fbpx

Дар Тоҷикистон телевизиони “Илм ва табиат” корашро оғоз кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Ховар

Шавҳари зане, ки дар Панҷакент худу се фарзандашро овехта буд боздошт шуд

Додситонии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд шавҳари занеро, ки 10-уми апрел дар деҳаи Некнот худ ва се фарзандашро овехта буд боздошт карда, алаҳи ӯ парванда боз кардааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” як манба аз ин ниҳод хабар дод.

Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шариповаро додситонӣ ба нақзи моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ муттаҳам медонад, ки ин модда ҷинояти ба худкушӣ расониданро пешбинӣ мекунад. Баъди расонаӣ шудани ин фоҷиаи мудҳиш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ ин қазияро худкушӣ номида гуфта буд, ки қазия бар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ рух додааст.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳло Шарипова аввал се кӯдакаш Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро ва баъдан худашро ба дор овехта буд. Кӯдакон ҳамроҳ бо модарашон дар Душанбе ба хок супурда шуданд.

Телевизиони “Илм ва табиат” корашро оғоз кард

Шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон “Илм ва табиат” соати 11.30 имрӯз, 14-уми апрел корашро оғоз кард. Маросими расмии оғози кори ин шабака бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангиёну донишмандон сурат гирифт.

“Тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака дубляж ва нашр мешаванд ҳама ба забони тоҷикӣ мебошанд. Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва ҳамагонӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад”, – гуфтааст мудири шабака Зиннатулло Исмоилзода.

Барномаҳои “Арса” дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, “Арши илм” дар бораи нобиғаи илм, “Сайри Кайҳон” дар мавриди кайҳон ва нуҷум, “Чор унсур”, “Дар оғӯши табиат” ва “Дили санг” барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон бар ивази ним миллиард доллар сӯзишворӣ мехарад

Тоҷикистон нақша дорад соли ҷорӣ бар ивази 546 миллион доллар маводи сӯхт ворид кунад. Хабаргузории “Авеста” рӯзи 13-уми апрел навишт, аз ин миён 344 миллион доллар ба харидани 531 ҳазор тонна бензину солярка ва 202 миллион доллар барои овардани 442 ҳазор тонна гази моеъ пешбинӣ шудааст.

Дар ду моҳ ба кишвар ҳудуди 82 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид карда шудааст. Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия ва Қазоқистон мехарад. Моҳи гузашта нархи бензин дар Тоҷикистон башиддат боло рафта ҳатто боиси камчин гаштани он шуд. Феълан арзиши бензин аз 8 сомониву 80 дирам то 9 сомонист.

Суғд беҳтарин вилояти Тоҷикистон дониста шуд

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар пойтахт, Суғд вилояти беҳтарин дониста шуд. Манбаъ аз қавли Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, таъкид намудааст, ки озмуни ҷумҳуриявии гулҳо зери унвони “Сайри гули лола” бо амри Президент баргузор мешавад. Шоҳҷоизаи ин озмунро худи шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.

Солҳои охир дар шаҳри Душанбе теъдоди боғу гулгаштҳо, ки ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, мансабдорони алоҳида ва ҳукуматҳои вилоятҳо бунёд гардиданд, афзоиш ёфт.

Ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохта Қиёмиддин Чақалов даргузашт

Қиёмиддин Чақалов, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, даргузашт. Дар ин бора ҳамкорони ӯ субҳи 14-уми апрел хабар доданд. Ҳунарманди шинохта 76 сол дошт ва солҳои дароз дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард. Сабаби марги ӯ дақиқ нест.

Қиёмиддин Чақалов соли 1945 дар деҳаи Ҳуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Ин ҳунарманд дар театр тақрибан 50 нақш офаридааст ва қариб ҳамаашон мазҳакавӣ буданд.

Ноиби шаҳрдори Маскав аз нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт

Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори Маскав дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва масоили замину моликият, ба хабарнигорон дар бораи ифтитоҳи як маркази махсус дар Тоҷикистон гуфт.

Бо мақсади таъмини равобити мунтазам, маркази муҳоҷират аллакай дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кардааст, гуфт муовини раиси шаҳри Маскав. Вай афзуд, ки ҳамин дафтар дар Тоҷикистон низ фаъол хоҳад шуд.

Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Русия фаъолият хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки марказҳои муҳоҷират барои ҷалб ва ворид шудани нерӯи корӣ ба Русия заруранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend