Дар шаш моҳи охир 486 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа фавтидаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


тобути муҳоҷири тоҷик

Акс аз сомонаи Азия плюс

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Имрӯз, 23 август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчуби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад,ки ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сарони кишварҳо барои идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд.

Марги 486 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа

Дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 486 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус Русия, фавтидаанд.

Ин омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 149 маврид бештар.

Мақомот сабаби марги шаҳрвандонро “беморӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва омилҳои дигар” арзёбӣ мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, барои овардани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан мадад хоҳанд кард.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, худи онҳо пул ҷамъ карда, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Даргирӣ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон. Боздошти 24 марзшикан

Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқкард ва гуфт, 24 марзшикани афғонро боздошт кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарёи ин кишвар як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳо ба ҷазираи мазкур омадаанд.

“Вақте гурӯҳи марзбонон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд. Дар пайи амалиёти махсус 24 нафар боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад”, – зикр гардидааст дар иттилоия.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа зиёд мерӯяд.

Таъкид мегардад, ки айни ҳол ҷазираи марзии Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё таҳти назорати Нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон қарор дорад.

Қаблан Толибон* низ рух додани чунин ҳодисаро дар марзи Афғонистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карда, гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳаводиси нохуш дар марзи ин ду кишвар набуда, қаблан аз ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон чандин мушак партоб шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 155 млн доллар даромад гирифтанд

Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ (беш аз 155 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 даромад қариб 16% (218 млн сомонӣ) афзудааст.

Даромади оператори миллии алоқаи ҷумҳурӣ – “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 7 моҳи соли равон 4,9% афзуда, 97,7 млн сомониро ташкил доданд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи кишвар дар ин давра 94,3%-ро ташкил дод.

Шумори корбарони Интернет то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 3,5 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,4 млн нафарро ташкил дод, ки 5,5 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта бори навбатӣ истифодаи беҳад зиёди телефонҳои мобилиро аз ҷониби аҳолӣ мавриди интиқод қарор дод.

Дар паём зикр гардид, ки “тайи 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аҳолии кишвар 30 млдр сомонӣ маблағ харҷ кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар аст, – иброз дошт ӯ. – Ин пули кам нест. Бо ин маблағ мо сохтмони неругоҳи Роғунро ба охир расонида метавонистем”.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки аҳолии кишвар ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ба муштариёне, ки то 15 феврал симкортҳояшонро бо ID-шиносномаҳо ба қайд нагирифтанд, бояд қатъ мешуд.

Лекин 12 феврал ҳукумат ба қарори худ тағйирот ворид намуда, мувофиқи он, муҳлати дубора ба қайд гирифтан то 15 феврали соли 2023 дароз шуд.