир мерасонад. Аммо дар деҳот ва навоҳӣ, шахсони дорои маъюбият таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор доранд. Волидоне, ки аз саломатии кӯдакони маъюбашон нигаронанд, аз дастгирии давлатӣ ва кӯмакпулиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли ин ки онҳо кӯдаконашонро ба қайд нагузоранд, хеле кам аст”.
Ба ибораи дигар, омори расмии эмгузаронӣ метавонад нодуруст бошад, зеро мушкилоти бақайдгирӣ вуҷуд дорад. Ҳарчанд дар гузоришҳои расмӣ сатҳи фарогирии эмгузаронӣ зиёда аз 90% нишон дода мешавад, масунияти ҷамъиятӣ метавонад пурра ташаккул наёфта бошад.
Аломати возеҳи сатҳи пасти масунияти ҷамъиятӣ — пайдоиши даврии хуруҷи бемориҳои сироятӣ мебошад. Масалан, дар соли 2023, сатҳи гирифторӣ ба кабудсулфа дар Тоҷикистон баландтарин дар 29 соли охир буд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, 98% аҳолӣ алайҳи кабудсулфа ваксина гирифтаанд.
Графики боло, дар баробари дигар маълумот, ба хуруҷи даврии бемориҳои сироятии роҳҳои болоии нафас ишора мекунад. Ҳамаи мутахассисони бемориҳои сироятӣ, ки мо бо онҳо суҳбат доштем, изҳор доштанд, ки сабти ҳолатҳои гирифторӣ метавонад афзоиш ёбад, вақте ки дар беморхонаҳо тестҳои ташхисӣ пайдо мешаванд. Бо вуҷуди ин, вазъияти бемориҳои роҳҳои нафас сол ба сол тағйироти ҷиддӣ намебинад.
“Зиёда аз 200 штамм (навъ)-и вирусҳои респираторӣ мавҷуд аст. Баъзе штаммҳо зараровартар буда, оризаҳои ҷиддӣ ба бор меоранд. Дар вобастагӣ ба навъи вирус, суръати паҳншавӣ низ тағйир меёбад, ки боиси хуруҷҳои даврии беморӣ мегардад. Аммо, аз рӯи таҷрибаи ман, вазъ дар солҳои охир тақрибан бетағйир боқӣ мондааст”,- шарҳ дод Мурод Гадойбоев, ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
Дар муқоиса бо ваксинаҳои зидди бемориҳои роҳҳои болоии нафас, ки ба рӯйхати ҳатмии эмгузаронӣ дохил нестанд, эмгузаронии зидди сурхак ҳатмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар 9 соли охир, 18 маъракаи моякӯбӣ гузаронида шудааст ва тибқи омори расмӣ, 97% аҳолӣ мякӯбӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, солҳои 2017 ва 2022 хуруҷи сурхак ба қайд гирифта шуд ва соли 2023 низ ҳолатҳои нави беморӣ идома ёфтанд.
Ин метавонад нишон диҳад, ки фарогирии воқеии эмгузаронӣ аз нишондиҳандаҳои расмӣ поинтар аст.
Хадамоти давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ эълон кард, ки аз 3 то 7 июни соли 2025 эмгузаронии иловагӣ барои онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, гузаронида мешавад.
Барои муайян кардани сатҳи воқеии фарогирии эмгузаронӣ, муроҷиат ба таҳқиқоти мустақилона муҳим аст. Яке аз чунин таҳқиқот MICS (Multiple Indicator Cluster Survey) мебошад, ки бори охир дар Тоҷикистон соли 2005 гузаронида шудааст. Ин таҳқиқот 10 ҳазор зан (15-49 сола) ва 4 ҳазор кӯдак (то 5-сола)-ро фаро гирифта буд.
Афзалияти MICS дар он аст, ки муҳаққиқон хона ба хона гашта, маълумотро бо истифода аз усули интихоботи намояндагӣ (репрезентативная выборка) ҷамъоварӣ мекунанд.
Ҳар қадар сатҳи воқеии фарогирии эмгузаронӣ поинтар бошад, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҳамон қадар зиёдтар мегардад.
Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ монанд, бо суолномаҳои стандартизатсияшуда ва тарзи интихоб дар Тоҷикистон дар соли 2017 гузаронда шуд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки то 3-солагӣ танҳо 82% кӯдакон дар Тоҷикистон ваксинаҳои асосиро мегиранд ва танҳо 70% кӯдакон ҳамаи ваксинаҳоро, ки ба синну солашон мувофиқанд, мегиранд. Тадқиқоти монанд дар соли 2023 низ гузаронда шуд, вале мутаассифона, дар гузориши нав маълумот оид ба эмгузаронӣ нест.
Ғайр аз ин, тадқиқот як чизи ҷолибро муайян кард, ки дар деҳот сатҳи фарогирии ваксинаҳо нисбат ба шаҳрҳо баландтар аст. Ҳолати мазкур натанҳо дар Тоҷикистон аст. Барои мисол, дар Қазоқистон дар соли 2015 ҳиссаи кӯдакони эмгузаронишуда дар деҳот ба ҳисоби миёна 5% бештар аз шаҳрҳо буд.
Вақте ки мардуми деҳот ба шаҳрҳо кӯч мебанданд, онҳо аксар вақт дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд ва баъди чанде метавонанд ба дигар ҷо кӯч бандад. Дар ин ҳолат онҳо ҳатто ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) сабтином намешаванд ва ҳамин тариқ, аз хизматрасониҳои КАТС, аз ҷумла ва эмгузаронӣ истифода бурда наметавонанд.
“Дар деҳот, аксар вақт фарогирии ваксинаҳо баландтар аст. Ҳангоми кӯч бастани аҳолии деҳот ба шаҳрҳо барои 3-4 моҳ, онҳо маъмулан ваксинаҳоро намегиранд. Дар шаҳрҳо онҳоро муайян кардан ва ё пайдо намудан мушкил аст, зеро онҳо метавонанд дар манзилҳое зиндагӣ кунанд, ки дар он ҷо аз аввал касе сабтином нашудааст. Ғайр аз ин, вақте ки ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, онҳо ҷойи қайдро нишон медиҳанд, ки бо маълумоти шиносномаи онҳо мутобиқат намекунад”-, мегӯяд Наврӯз Ҷафаров.
Мурод Гадойбоев, ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ, мегӯяд, ба вазъият чӣ гуна сурат гирифтани эмгузаронӣ низ таъсир мерасонад:
“Табибон дар деҳот ва ноҳияҳои Тоҷикистон, ки ман бо онҳо алоқа дорам, мегӯянд, ки ба хонаҳо рафта, ваксина мегузаронанд”.
Ба гуфтаи мутахассиси тандурустии ҷамъиятӣ, сабаби дигар метавонад иттилооти нодуруст дар бораи ваксинаҳо бошад, ки бештар дар шаҳрҳо паҳн шудааст. Дар деҳот, бо сабаби кам будани кормандони тиб, мақоми табиб болотар аст. Бинобар ин, эътимод ба табибон дар деҳот бештар аст.
Наврӯз Ҷафаров, муовини роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, иттилооти нодуруст дар бораи бемориҳои сироятӣ ва ваксинаҳо метавонад аз роҳбарони динӣ низ сарчашма гирад. Хадамот бо онҳо кор мекунад ва маълумоти дуруст дар бораи ваксинагузарониро пешниҳод мекунад.
Вазорати тандурустӣ барои беҳтар кардани сатҳи фарогирии эмгузаронӣ нақша дорад, ки мониторинги барномаи эмгузарониро беҳтар намуда, ба низоми электронии бақайдгирии ваксинаҳо барои кӯдакон гузарад. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо раванди эмкунӣ дақиқтар назорат шавад, балки ҳамоҳангии муассисаҳои тиббӣ низ беҳтар гардад.
“Система аллакай ба кор даромадааст, — мегӯяд Наврӯз Ҷафоров. — Он дар асоси платформае таҳия шудааст, ки ибтидо барои ваксиназании зидди COVID-19 истифода мешуд. Дар он аллакай зиёда аз 3,5 миллион нафар калонсолон сабтином шудаанд. Акнун он барои пайгирии ваксиназании кӯдакон низ истифода хоҳад шуд, ки шумораи онҳо ҳамасола аз 200 то 240 ҳазор нафар зиёд мешавад. Система ҳар як кӯдакро аз лаҳзаи таваллуд пайгирӣ мекунад ва пас аз гирифтани ду вояи аввал дар сатҳи нуқтаҳои тиббии деҳот ва марказҳои ноҳия низ назорат менамояд”
Сил – беморие, ки барои калонсолон ваксина надорад
Сил яке аз марговартарин бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Устувории микобактерияҳои сил ба доруҳо яке аз омилҳои асосиест, ки табобати ин бемориро мушкил мекунад ва назорати паҳншавии онро душвор месозад. Ин мушкил танҳо бо ин тамом намешавад. Набудани ваксинаҳои муассир низ ба вазъи эпидемиологӣ таъсир мерасонад.
Шумораи гирифторони сил ба ҳисоби 100 ҳазор нафар аҳолӣ то ҳол аз сатҳи соли 1991 баландтар аст. Авҷи беморӣ ба соли 2008 рост меояд, дар соли 2024 бошад, дар Тоҷикистон 4 ҳазору 537 ҳолати нави гирифторӣ ба сил сабт шудааст (~43 ҳолат ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ).
Бо вуҷуди кӯмакҳои байналмилалӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, Тоҷикистон натавонист сатҳи гирифторӣ ба силро коҳиш диҳад, чуноне ки дар мавриди дигар вирусҳо ба назар мерасад.
Мурод Гадойбоев бар он назар аст, ки яке аз омилҳои асосии ин мушкил метавонад иқлими намноки Тоҷикистон бошад:
“Микобактерияҳои сил ба намнокӣ хеле устуворанд. Бинобар ин, дар минтақаҳое, ки иқлими намнок доранд, хатари сироят ва паҳншавии сил бештар аст. Ин масъала барои аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дахл дорад, аз ин рӯ хатари пайдоиши сил дар тамоми минтақа баланд аст”.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон афзоиши шумораи ҳолатҳои сабтшударо бо беҳтар шудани низоми ташхиси сил рабт медиҳад. Бархе расонаҳо бар ин назаранд, ки сабаби асосӣ сатҳи пасти зиндагӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, сатҳи камбизоатӣ дар соли 2023 ба поинтарин нишондоди таърихи истиқлолият расида, 21,2%-ро ташкил дод. Дар соли 2024 Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз зиёд шудани шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 115 адад, аз ҷумла 97 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ хабар дод. Инчунин, шумораи табибон 2% ва кормандони миёнаи тиббӣ 1,6% афзоиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тиб дар саросари кишвар нобаробар тақсим шудаанд. Таҳлили бозори меҳнат дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки зичии табибон дар Душанбе 5 маротиба бештар аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 3 маротиба бештар аз вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин нобаробарии тақсимоти табибон дар минтақаҳо бо сатҳи пасти фарогирии хизматрасониҳои тиббӣ иртиботи мустақим дорад.
Тибқи арзёбии Stop TB Partnership, зиёда аз 3 ҳазору 765 нафар дар Тоҷикистон ба табобати сил ниёз доранд, вале онро дарёфт карда наметавонанд. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон табобати бемории силро ройгон кафолат медиҳад, барои саркашӣ аз он ҷарима дар ҳаҷми то ~200 доллари ИМА (моддаи 119-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ) пешбинӣ шудааст.
То он даме, ки беш аз 3 ҳазор нафар бемор ташхис нагирифта ва бе табобат мемонанд, сил дар Тоҷикистон идома меёбад. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) шумораи одамонеро, ки эҳтимолан ба сил мубтало шудаанд, вале бинобар омилҳои гуногун аз назари низоми тандурустӣ дур мондаанд, тибқи моделҳои эпидемиологӣ ҳисоб мекунад. Масалан, бархе метавонанд пас аз сироятёбӣ ба Русия кӯчида бошанд, дигарон шояд бо стигматизатсия рӯбарӯ шуда ё имкони ташхиси тиббиро надошта бошанд.
Дар соли 2025 вазъияти сил дар Тоҷикистон эҳтимолан бадтар хоҳад шуд, зеро барномаҳои USAID, ки маблағгузории мубориза бо ин бемориро ба ӯҳда доштанд, қатъ мегарданд. USAID барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон миллионҳо доллар ҷудо карда буд ва соли 2023 барномаи нави панҷсолаи мубориза бо бемории сил ба маблағи 20 миллион доллари ИМА роҳандозӣ гардид. Вале айни ҳол татбиқи ин барнома боздошта шудааст.
20 январи соли 2025 Доналд Трамп дар доираи сиёсати “Аввал Амрико” фармонеро имзо кард, ки ҳамаи барномаҳои кӯмаки хориҷии ИМА, аз ҷумла фаъолияти USAID, мутаваққиф карда шаванд. Ин тасмим бо мухолифат доштани бисёре аз ин барномаҳо ба авлавиятҳои сиёсати хориҷии ИМА (таъмини амният, тақвияти нуфуз ва шукуфоии кишвар) ва инчунин истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои андозсупорандагон асоснок карда шудааст.
Ваксинаи нав барои мубориза бо сил кай дастрас хоҳад шуд?
Имрӯз муассиртарин роҳи пешгирии сил ваксинаи “БЦЖ” (Бацилла Калметта-Герена) мебошад. Он кӯдаконро аз шаклҳои вазнини ин беморӣ муҳофизат мекунад, аммо таъсири он дар пешгирии сироятёбии калонсолон ба сил чандон баланд нест.
Ҳадафи асосии ваксинаи “БЦЖ” дар синни хурдсолӣ пешгирии шаклҳои паҳншудаи сил, аз ҷумла сили устухон ва менингити силӣ дар кӯдакони то панҷсола аст. Гарчанде ки ин ваксина метавонад то андозае аз сироят муҳофизат кунад, вазифаи асосии он пешгирии оқибатҳои вазнин барои кӯдакони хурдсоли то панҷсола мебошад, зеро маҳз дар ҳамин синну сол онҳо осебпазиртар ҳастанд.
Таҳлилҳои васеъ ва натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки самаранокии “БЦЖ” дар пешгирии сили шуш дар калонсолон метавонад аз 0 то 80% тағйир ёбад. Ба таъсири ваксина омилҳои гуногун, аз ҷумла ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар таъсир мерасонанд. Муайян шудааст, ки ҳар қадар минтақа аз хатти истиво (экватор) дуртар бошад, самаранокии ваксинаи “БЦЖ” ҳамон қадар баландтар аст. Сабаби асосии ин фарқият дар гуногунии экологии микобактерияҳои ғайрисилӣ дар хок ва обҳои минтақаҳои тропикӣ мебошад. Ин микробактерияҳои табиӣ, ки дар наздикии истиво бештар мавҷуданд, метавонанд боиси аксуламали масунияти бадан шаванд ва самаранокии ваксинаи “БЦЖ”-ро коҳиш диҳанд.
Айни замон барои калонсолон ваксинаи махсусе бар зидди сил вуҷуд надорад. Бинобар ин, бо вуҷуди камбудиҳо, ваксинаи “БЦЖ” то чанд соли дигар яке аз василаҳои асосии мубориза бо сил боқӣ хоҳад монд. Илова бар ин, “БЦЖ” аз дигар бемориҳои марбут ба микобактерияҳо, ба мисли махав (лепра) ва захми (язва) Бурули низ ҳимоя мекунад ва сатҳи фавти кӯдаконро коҳиш медиҳад.
Пандемияи COVID-19 нишон дод, ки бо маблағгузории кофӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва содасозии раванди бюрократӣ мумкин аст сохтани ваксинаҳо суръат дода шавад. Барои расидан ба ҳадафи аз байн бурдани сил то соли 2030, ҳамасола 1,25 миллиард доллари ИМА барои таҳқиқот ва таҳияи ваксинаҳо лозим аст. Дар ҳамоиши сатҳи баланди СММ дар соли 2023, раҳбарони ҷаҳонӣ ӯҳдадор шуданд, ки то соли 2027 солона 5 миллиард доллар барои таҳқиқоти сил ҷудо намоянд ва то соли 2028 ҳадди аққал як ваксинаи нави зиддисилӣ таҳия ва татбиқ гардад.
Дар фарқ аз сироятҳои вирусӣ, муҳофизат аз сил бештар ба масунияти ҳуҷайравӣ (T-ҳуҷайраҳо ва макрофагҳо) вобаста аст, на ба антителаҳо. Аз ин рӯ, омӯзиши таъсири ваксинаи зиддисилӣ ниёз ба муддати тӯлонӣ дорад. Ҳоло дар ҷаҳон 26 ваксинаи нави зиддисилӣ таҳия шуда истодааст, ки 6-тои онҳо дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникӣ қарор доранд. Ин марҳила қадами ниҳоии озмоиш буда, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаро дар байни гурӯҳи васеи одамон месанҷад.
Агар Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) раванди баррасии ваксинаи нави зиддисилиро ба монанди ваксинаҳои COVID-19 суръат бахшад, эҳтимол аст, ки соли оянда ҷаҳон ваксинаи нав барои калонсолонро дастрас кунад. Аммо бо рафтани USAID – сармоягузори асосии мубориза бо сил дар Тоҷикистон дастрасии ройгон ба ин ваксина дар кишвар зери суол мемонад.
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон изҳор медорад, ки масъалаи хариди ваксинаҳо “мушкил нест”, муҳим он аст, ки мониторинги вазъ идома ёбад.
“Агар маблағгузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз як донор қатъ гардад, аз донори дигар кӯмак хоҳанд гирифт. Ин мушкил нест. Мушкил он аст, ки назорати эпидемиологӣ идома ёбад ва дорувориҳое, ки давлат мустақилона ё тавассути маблағҳои Фонди ҷаҳонӣ харидорӣ мекунад, ба миқдори кофӣ дастрас бошанд. Дархости навбатии мо барои соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми ду моҳи охир сатҳи гирифторӣ ба сил коҳиш наёфтааст, ки ин нишон медиҳад, мониторинг ва мубориза бо ин беморӣ идома дорад”, – мегӯяд Наврӯз Ҷафаров.
СУТ силро ба рӯйхати 24 патогени хатарноктарин шомил кардааст. Таҳияи ваксинаҳои муассир бар зидди ин патогенҳо метавонад талаботи ҷаҳониро ба антибиотикҳо 2,5 миллиард воя дар як сол кам кунад.
Агар инсоният истифодаи антибиотикҳоро беназорат идома диҳад, тахмин меравад, ки то соли 2050 антибиотикҳо дигар бар зидди бисёр микробҳо муассир нахоҳанд буд ва ин метавонад боиси марги 1,91 миллион нафар дар як сол гардад. Дар натиҷа, ҳатто сироятҳои одӣ метавонанд марговар шаванд. Ба ин мавзӯъ мақолаи навбатии Your.tj дар рубрикаи #доказательнаямедицина бахшида мешавад.
То чӣ андоза эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сирятӣ дар соли 2025 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?
Дар Тоҷикистон хатари паҳншавии баъзе бемориҳои сироятӣ боқӣ мемонад. Масалан, сатҳи нокофии эмгузаронӣ (камтар аз 95% кӯдакон) метавонад боиси паҳншавии сурхак ва кабудсулфа (коклюш) гардад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст ва дар он ҷо хуруҷи баъзе бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, эҳтимоли воридшавии бемориҳое чун ваборо афзоиш медиҳад. Ҳамзамон, эпидемиологҳо мавҷудияти манбаъҳои сиёҳзахм (сибирская язва) ва брутселлёзро (бемории сирояткунандаи ҳайвонот) дар манотиқи шимолии кишвар сабт мекунанд.
Илова бар ин, мушкилоти мавҷуда бо дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ, хусусан дар деҳот, метавонанд сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ шаванд. Тибқи тадқиқоти соли 2017, аз се ду ҳиссаи хонаводаҳо оби марказонидашуда надоранд ва 45% аҳолӣ аз манбаи оби бехатар истифода намебаранд.
Дар соли 2023 дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 30 ҳазору 601 ҳолати тасдиқшудаи сурхак сабт шуд, ки ин 3266% бештар аз соли 2022 аст. Дар Тоҷикистон дар соли 2023 барои сурхак ва сурхакон 2,5 миллион мояи ваксина дастрас шуд, ки метавонад нишондиҳандаи мавҷудияти холигӣ дар масуният бошад, хусусан дар байни кӯдакон, ки дар давраи пандемияи COVID-19 эмгузаронӣ нашуданд.

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон, дар соли 2024 зиёда аз 14 ҳазор ҳолати сироят сабт шуд ва аз оғози соли 2025 аллакай 230 ҳолати нави сурхак ба қайд гирифта шудааст. Ин метавонад хатари воридшавии бемории мазкур ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
“Вобаста ба ҳолати сироятёбӣ ба бемории сурхак вазъ чунин аст: мо мебинем, ки ҳолатҳои сироят аз кишварҳои ҳамсоя ва муҳоҷироне, ки ваксина нагирифтаанд, ворид мешаванд. Бар замми ин, вируси сурхак, ба мисли бисёре аз вирусҳо, тағйир меёбад ва намудҳои нав пайдо мешаванд. Бинобар ин, мо хуруҷҳои навро мебинем,- мегӯяд Мурод Гадойбоев. – Бояд дарк намуд, ки эмгузаронӣ 100% муҳофизат намекунад, вале дар ҳолати мубтало шудан, ваксина кӯмак мекунад, ки бемориро осонтар паси сар шавад”.
Аз моҳи июни соли 2024, бо сабаби хуруҷи вабо дар Афғонистон, ки дар соли 2023 ба “сатҳи хатарнок” расид, Тоҷикистон мониторинги сифати обро дар минтақаҳои марзии дарёи Панҷ ба роҳ монд. Тавре Наврӯз Ҷафаров қайд мекунад:
“Беморӣ минтақаҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ва ҳамчунин манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро фаро гирифт… Мо панҷ дарё дорем, ки аз марз мегузаранд. Дар ҳолати обхезиҳо ё ворид шудани оби канализатсионӣ аз деҳаҳои Афғонистон ба дарёҳо, эҳтимоли хуруҷи беморӣ пайдо мешавад”.
Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимол дар ин сол миқдори ҳолатҳои сироят ба сиёҳзахм ва брутселлёз дар кишвар афзоиш ёбад.
“Имсол мумкин аст, мо ба шимоли кишвар рафта, ҳолатҳои сироят ба сиёҳзахмро омӯзем. Дар тӯли ду сол, ҳолатҳои сироят ба сиёҳзахм дар шимол ба назар мерасанд, гарчанде ки марз бо Қирғизистон баста ва тиҷорат вуҷуд надошт. Вале молу гӯшт тавассути Узбекистон ворид мешаванд. Мо мушоҳида кардем, ки сиёҳзахм ҳам дар Қирғизистон, ҳам дар Узбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мо хавф дорем, ки миқдори ҳолатҳои гирифторӣ ба сиёҳзахм дар соли 2025 метавонад афзоиш ёбад. Ҳамчунин мушкилот бо брутселлёз дорем”,- мегӯяд Наврӯз Ҷафаров дар суҳбат бо Your.tj.
Агентии омор маълумот дар бораи брутселлёзро дар сомонааш нашр намекунад, вале Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ хабар додааст, ки 80 ҳолати сироят дар соли 2023 ва 102 ҳолати сироят ба сиёҳзахм дар соли 2024 сабт шудаанд.
Инчунин гуфта мешавад, ҳиссаи маблағгузории назорати ветеринарӣ барои хариди ваксинаҳо барои ҳайвонҳо он қадар калон нест, бинобар ин, имсол аллакай зиёдшавии ҳолатҳои сироят ба сиёҳзахм ва брутселлёз дар минтақаҳое, ки сатҳи ваксинасия паст аст, ошкор шудааст.
