fbpx

Вақте нафаскашӣ душвор мешавад. Дар ҳолати ба бемории сил гирифтор шудан чиро донистан лозим?

Аломатҳо, ташхис, пешгирӣ ва табобати бемории сил.


2
2 points
Фото с сайта Радио Озоди

Имрӯз 24 – уми март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории  сил аст, мо дар бораи аломатҳо, навъ ва табобати ин беморӣ ва оиди он, ки чаро силро бо гӯшти сагу равғани хирс табобат кардан имкон надорад, нақл мекунем.

Сил бемории сироятӣ буда, ҳамасола 10 млн. нафар ба он гирифтор мешаванд ва наздики 1, 5 млн нафар аз ин беморӣ мефавтанд.  Тибқи маълумотҳои расмӣ танҳо дар соли 2020 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 758 нафар ба бемории сил гирифтор шудаанд.

Аломатҳои бемории сил чӣ гунаанд?

Аломатҳои маъмули бемории сили шуш ин сулфаи тӯлонӣ бо балғам, баъзан хунолуда, ки дар марҳилаҳои баъдӣ пайдо мешаванд, таби баланд, табларза, заифӣ, арақкунии шабона, кам шудани иштиҳо ва дар натиҷа хеле кам шудани вазн мебошанд.

Аз ҳама аломатҳои бадтарини ин бемори кам шудани иштиҳо ва вазн мебошад, ки бемор онро дер эҳсос мекнанд.

Мувофиқи маълумотҳо ҳар як нафари дуюм дар ҷаҳон бо чӯбчамикроби Кох (барангезандаи бемории сил) сироят меёбад, аммо на ҳар як шахси сироятёфта бемор мешавад.

Дар ҷисми солим, ки иммунитети қавӣ дорад, чӯбчамикроби Кох мемирад, зеро он хеле ҳассос аст ва ба шароити реаксияҳои муҳофизатии бадани инсон ба осонӣ мутобиқ мешавад. Дар ин ҳолат, боқимондаҳои бактерияҳои коркардшуда ба муҳити дохилӣ бароварда мешаванд. Дар ин ҳолат беморӣ инкишоф намеёбад.

Дар ҳолати иммунитети заиф микобактерияҳо дар баробари хун ба шуш, рӯдаҳо, гурдаҳо, устухонҳо ворид мешаванд ва дар он ҷо маркази беморӣ – сил инкишоф меёбад.

Гирифторшавӣ ба бемории сил ба шароити номусоид (стресс ва ҳаяҷони зиёд), инчунин ба хусусиятҳои фардии организми инсон (масалан, аз гурӯҳи хун ва синну соли бемор) вобаста аст. Аз рӯи синну сол ба бемории сил бештар ҷавонони аз 18 – 25 сола гирифтор мешаванд.

Агар дар худ аломатҳои бемории силро мушоҳида намоем сарввал чӣ кор кунем?

Албатта, ки сар аввал ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Сипас Шумо бояд ташхиси флюорографии шушҳо ё ин ки рентгени рақамиро гузаред. Агар дар расми шушҳои Шумо ягон аломати бемории сил дида шавад, Шуморо барои ташхиси балғам равон мекунанд.

Номи ташхисе, ки аз рӯи балғам диқиқан бемории сил будан ё набудани Шуморо муаян мекунад, GeneExpert мебошад. Дар баробари ин ташхиси дигаре низ бо номи “Проба Манту” мавҷуд аст, ки дар организми инсон будан ё набудани чӯбчамикроби Кохро дақиқ мекунад. Аммо мусбат баромадани натиҷаи ташхиси “Проба Манту” маънои онро надорад, ки Шумо беморед. Чун шахс метавонад бо чӯбчамикроби сил сироят ёбаду бемор нашавад.

Натиҷаи мусбати ташхиси Манту. Акс аз сомонаи s-voi.ru

Вале агар ҳам натиҷаи “Проба Манту” ва ҳам натиҷаи ташхисӣ балғам мусбӣ барояд, пас маълум мешавад, ки Шумо ба бемории сил гирифторед. Дар ҳолати танҳо “Проба Манту” мусбӣ баромадан, кӯдакони то 14 соларо, ки аъзои оилаашон ба бемории сил гирифтор шудаанд, бо доруҳои махсус табобат мекунанд.

Оё имкон дорад, ки бемории силро бо равғани хирсу гӯшти саг табобат кард?

Не тамоман имкон надорад. Бемории силро танҳо бо доруе, ки маҳ чӯбчамикробҳои ба организми одам воридшударо нобуд месозанд табобат кардан имкон дорад. Таҷрибаи чандинсола нишон додааст, ки бо усулҳои мардумӣ бемории силро табобат кардан ғайриимкон аст.

Барои ин мо метавонем мисоли воқеӣ аз ҳаёти нафаре, ки ба ин беморӣ гирифтор шудааст биёрем.

Соли гузашта як ҷавондухтар, ки ба бемории сил гирифтор шуда буд, ба мо чӣ тавр ба бемории сил гирифтор шудану шифо ёфтанашро нақл карда, буд. Тавре ӯ мегӯяд барояш истеъмоли равғану гӯшти саг, равғани суғур, равғани хирсро тавсия додаанд. Аммо ӯ танҳо доруеро, ки барои табобат аз маркази саломатӣ дастрас мекарт истеъмол намуда дар баробари ин хӯрокҳои серғизо низ истеъмол намудааст. Пас аз шаш моҳи истеъмоли доруҳо ҷавондухтар комилан сиҳат шудааст.

Пас доруро чӣ гуна дастрас кунем?

Пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхис, ки гирифтории Шуморо ба бемории сил тасдиқ мекунад. Шуморо аз рӯи сатҳи бемориатон ё дар беморхонаи бемориҳои сил бистарӣ мекунанд ё барои табобат ба хона равон мекунанд.

Шумо ҳар рӯз бояд рафта аз Маркази саломатӣ аз рӯи ҷои истиқомат доруҳоро ройгон дастрас намоед. Давомнокии табобат аз навъи беморӣ вобастагӣ. Агар Шумо ба сили дар баробари дору устувор гирифтор шуда бошед, пас табобат каме тӯл мекашад, шахсони ба ин навъи сил гирифтор шуда мудати 1, 5 – 2 сол табобат мегиранд. Агар Шумо ба сили дар баробари дору ҳассос гирифтор шуда бошед, пас табобат ҳамагӣ 6 моҳ идома меёбад.

Чӣ гуна метавон аз сироятшавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ дошт?

Шумо метавонед имрӯз дар ҳама ҷо ба бемории сил сироят ёбед: дар хона, дар зиёфат, дар ҷои кор, ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноти гирифтори сил ё ҳангоми хӯрдани хӯроки аз ҳайвоноти бемор, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дар мағоза, дар стадион. Ин беморӣ ба одамон дар ҳама синну сол, сарфи назар аз миллат ва табақаи иҷтимоӣ таъсир мерасонад.

Барои гирифтор нашудан ба бемории сил бояд қоидаҳои профилактикиро риоя кард

  • Ваксинзании ҳатмии кӯдакони 3-7-рӯза бо ваксинаи БЦЖ бо ваксинаи дуюм дар синни 7-солагӣ.
  • Кӯдакони то 17-сола бояд ҳар сол бояд проба Манту карда шаванд. Кӯдакони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол рентген кунанд.
  • Шумо бояд хуб ва мунтазам ғизо бихӯред. Дар рӯйхати хӯрокҳоятон ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой – гӯшт ё моҳӣ бошад.
  • Тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтан, кор ва истироҳатро дуруст танзим намоед, аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед, ба варзиш машғул шавед, бештар дар фазои тоза сайру гашт кунед.
  • Хона ва ҷои коратонро мунтазам тоза ва намнок кунед ва шамол диҳед.
  • Агар ягон аъзои оилаатон гирифтори бемории сил бошад, роҳҳои зиёде барои сироят кардан вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно карда, кӯшиш кунед, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо кунед ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия кунед. Беморони гирифтори шакли кушоди сил бояд дар беморхона бистарӣ карда шаванд.

 

Маслиҳат: Ҳангоми дар худ эҳсос кардани аломатҳои беморӣ дар зудтарин фурсат ба духтур муроҷиат кунед ва аз он, ки ба ин беморӣ гирифтор шудед ба даҳшат наафтед. Сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати табобати пурра шахс комилан шифо меебад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend