fbpx

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов

Иллати марги ҳунарманд айни ҳол маълум нест.


-1
-1 points

Ҳунарпешаи театру синамои тоҷик Раҷаб Ҳусейнов, ки дар чандин намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои дохиливу хориҷӣ нақшофарӣ кардааст, дар синни 80-солагӣ, дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Чанде аз ҳамкоронаш рӯзи 26-уми март дар бораи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, вале иллаташро нагуфтанд.

Раҷаб Ҳусейнов Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, дар театри Лоҳутӣ ва Маяковскийи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ӯ унвони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дошт.

Раҷаб Ҳусейнов  тақрибан дар шаст намоишнома, аз ҷумла “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Сарбозони инқилоб” ва “Шаби охирини Суқрот”, нақш бозидааст.

Ҳунараш дар кино бештар зуҳур кардааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд.

“Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Субҳи Ганг”, “Гаравгонон”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” аз ҷумлаи филмҳое ҳастанд, ки ҳунарманд дар онҳо нақшҳои гуногунро офаридааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend