fbpx

Рустами Эмомалӣ аз худсариҳо дар заминдиҳию сохтмонҳо нигаронӣ кардааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Тоҷикистон содироти барқро 50 дарсад зиёд кард

Тоҷикистон дар се моҳи соли 2021 аз ҳисоби содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 9,7 миллион доллар фоида ба даст овардааст, иттилоъ додааст бахши энержии кишвар.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,08 дарсад ё 2,9 миллион доллар зиёдтар будааст. Барқ асосан ба Афғонистон содирот мешавад. Бояд қайд кард, ки истеҳсоли барқ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Фарқият 9,3 дарсадро ташкил додааст. Ҳамагӣ барқ беш аз 5 миллиард кВт/с тавлид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз моҳи январ расман лимити барқ ҷорӣ карда шудааст. Маҳдудиятҳои барқӣ дар деҳот, дар онҷо хонаҳои баландошёна нест ҷорӣ карда шудааст.

Дар Тоҷикистон нархи картошка якбора гарон шуд

Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон таваррум ба 3,3 дар сад баробар шуд, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Моҳи марти соли 2021 болоравии таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,8 дар садро ташкил дод. Ҳамин тавр, маҳсулоти хӯрока дар ин давра то 4,4 дар сад гарон шуданд, арзиши маҳсулоти ғайрихӯрока то 2,4 дар сад гарон гардид. Дар ҳамин ҳол, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ то 1,3 дар сад боло рафтанд. Бештар аз ҳама аз аввали сол картошка гарон шуд – арзиши он то 30 дар сад боло рафт.

Шакар ва равғани растаниву чарб 7,5 дар сад қимат шуданд. Ҳамчунин сабзавот дар умум 23, 4 дар сад гарон шудаву гӯшт 4,3 дар сад гарон шудааст. Бино бар иттилои Агентии омор, аз аввали ин сол аз маҳсулоти хӯрока ҳамчунин арзиши лимон – 17,1 дар сад, гӯшти гӯсфанд – 10,4 дар сад, равғани пахта – 9,2 дар сад боло рафт.

Рустами Эмомалӣ аз худсариҳо дар заминдиҳию сохтмонҳо нигаронӣ кардааст

Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо тағйир дод

Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи рӯзи 16 апрел аз он зикр кард, ки тибқи нақшаи генералӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди шаҳри Душанбе васеъ карда шуд.

Ӯ таваҷҷуҳи раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии ҷумҳуриро ба ҳолатҳои зиёди бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маҳалҳои аҳолинишин табдил ёфтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ин ҳудуд ҷалб кардааст. “Инчунин дар амалияи судӣ эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкии шахсоне, ки сохтмони худсарона анҷом додаанд, ҷой дорад”, – изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.

Раиси Маҷлиси миллӣ, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳое, ки ба татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ монеа мешаванд, дастур додааст.

Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз нақзи қонунҳо дар истифодаи замин дар ҳолест, ки қаблан аз ҳисоби заминҳои деҳоти “Чоряк­корон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Россия”, “Гулистон” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 7 ҳазору 659,25 гектар замин ҳамроҳ карда шуд.

Консерти ситораҳо ва ниммарафон. Ҷашни Рӯзи пойтахт

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе рӯзи 17 апрел ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр доир мегардад. Оғози чорабиниҳо дар ҳамаи боғҳо соати 10-и субҳ дар назар аст.

Ниммарафони байнулмилалӣ, ки маротибаи 11-ум дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, соати 9:00 аз маҷмааи Наврӯзгоҳ оғоз мегардад. Дар ниммарафон аз иштироки давандаҳо қариб аз 20 кишвари саросари дунё ва садҳо варзишгарони тоҷикистонӣ интизорӣ меравад. Шомгоҳон, соати 17:00 дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт консерти пуршукӯҳу шаҳомати устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Шӯрои уламо: Ваксина гирифтан рӯзаро намешиканад

Шӯрои уламои Тоҷикистон бори дигар бо даъвати рад накардани ваксиназанӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба аҳолии кишвар муроҷиат намуд.

Дар муроҷиати дар сомонаи расмии Шӯро нашршуда гуфта мешавад, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳар чизе, ки сабаби ислоҳи бадан бошад ва аз роҳи аслӣ, ки иборат аз ҳалқ ва бинӣ аст, вориди меъда шавад, рўзаро фосид месозад.

“Аммо дар ҳолати пеш омадани зарурат ва бартараф намудани хатар давоҳое, ки ба василаи сӯзандору дар бадан ворид мешаванд, агарчи сабаби ислоҳи бадан ҳастанд, вале чун аз ғайри роҳи аслӣ ба воситаи хун ба бадан дохил шудаанд, рўзаро намешикананд ва фиқҳи муосир низ ин матлабро таъйид мекунад”, – омадааст дар муроҷиатнома.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend