Барои бақайдгирии симкортҳо як соли дигар муҳлат доданд

Беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.


Бақайдгирии симкортҳо дар Тоҷикистон

Навбатпойӣ барои бақайдгирии симкортҳо дар Тоҷикистон

Мақомот муҳлати бақайдгирии симкортҳоро як соли дигар дароз карданд. Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 – уми феврал иттилоъ дод.

Муҳлати аз нав ба қайд гирифтани симкортҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014 тибқи қарори ҳукумат рӯзи 15 – уми феврал бояд ба анҷом мерасид. Ширкатҳои мобилӣ аз қатъ кардани симкортҳои аз қайд нагузашта огоҳӣ дода буданд.

Вазир гуфт, баъди дастгирӣ ёфтан аз сӯи президент, муҳлати бақайдгирии симкортҳо боз як соли дигар дароз карда шуд.

Масъулини Хадамоти алоқа 30 – юми январи имсол гуфтанд, беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, “аз ду миллиону 15 ҳазор симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 882 ҳазораш фаъол ҳастанд”.

Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои кӯҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз карданд. Аз он сол то кунун борҳо мақомот ба шаҳрвандон муҳлат доданд, то ба шиносномаҳои шакли нав симкортҳояшонро сабт кунанд.

Бар асоси омори расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва танқидҳои зиёдеро дар пай дошт.

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.