Субҳи имрӯз, 17-уми декабр Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як хабар гуфт, ду ронандаи автомобилҳои “Range Rover” ва “Toyota” дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда барои дидаву дониста роҳ надодан ба мошини Ёрии таъҷилӣ дастгир карда шуданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар Тоҷикистон ин яке аз мавзуҳои доғ аст, ки сари ҳар чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Якуним сол пеш, 9-уми июли соли 2023 бо иштироки мошини Ёрии таъҷилӣ дар яке аз кӯчаҳои Душанбе садама рух дод. Он рӯз Ёрии таъҷилӣ бо автомашинаи сабукрав ва баъдан ба симчӯби канори роҳ бархӯрда буд. Корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ронандагон аксар вақт ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” роҳ намедиҳанд.
Your.tj ин мавзӯро пайгирӣ карда, омилҳо ва роҳҳои ҳалли ин мушкилро ҷуста буд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Мушкили ҷиддӣ аст”
Раҳимҷон Раҳимов муовини директори Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, роҳ надодани мошинҳои шахсӣ ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ мушкили доғ аст. Ба гуфтаи ӯ ронандаҳое низ ҳастанд, ки қоидаро риоя мекунанд ва роҳ медиҳанд.
“Солҳои пеш роҳ надодан ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бештар ба назар мерасид. Ҳоло то як дараҷа вазъ беҳтар шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар шаҳр зиёд аст ҳолатҳое, ки ба нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” роҳ намедиҳанд. Ин монеа мешавад барои саривақт нарасидан ба назди бемор”,- афзуд ӯ.
Раҳимов қайд кард, ки ин гуна ҳолатҳо бояд аз тарафи хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ муайян карда шавад. Ӯ гуфт, ки оиди муҷозоти чунин қоидавайронкуниҳо маълумот надорад.
Қонун чӣ мегӯяд?
Дар ҳамин ҳол полковники милитсияи Раёсати БДА Ҳасанзода Саидмуъмин қайд намуд, ки барои роҳ надодан ба нақлиёти ҳолатҳои фавқулода, ба мисли “Ёрии таъҷилӣ”, хадамоти оташфишонӣ мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ ин мошинҳо ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ ҳатто ҳангоми сурх будани чароғак гузаранд, ба шарте, ки садодиҳандаҳои огоҳкунанда (сирена)-и онҳо фаъол бошад ва ронанда мутмаин бошад, ки ҳангоми убур ҳолати садамавиро ба миён намеорад.
“Дар ҳолати роҳ надодан ба “Ёрии таъҷилӣ” ронандагон тибқи моддаҳои 318 ва 326-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳатто агар чароғак сурх бошад ҳам, “Ёрии таъҷилӣ” ва ё дигар нақлиёти хадамоти ҳолатҳои фавқулода ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ бо фаъол кардани сигнали сирена онро гузаранд”,- қайд намуд Ҳасанзода.
Моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон “барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта” ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Тибқи моддаи 326-и ин Кодекс низ “барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ногаҳон ба тағйир додани суръат, самти ҳаракат ё андешидани дигар чораҳо барои таъмини бехатарии худ ё дигарон маҷбур намуда, ба пайдоиши ҳолати садамавӣ мусоидат менамояд”, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.
Шаҳодатномаҳои “харидашуда” ва қоидавайронкуниҳо
Ронандагони нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ”-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ низ аз бетартибӣ ва қоидавайронкуниҳои ронандагон дар роҳҳои пойтахт шикоят карда, гуфтанд, ба назди бемор дар вақти муайяншуда расида рафтан ниҳоят мушкил аст.
“Дар як навор дидам, ки корвони мошинҳои президенти Туркия дар роҳ мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро роҳ дод. Дар мо чӣ? Аз як тараф ҳар лаҳза занг зада мегӯянд, тезтар оед, аҳволи бемор вазнин аст, аз тарафи дигар мо роҳ намеёбем, ки ба назди бемор фавран ҳозир шавем. Баъзе ронандагон ҳатто муқобили ҳаракат мебароянд, роҳ додан як тараф истад.
Дур намеравем, аз ҳамин марказ то назди истгоҳи “Садбарг”-ро бинед. Аз он тамбаи нақлиёт то мегузарӣ, ки мумкин аст беморро аз даст диҳӣ. Нашавад, ки муқобили ҳаракат мошин биронӣ. Нав чор моҳ мешавад, ки ронанди “Ёрии таъҷилӣ” ҳастам, вале аллакай дилмондаву хаста шудам”,- шикоят кард яке аз ронандагон.
Ба ақидаи онҳо аксари ронандагоне, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро роҳ намедиҳанд, шаҳодатномаи ронандагиро бо пул харидаанд ва шумораашон ниҳоят зиёд аст. Ронандаи дигари “Ёрии таъҷилӣ” гуфт, ки сабабгори асосии тамбашавӣ дар назди “Садбарг” хатсайрҳои шаҳри Ваҳдат ва таксиҳо мебошанд.
“Онҳо ҳатто аз кормандони сершумори БДА, ки дар ин минтақа зиёд меистанд, ҳарос надоранд. Чун медонанд бо андак пул онҳоро “розӣ” карда мешавад, дар куҷое хоҳанд меистанд. Нозирони роҳ низ онҳоро ба ҳолашон мегузоранд”,- афзуд ӯ.
Дар фаъолияти кормандон ҳолатҳое низ кам набудаанд, ки бемор то расидани “Ёрии таъҷилӣ” фавтидааст.
“Мо бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки ҳарчи зудтар ба назди бемор расида, ёрӣ расонем. Вале монеаҳо ба кори мо ниҳоят зиёданд. Дар баъзе кӯчаҳо дар ду тарафи роҳ автомашинаҳои шахсӣ таваққуф кардаанд, даромадгоҳи баъзе биноҳо монеаҳо дорад, шохи дарахтон низ барои ҳаракат халал мерасонанд. Шуданд ҳолатҳое, ки ҳангоми ҳаракат ба шохи дарахтон бархӯрда, сирена шикаст ё аз кор монд”,- афзуд ронандаи дигар.
Роҳ надодан ба “Ёрии таъҷилӣ” чӣ пайомад дорад?
Ба гуфтаи Раҳимҷон Раҳимов ҳайати “Ёрии таъҷилӣ” дар муддати на беш аз 4 дақиқа баъд аз қабули даъват бояд омодаи сафар шаванд. Ба назди бемор бошад, мувофиқи таҳлилҳо вобаста ба масофаи роҳ то 12-13 дақиқа ҳозир шудан лозим аст. Вале монеаҳои роҳ ё роҳ надодани ронандагони автомобилҳои шахсӣ сабаб мешавад, ки аз вақти муайяншуда дер кунанд.
“Дар ҳолатҳои садамаи нақлиётӣ, сӯхтор, заҳролудшавӣ ва ё дигар ҳолатҳои фавқулода аз сабаби дер кардани “Ёрии таъҷилӣ” шаҳрвандон худашон кӯшиш мекунанд, ки ба шахси зарардида ёрии аввали тиббӣ расонанд. Вале аксар вақт надонистани қоидаҳои расонидани ёрии аввал боис мегардад, ки аҳволи бемор вазнинтар шавад ё зарари бештар бинад”,- зикр кард Раҳимов.
Ӯ гуфт, ки ба масофаҳои нисбатан дур, ба мисоли атрофи Боғи ба номи устод С.Айнӣ дар вақти муайяншуда расидани “Ёрии таъҷилӣ” ғайриимкон аст. Зеро дар ин роҳ ғайр аз 21 чароғаки роҳ тамбашавии нақлиёт ва роҳ надодани ронандагон мушкили ниҳоят ҷиддӣ аст.
“Дар баъзе кишварҳо барои нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” ва дигар хадамоти ҳолатҳои фавқулода хати алоҳидаи роҳ мавҷуд аст, ки онҳо бе монеа ҳаракат мекунанд. Шояд дар мо ҳам ҳамин гуна хати роҳ ба вуҷуд ояд”,- илова кард ӯ.
Your.tj