Донишҷӯёне, ки ба сафи артиш мераванд, қисман ё пурра аз шартнома озод мешаванд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.

Акс аз сомонаи bankstoday.net

Наҷотдиҳандагони тоҷик дар 18 соат 31 ҷасадро аз зери харобаҳо дар Туркия баровардаанд

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон амалиётро дар яке аз қитъаҳои душвори оқибатҳои заминларза дар Туркия – Қаҳрамонмаръаш идома медиҳад.

Акс аз apnews.com

Шабонарӯзи гузашта дар муддати 18 соати амалиёти ҷустуҷӯ имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 31 ҷасадро дарёфт ва берун гирифтанд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Аз оғози корҳои наҷотбахшӣ ба гурӯҳи имдодгарони тоҷик муяссар шуд, ки 109 ҷасадро дарёфт ва берун гиранд. Дар ин муддат ба онҳо ҳамчунин муяссар шуд, ки аз зери тӯдаи оҳану хокпора одамони зиндаро наҷот диҳанд. Танҳо дар зарфи ду рӯз имдодгарони тоҷик се нафарро зинда наҷот доданд, ки ду нафарашон кӯдакони хурдсол мебошанд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар мавзеъҳои таърихии Қаҳрамонмаръаш қариб ягон бинои бутун боқӣ намондааст.

Тибқи маълумоти расмии ахир, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 37 ҳазор нафар расид.

Донишҷӯёне, ки ба сафи артиш мераванд, қисман ё пурра аз шартнома озод мешаванд

Дар ҳолати бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтани донишҷӯён дар назар аст, ки онҳо аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод карда шаванд. Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар ин бора зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ректор соли гузашта аз ДДХ беш аз 530 нафар донишҷӯ бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.

“Пас аз баргаштан дар навбати аввал мо онҳоро дар курсе, ки таҳсил мекарданд, барқарор мекунем ва имконият медиҳаем, ки саривақт баҳоҳояшонро гиранд.

Ҳозир мо нақша дорем. Агар он аз тарафи Шӯрои олимон қабул шавад, мехоҳем донишҷӯи ба хидмати ҳарбӣ рафтаро, агар тариқи шартномавӣ таҳсил кунад, аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод кунем”, – афзуд Аюб Усмонзода.

Бояд зикр кард, ки ДДХ калонтарин муассисаи таълимии Тоҷикистон дар шимоли кишвар буда, дар он беш аз 24 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Наздики 50 дарсади донишҷӯён дар ин донишгоҳ ба таври шартномавӣ мехонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27 – соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад. Даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳар сол аз набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, чанд соли охир мақомоти гуногуни кишвар барои ҷалби ҷавонон ба сафи артиш ҳар гуна имтиёзҳо, аз қабили додани замину курсҳои бозомӯзии ронандагӣ ва амсоли инро пешниҳод мекунанд. Аммо ин маротибаи аввал аст, ки ректори яке аз бузургтарин донишгоҳҳои кишвар пешниҳод дорад, барои хидмати ҳарбӣ дар пардохти маблағи шартнома имтиёз пешниҳод карда шавад.

Соли гузашта зиёда аз 28 ҳазор соҳибкор фаъолияташро қатъ карда, 1000 корхона барҳам хӯрдааст

Соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, “ҳамин қадари дигар соҳибкорон ба қайд гирифта шуданд”, вале аз ироаи омори мушаххас худдорӣ кард.

Номбурда афзуд, ки соли гузашта аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ  гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

“Чунки пешакӣ эҳтиёҷоту нархгузории бозор ва хафвҳои минбаъдаро ба назар намегиранд.  Дар аксари мавридҳо ба қайд мегиранд ва умуман фаъолияти соҳибкорӣ накарда, барҳам дода мешаванд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи соҳибкорон ҳамасола якчанд чорабинӣ мегузаронем. Соли гузашта зиёда аз 200 омӯзиш гузаронидем ва алфавити соҳибкориро фаҳмонидем”, – шарҳ дод Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.