fbpx

Дар Суғд барои “ҷалб”-и ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ “волидайнашонро “асир” мегиранд”

Мухтасари хабарҳои рӯз.


3
3 points
Даъвати ҳарбӣ дар тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

Аз болои пул сарозер шудани як автомобил ва оташ гирифтани автомобили дигар дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе як автомобили хидматрасонии такси аз болои пули ба роҳи мошингарди поёни он сарозер шуд. Дар натиҷа мусофири такси ҷароҳат бардошт.

Ҳодиса як рӯз пеш, рӯҳзи 28 ноябр рух додааст. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, автомашинаи «КИА-Рио» таҳти идораи Ҳалимов Хуршед Идибекович панҷараи оҳанини пули мошингузарро пахш карда, ба роҳи мошингарди поёни он сарозер шудааст.

Дар садамаи такси духтари 18-сола ҷароҳат бардошт.
Акс: Коллажи АП. Таксие, ки аз болои пул сарозер шуд.

Қисмҳои порашудаи панҷараи оҳанин ба болои як автобуси мусофирбари зери пул афтода, ба он зарар расонидааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса як мусофири 18-солаи таксии “КИА-Рио” ҷароҳат бардоштааст.

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса дар яке аз кӯчаҳои пойтахт автомобили тамғаи “Хундай” таҳти идораи шаҳрванд Султонбой Раҳматзода, сокини 32-солаи Душанбе оташ гирифта буд.

Оташе, ки автомобилро пурра фаро гирифта буд, аз ҷониби сӯхторнишонҳо ва шаҳрвандон хомӯш карда шуд. Хушбахтона, дар ин ҳодиса касе зарар нарасидааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқи мошин будааст, хабар медиҳанд ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Суди Олӣ ҳукми зиндони хушдомани Манораро ду сол кам кард

Суди олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Файзободро нисбати Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд, бозбинӣ карда, муҳлати ҳукмро 2 сол кам кард. Наздикони Манора аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.
Ҷасади Манора моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуда буд.

Бибикалон Назирова бо қисми 2-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, рӯзи 1-уми ноябр бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Файзобод 7 сол равонаи зиндон шуда буд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора бо  тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳукми Суди олӣ, имрӯз, 29 –уми ноябр, содир шуд ва акнун, дар асоси ин ҳукм Бибикалон Назирова 5 сол дар зиндон мемонад.

Ӯ гуфт, онҳо аз ин ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳӣ – назоратӣ шикоят хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор дар додгоҳи зиндаи болоӣ низ талаб кард, ки ҳукми суд бетағйир гузошта шавад.

Назари наздикони Бибикалон Назирова дар бораи ҳукми Додгоҳи олӣ маълум нест ва ҳамин тавр аниқ нест, ки онҳо аз қарори зинаи болоии додгоҳ розианд ё не.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисобида буд.

Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.

Дар Суғд барои “ҷалб”-и ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ “волидайнашонро “асир” мегиранд”

То анҷоми маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар кишвар ҳамагӣ як рӯз боқӣ мондааст. Вале сокинони бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд шикоят доранд, ки мақомот волидайни даъватшавандагонро “асир” гирифта, аз онҳо “талаб мекунанд, ки фарзандашонро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргардонида, ба артиш фиристанд”.

То 15 ноябр дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 72 дарсадро ташкил дода буд.
Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

Волидайни даъватшавандаҳо нигаронӣ мекунанд, ки мақомот онҳоро то замоне, ки писарашон барнагарданд ва ё чиптаи ҳавопаймои хешро пешниҳод накунад, дар бинои комиссариатҳои ҳарбӣ ё шуъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ медоранд.

Як сокини шаҳри Исфара ба шарти пинҳон мондани номаш ба далели бехатарӣ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, мақомот рӯзи 25-уми ноябр ӯро “асир” гирифтаанд ва то замони нусхаи чиптаи ҳавопаймояшро аз Русия ирсол кардани писараш, ӯро ҷавоб надодаанд.

Тавре манбаъ гуфтааст, субҳи рӯзи ҷумъаи 25-уми ноябр, нозири минтақавӣ ӯро ба Комиссарити ҳарбии ноҳияи Исфара бурдааст, ки он ҷо шахсан раиси шаҳр Баҳовиддин Баҳодурзода, комиссари ҳарбӣ ва чанд аъзои комиссияи даъвати ҳарбӣ ҳузур доштанд ва аз ӯ дархост карданд, ки фарзандашро аз Русия баргардонида, ба артиш фиристад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, писараш дар яке аз шаҳрҳои Русия ба ҳайси аспирант таҳсил мекунад.

“Вақте гуфтам, фарзандам дар Русия таҳсил мекунад, гуфтанд, тибқи қонунгузории нави кишвар донишҷӯён низ ба артиш мераванд. Вақте фаҳмиданд, ки ман соҳибкори инфиродиам, ба сардори Нозироти андози шаҳри Исфара занг зада гуфтанд, ки чунин соҳибкор аз андоз қарздор аст ё не. Сардори нозирот гуфт, қарздор аст. Гуфтанд, ҷарима кунед. Ҳамин тариқ, ба шабакаҳои барқ занг заданд ва дархост карданд, ки барқи хонаи маро қатъ кунанд”, – баён доштааст ин шаҳрванд.

Ба гуфтаи вай, фишори мақомот дар ҳолест, ки писари калониаш бо хоҳиши худ ариза навишта, ба хизмат рафтааст.

Ба ӯ то 29-уми ноябр вақт додаанд, агар писараш аз Русия барнагардад, ниҳодҳои масъул нисбаташ чораҷӯӣ мекунад.

“Аз донишгоҳе, ки писарам таҳсил мекунад, иҷозат надодаанд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Гуфтанд, ё хориҷ мекунем ва ё таҳсилро идома медиҳӣ. Дар чунин вазъ писарам наметавонад донишгоҳро тарк карда, биёяд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Дар ҳамин ҳол аз Коммисариати ҳарбии шаҳри Исфара “асир” гирифтани волидайни даъватшавандаҳоро рад карда, гуфтаанд, чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад.

Алиҷон Ниёзов, комиссари ҳарбии шаҳри Исфара дар суҳбат иброз доштааст, ки онҳо тибқи талаботи қонун даъватномаро ба волидайни даъватшавандаҳо месупоранд ва ба падару модари онҳо кор надоранд.

“Ин гапҳо асос надорад, бовар накунед, биёед ба чашми худатон бинед. Мо касеро маҷбур накардем, ки фарзандашро баргардонида ба хизмат равон кунад. Вақте ба Комиссариати ҳарбӣ меоянд, мо талаботи қонун ва вазъи имрӯзаро мефаҳмонем, фарзандонашонро худашон оварда истодаанд”, – гуфтааст Алиҷон Ниёзов.

Ба гуфтаи номбурда, онҳо ба даъватшавандаҳое, ки дар хориҷи кишвар кору таҳсил мекунанд, эҳтиёҷ надоранд ва даъватшавандаҳое, ки дар дохил ҳастанд, барои иҷрои нақшаи даъват басанда аст.

Дар ҳоле, ки то анҷоми маъракаи даъвати ҳарбӣ як рӯзи дигар боқӣ мондааст, нақшаи даъват дар шаҳри Исфара, тибқи иттилои комиссар, 90 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти ҳукумати Исфара гуфтанд, чунин бархӯрд бо волидайни даъватшавандаҳо дар шаҳр ба қайд гирифта нушудааст ва дар сурати муроҷиати расмӣ онҳо омодаанд, ки онро баррасӣ ва чораҷӯӣ кунанд.

Шикоятҳо аз “асир” гирифтани наздикони даъватшавандагон на танҳо аз шаҳри Исфара, инчунин, аз дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ шунида мешавад.

Чанде пештар хабарҳое нашр шуд, ки сокинони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент  шикоят намудаанд, ки мақомоти ин минтақа чанд рӯз боз  сокинонеро, ки писарашон дар Русия  дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки боздоштҳо тақрибан аз 20 ноябр оғоз ёфт ва дар байни як ҳафта тақрибан 15 нафар аз сокинони деҳаҳои гуногуни шаҳр, асосан падарони ҷавонони синну соли даъватиро бурда, дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент маҳкам кардаанд. Ба онҳо амр додаанд, то ба фарзандони худ дар Русия занг зада, аз боздошти худ хабар бидиҳанд ва фарзандонашонро маҷбур кунанд, ки баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ бираванд.

“Асир” гирифтани волидайни ҷавонони синни даъватӣ дар ҳолест, ки то анҷоми нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар 1 рӯз боқӣ мондааст ва сокинон мегӯянд, ки сабаби чунин бархӯрд, то ҳол иҷро нашудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии  вилояти Суғд аст. То 15 ноябр дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 72 дарсадро ташкил дода буд.

Чунин ба назар мерасад, ки ин шеваи “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ мавҷуданд. Чанде пештар сокинони маҳаллаи Дилбарии ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониёни Хатлон низ шикоят карда буданд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд.

Ҳамасола, бо шуруи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол ин чиз тақрибан ба гӯш намерасид.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

57 миллион доллари як ширкати чинӣ барои бунёди роҳ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 57 миллион доллар барои бунёди бештар аз 50 километр роҳ дар кишвар бо як ширкати чинӣ ва қарордод имзо кардааст.

Ширкати чинӣ чаҳор қитъаи роҳи фарсудаву ноҳамвор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хистеварз ва Конибодомро таъмиру бозсозӣ мекунад
Акс аз манбаъҳои озод.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, қарордод бо ширкати “Чайна Рейлвей Вуҷу” рӯзи 25-уми ноябр имзо шуд. Роҳро дар вилояти Суғд месозанд.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, ширкати чинӣ чаҳор қитъаи роҳи фарсудаву ноҳамвор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хистеварз ва Конибодомро таъмиру бозсозӣ мекунад.

“Дар доираи тарҳ дар вилоят 11 пули нав бо дарозии 444 метр сохта мешавад,” – гуфтаанд дар эъломия.

Ба ихтиёри Чин супурдани тарҳҳои бузурги сохтмонӣ солҳои охир мояи нигаронӣ аз пойбандии сахти Тоҷикистон ба ин ҳамсоякишвари азимашро зиёд кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend