Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:5915.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.
Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро имрӯз зимни суханронияш дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор дошта, аз сатҳи пасти татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот изҳори нигаронӣ кард.
Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи ӯ, мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.
Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ду масъули бахши молии нерӯгоҳи “Норак”-ро ба дуздии маоши кормандон муттаҳам кардааст. Ба иттилои расмӣ, тафтиш нишон додааст, ки ин афрод тавассути 38 корти пластикӣ 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маоши кормандони нерӯгоҳро аз худ кардаанд. Ба қавли манбаъ, аз зарари расида зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳоло ин ду нафар дар боздошт буда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Назари муттаҳамон ва ё наздиконашон ба айбнома маълум нест.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз Раиси амалкунандаи Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдер мулоқот кардааст. Президент гуфтааст, ки мо ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем, хабар додааст котиботи Раисиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд. Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карда шудааст.
Раиси пешини Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон ва бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон Мунаввар Мансурхоҷаев рӯзи 15 апрел дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Вай пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи "Тоҷикфилм" ба кор сар кард. Жанри мултипиликатсия ё филми аниматсионӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои ӯ дар поёни солҳои 70-уми садаи гузашта пайдо шуда, нахустин филми вай "Моҳии гулдор" дар соли 1981 барандаи ҷашнвораи синемои Иттиҳоди Шӯравӣ гашт.
Дар муддати кораш Мансурхоҷаев 8 филми мултипликатсионии тоҷикӣ ба навор гирифт. Вай иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синемо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳоио ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст.
Масъалаи мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳуриро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарияти Агентии бисёрҷабҳаи кафолати сармоягузорӣ, ки узви мустақили Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мебошад, баррасӣ карданд. Дар ҷаласаи онлайнӣ, энергетика, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, нақлиёт ҳамчун афзалиятҳои кишвар нишон дода шуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.
Вуруди сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 53% коҳиш ёфта, 428 миллион долларро ташкил дод. Соли гузашта сармоягузорони асосии кишвар Чин, Арабистони Саудӣ ва Филиппин буданд.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Луи Фей қарордоди татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, яъне сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамарро ба имзо расониданд, хабар медихад маркази матбуотии вазорат.
Тибки карордод ширкати чини ба сохтомони 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар, сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул машгул мешавад. Тибқи иттилои вазорати нақлиёт, буҷаи умумии ин кор каме бештар аз 178 миллион долларро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, қарзи Фонди ОПЕК ва ҳукумати кишвар маблағгузорӣ мешавад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 часов назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
3 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
3 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
4 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
6 дня назад