Нахустин конфронси бонувони журналисти Осиёи Марказӣ

Бонувони журналист рӯзномаи гендерӣ дар ВАО, нақши технологияҳои рақамӣ дар тағйири ҳуқуқҳои асосӣ ва меъёрҳои ахлоқиро баррасӣ карданд.


Конфронси аввалини “Занон аз ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда” дар Душанбе

Рӯзи 3 май дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот нахустин конфронси занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Занон аз ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор шуд.

Конфронсро Эътилофи миллии занони журналисти Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ташкил карданд.

Дар он ҳудуди 80 нафар намояндагони ВАО-и Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон (онлайнӣ), намояндагони корпусҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Тавре иштирокчиёни конфронс қайд карданд, вазъи озодии ВАО дар Осиёи Марказӣ боиси нигаронии рӯзноманигорон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ шудааст.

“Бояд эътироф кунем, ки дар минтақаи мо чолишҳо вуҷуд доранд ва рӯзноманигорон ҳамчунон бо таҳдидҳо рӯбарӯ мешаванд. Вазъ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Журналистон дар сабти ном ва дастрасии иттилоот бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Натоиҷи таҳқиқоти СММ аз бад шудани вазъ дар расонаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳукуматдоронро ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии худ даъват мекунад. Вазъият дар дигар мамлакатҳои минтақа низ хуб нест.

Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо қасд доранд, дар таъсиси шуъбаи матбуот дар вазоратҳо кумак ва пуштибонӣ кунанд. Ин метавонад ба фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои ВАО ва ҳамчунин шароити мусоид барои фаъолияти онҳо мусоидат кунад”, – гуфт Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Конфронс аз се муҳокимаи панелӣ иборат буд, ки дар рафти он иштирокчиён рӯзномаи гендерӣ дар ВАО, аҳамияти саводнокии ВАО ва нақши технологияҳои рақамӣ дар тағйири ҳуқуқҳои асосӣ ва меъёрҳои ахлоқиро баррасӣ карданд.

Аз ҷониби иштирокчиён лоиҳаҳои шавқовар пешниҳод шуда, фикру мубодилаи афкор, таҷриба ва роҳҳои гуногуни ҳалли проблемаҳои умумӣ баён гардид. Ҳамчунин, рӯзноманигорони Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон (онлайнӣ) Меморандум дар бораи таъсиси Эътилофи занони журналист дар Осиёи Марказиро имзо карданд.

Имзои Меморандуи дар бораи таъсиси Эътилофи занони журналист дар Осиёи Марказӣ

Занони рӯзноманигор аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ шахсан, инчунин расонаҳо ва созмонҳои расонаӣ метавонанд ба он шомил шаванд.

Эътилофи занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ ба табодули мунтазами иттилоот ва таҷрибаи пешқадам дар шаклҳои мухталифе, ки барои аъзои эътилоф қулай аст, мусоидат хоҳад кард. Он ҳамчунин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои муштарак тибқи стратегия ва нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда амалӣ карда шаванд. Эътилоф метавонад аз тариқи изҳороти муштарак, лоиҳаҳо ва шаклҳои дигар аз фаъолияти созмонҳои шарик пуштибонӣ кунад, мегӯянд созмондиҳандагон.

Дар чорабинӣ бисёр андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои муфид садо доданд.

Ба гуфтаи созмондиҳандаи конфронс, Гулнора Амиршоева, раиси ЭБЖТ, занон ба мушкилоту бӯҳронҳое, ки солҳои ахир расонаҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст, беҳтар мутобиқ мешаванд.

“Бале, занҳо устувортар, суботкору боматонат, тавонотар ва бо эҳсоси амиқ ба ҳар ҳодисае ҳастанд, аз ин рӯ мо бояд кори занони рӯзноманигорро дар ВАО қадр кунем, эҳтиром намоем ва ҳавасманд гардонем”, – гуфт Амиршоева.

Ба гуфтаи Гулим Амирхонова, коршиноси расонаӣ аз шаҳри Алмаато (Қазоқистон), имрӯз расонаҳо аҳамияти худро аз даст медиҳанд. Танҳо дар ҳолатҳои вазнин шунавандагон ба ВАО муроҷиат мекунанд, зеро медонанд, ки дар он ҷо ҳама чизро ба онҳо шарҳ медиҳанд. Аммо дар вазъияти камтар фишороваранда, ба назар мерасад, ки ВАО талабот надоранд. Сабаби ин сензура, худсензура, тиҷоратикунонӣ ва ғайра мебошад.

“Пайваста аз ҳамкасбонам аз кишварҳои гуногун мешунавам, ки гоҳе баъзе мавзӯъҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро сарфи назар кардан лозим аст, зеро онҳо фоида намеоранд ва имкони пардохти музди кори рӯзноманигорон вуҷуд надорад. Аммо имрӯз чунин суханронии муҳиме садо дод, ки бояд кӯшиш кунем, аз рӯи баъзе лоиҳаҳои тиҷоратӣ пул кор карда, ин соҳаро рушд диҳем, то бо истифода аз даромад масъалаҳои иҷтимоӣ маблағгузорӣ карда шавад.

Гулим Амирхонова

Масъалаи дигари муҳим ин аст, ки ин мавзӯъро чӣ гуна бояд инъикос кард, баъзе мавзӯъҳои кӯҳнашударо чӣ гуна бояд дубора ба одамон расонд. Бояд ғояҳои навро татбиқ кунем, тафаккури худро тағйир диҳем, натанҳо навгониҳои техникиро қабул кунем, балки дар асоси шавқу завқи одамон дар платформаҳои гуногун, аз қабили Facebook, WhatsApp, TikTok ислоҳоти дуруст ворид кунем. Одамон метавонанд маълумотро бо тарзҳои гуногун истифода кунанд”, – гуфт Гулим.

Дар ин конфронс сафири ИМА Мануэл Микаллер бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки рӯзноманигорони зиндонӣ Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом ва Улфатхоним Мамадшоеваро озод кунад.

Чорабинӣ бо супоридани ҷоизаҳои Эътилофи миллии бонувони журналисти Тоҷикистон анҷом ёфт. Ҷоизаҳо дар се бахш – барои беҳтарин маводи радиоӣ, маводи видеоӣ ва беҳтарин мавод дар нашрияҳои интернетӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамин тариқ, барои беҳтарин маводи радиоӣ Дилафрӯзхон Расулӣ (Радиои Суғд) ҷои сеюмро касб кард. Дар ин номинатсия дигар ҷойҳо набуданд.

Саида Раҳимова (Ҷаҳоннамо) сазовори ҷои сеюм барои беҳтарин маводи видеоӣ шуд. Ду рӯзноманигор аз вилояти Суғд – Фарзона Муродӣ ва Фарзона Шамсиева ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар ин номинатсия номзад ба ҷои якум набуд.

Барои беҳтарин матолиб дар нашрияҳои интернетӣ ҷои сеюмро Нодираи Собирзод (барои мавод дар Your.tj) ва Меҳрангез Султонзода (Азия-Плюс) гирифтанд.

Ҷойҳои дуюм насиби Мавзуна Муҳаммадалӣ (“Илм ва ҳаёт”) ва Алия Ҳамидуллина (“Азия-Плюс”) гардид. Ҷои аввал дар ин номинатсия насиби Меҳрангез Турсунзода гардид (Your.tj).

Соли ҷорӣ бори аввал ҷоиза барои саҳм дар рушди журналистикаи мустақил дар Осиёи Марказӣ дода шуд. Ҷамила Маричева аз Қазоқистон ба он сазовор дониста шуд.

Туҳфаи асосии озмун – Ҷоизаи Бӯринисо Бердиева барои саҳмгузорӣ дар рушди рӯзноманигорӣ, насиби сардабири нашрияи Your.tj Зебо Тоҷибоева гардид.