Хулосаҳо ва тавсияҳо
Дар солҳои 90-ум Тоҷикистон бо чанде аз чолишҳои ҷиддии эпидемиологӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани хуруҷи вабо, домана (тиф), сурхак, сил ва вараҷа рӯбарӯ шуд. Ин хуруҷҳо бо равандҳои муҳоҷират ва вайрон шудани низоми тандурустӣ алоқаманд буданд. Бо вуҷуди он ки ин ҳодисаҳо дар гузашта рӯй доданд, онҳо таъсири худро ба низоми тандурустӣ ва вазъияти эпидемиологии кишвар гузоштанд.
Маълумоти расмии ваксиназанӣ метавонад нодуруст бошад, ки ин ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, саривақт сабтином накардани кӯдакон дар поликлиникаҳо, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият рабт дорад. Бо вуҷуди нишондодҳои баланд оид ба фарогирии эмгузаронӣ, хуруҷҳои даврӣ ва бемориҳои сироятӣ нишон медиҳанд, ки масунияти ҷамъиятӣ коҳиш ёфтааст. Барои беҳтар кардани системаи сабти эмгузаронӣ ва боло бурдани эътимоди аҳолӣ ба ваксинаҳо, бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Сил то ҳол барои Точикистон, бо вуҷуди кӯмак байналмилалӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ, мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Тақсимоти нобаробари духтурон, стигматизатсияи беморӣ ва дастрасии маҳдуд ба кӯмакҳои тиббӣ мубориза бо силро душвор мекунад, ҳазорон бемор аз назари омори тиббӣ берун мемонанд.
Барои беҳтар кардани дастрасӣ ба кӯмакҳои тиббӣ, баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи сил ва мубориза бо стигматизатсия сармоягузориҳои иловагӣ лозим аст. Дар давраи буҳрони сиёсии ҷаҳонӣ, ҳукумати кишвар бояд манбаъҳои иловагии молиявиро барои мониторинг ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ ҷустуҷӯ кунад.
Тоҷикистон дар соли 2025 метавонад бо паҳншавии сиёҳзахм, брутселлёз, сурхак, кабудсулфа ва вабо рӯбарӯ шавад, ки ин ба сатҳи пасти фарогии эмгузаронӣ, сифат об ва ҳолати санитарӣ, ҳамчунин ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар рабт дорад.
Барои кам кардани хавфи эпидемияҳо, лозим аст, ки сатҳи эмгузаронӣ на камтар аз 95% нигоҳ дошта шавад, сифати об ва ҳолати санитарӣ беҳтар карда шавад (масалан, тавассути лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба “Беҳбуди таъминоти об ва ҳолати санитарӣ дар деҳот”) ва имкониятҳои соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ барои вокунишҳои зуд ба омодагии эпидемиявӣ тақвият дода шавад.
Ба ғайр аз чораҳое, ки дар сатҳи давлатӣ андешида мешаванд, ҳар як одам метавонад саҳми худро дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ гузорад:
Дар поликлиника сабтином кунед: Ин ба шумо ва кӯдаконатон имкон медиҳад, ки саривақт ёрии тиббӣ ва эмгузарониро дастрас намоед.
Ваксинаҳоро гиред: Ваксинагузаронӣ яке аз роҳҳои муассири муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ мебошад.
Қоидаҳои гигиениро риоя кунед: Мунтазам шустани дастон, истифодаи оби тоза ва пухтани дурусти хӯрок кӯмак мекунад, ки хавфи сироят коҳиш ёбад.
Аз вазъияти эпидемиологӣ огоҳ бошед: Хабарҳо ва тавсияҳои мақомоти тандурустиро пайгирӣ кунед. Танҳо ба маълумоти илмӣ ва муътамад такя кунед, ки онро, метавонед масалан, дар саҳифаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ пайдо намоед.
Ин матлаб бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории аудитория тавассути қиссаҳои муътамад” (CARAVAN), ки аз ҷониби Internews амалӣ мешавад, ба нашр расид. Масъулияти он пурра ба дӯши муаллиф аст ва нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупо ва Internews-ро инъикос намекунад.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо