Ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ – қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ҷараён дорад. Намояндаи Тоҷикистон – Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг соҳиби медали тилло шуд.
Ба итилои манбаъ, Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия, дар даври дуюм муқобили ҷудокори фаронсавӣ ва дар чорякниҳоӣ рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро шикаст дода ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Гуфта мешавад, ки дар даври ниманиҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ карда ӯ ро бо се танбеҳ шикаст додааст.
Дар қувваозмоиии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори Ӯзбекистон, Қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон – Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ карда, пирӯз гаштааст.
Баробари дарёфти медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар хаҷми 2000 доллар шуд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Зимнан, имрӯз дар вазни -73кг ҷудокори дигари кишвар – Масъуди Аҳмадзод ҳунарнамоӣ мекунад. Оғози рақобатҳо – соати 21:30 бо вақти Душанбе.
Дар Қубодиён як муллои ҷинбарорро ба гумони “бадахлоқи ва дастдарозӣ ба занон” дастгир карданд
Дар ноҳияи Қубодиён як марди 80-соларо бо гумони “бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон” боздошт кардаанд.
Биноба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, сокини як деҳа дар Қубодиён худро ба мардум муллои ҷинбарор муаррифӣ карда, ба кирдорҳои шармовар даст мезадааст.
Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки марди 80-сола дар пайи шикояти як зани сокини ноҳияи Носири Хусрав боздошт шудааст. Зан гуфтааст, пирамард нисбати ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом дод.
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, мард бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи даво бахшидан занонро ба худ ҷалб ва ба онҳо пешниҳоди ҳамхобагӣ мекардааст. Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ин марди 80 сола нашр кардааст, ӯ мегӯяд, кораш нодуруст буд.
Нисбати ӯ барои иҷрои “ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ” бо модаи 142, қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар Қирғизистон як донишҷӯи тоҷикро хориҷ карданд
Додгоҳе дар Қирғизистон қарор содир кард, ки Исмоилхон Усмонов, донишҷӯ тоҷикистонӣ ба далели убури ғайриқонунии марз аз он кишвар ихроҷ шавад.
Сомонаи “Сводка” (АКИpress) менависад, бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми август Исмоилхон Усмонов, донишҷӯи 24-сола аз Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон гунаҳгор дониста шуд. Расонаҳо менависанд, Усмонов донишҷӯи риштаи дандонпизишкии факултаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин аст.
Бо сабаби эълони пандемияву таҳсили фосилавӣ ӯ рӯзи 7-уми апрели соли 2021 ба Тоҷикистон рафт. Охири он моҳ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низои мусаллаҳона рух дод ва ҳукумати Қирғизистон ба таври якҷониба марзашро баст.
Сентябри он сол дар донишгоҳ таҳсили ҳузурӣ барқарор шуд ва донишҷӯёнро ба идомаи хониш ба Бишкек даъват карданд, вале бо сабаби баста будани марз, донишҷӯи тоҷик натавонистааст аз сарҳад гузарад.
“Сводка” бо такя ба парвандаи додгоҳӣ мегӯяд, ки ин донишҷӯи соли охири донишгоҳ бо мақсади идомаи таҳсилу супурдани имтиҳонҳо дар шароити баста будани марз моҳи январи соли 2022 “ғайриқонунӣ” вориди Қирғизистон шудааст.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳолатҳоро эътироф карда гуфтааст, ки “ба хотири хатми донишгоҳ маҷбур шуд ба ин кор равад”.
Додгоҳ дар қарори рӯзи 5-уми августаш шаҳрванди Тоҷикистонро барои “убури ғайриқонунии сарҳади Қирғизистон” айбдор ва ӯро ба пардохти 80 ҳазор сом (963 доллар) вазифадор кард. Бо қарори додгоҳ, баъди пардохти ҷарима ин шаҳрванд бояд ба ватан ихроҷ шавад. Вале маълум нест, ки акнун таҳсили ин ҷавон дар донишгоҳ чӣ мешавад ва то куҷо ӯ метавонад бозбинии ҳукмро талаб кунад.
Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ҳам беш аз 900 км марз доранду беш аз нисфаш ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, охири апрели соли 2021 шоҳиди муноқишаи пурхушунати мусаллаҳона гардид, ки дар натиҷаи он аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар рӯй додани ин муноқиша айбдор карданд. Баъди ин робитаҳои сиёсиву иҷтимоии ду ҳамсоя якбора бад шуд.
Баъди ним соли баста шудани сарҳади Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр Бишкек гуфт, ки нуқтаҳои мушаххаси марзӣ барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёну омӯзгорон боз мешавад.
Вале мақомоти вазорати маориф ва вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷикистонии муассисаҳои олии Қирғизистон машварат доданд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд, чун ҳолатҳои монеагузории сунъӣ ба таҳсилу ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҷой дорад.
Ба маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон, соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Бишкек, Ботканд ва Ӯши Қирғизистон 1932 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд. Маълум нест чӣ миқдори ин донишҷӯҳо тавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд.
Дар соли хониши 2020-2021 дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Б.Н.Елтсин 79 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекард. Ба иттилои ин муассисаи олӣ, дар маҷмӯъ, ин донишгоҳро “500 мутахассиси соҳаҳои гуногун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” хатм кардаанд.
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Ашраф Ғанӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии ABN гуфтааст, ки “бар асоси қонуни асосӣ раисҷумҳур будам, то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор кунанд, раисҷумҳур ҳастам. Ходими мардум будам ва ҳеҷ вақт муттакӣ ба унвонҳо набудам”.
Ҳамчунин, Ашраф Ғанӣ раванди сулҳро, ки Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон роҳбарӣ мекард, интиқод карда, гуфтааст “ба ин шакл, ки музокирот роҳбарӣ шуд, аз нигоҳи таҷрибаи байнулмилалии паймонҳои сулҳ фоҷеа аст” ва илова кардааст “Халилзод бо тарҳҳо ва корҳои худ ҳамаи қишри сиёсии Афғонистонро тақсим карда буд”.
Ашраф Ғанӣ дар ин мусоҳиба аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси вақти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ интиқод карда, ӯро “масъули адами таҳкими ҷумҳурият” номидааст.
Инчунин, Ашраф Ғанӣ оид ба як соли давлатдории Толибон сухан карда, гуфтааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари феълии Толибон қудрат ва салоҳияти Мулло Муҳаммад Умар, бунёдгузори гурӯҳи Толибонро надорад.
Шакли комили мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ як соат баъд аз он мунташир шуд, ки Идораи бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузориши ниҳоии худ оид ба ҳақиқат ё дурӯғ будани дуздии миллионҳо доллар аз сӯйи раисҷумҳури собиқи Афғонистон навишт, ки Ашраф Ғанӣ аз 56 саволи ироагардида ҳамагӣ ба панҷ савол посух дода, онро тавассути вакилони дифоъаш ба SIGAR пешниҳод кардааст.