fbpx

Дар Душанбе як мардро барои таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ боздошт карданд расонидааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Акс аз сомонаи Спутник

Дар Душанбе як занро барои фолбинӣ ҷарима карданд

Дар шаҳри Душанбе Шамсия Гадоеваи 56-сола барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ 2 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима шуд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони милитсия дар ҷараёни амалиёт ин занро боздошт намудаанд, ки худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул будааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Зикр мешавад, ки  машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад, лекин мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.

Дар Душанбе як усто духтари соҳибхонаро таҷовуз карда ба қатл расонидааст

Кормандони ВКД – и Душанбе як сокини пойтахтро бо ҷурми таҷовуз ва қатли духтари ноболиғ дастгир карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Тавре дар рафти тафтишот маълум шудааст, боздоштшуда ин ҷиноятро рӯзи 28 феврал содир кардааст, ҷасади духтарро бошад рӯзи 9 – уми март бо аломатҳои марги маҷбури аз байни кӯрпаҳо дар яке аз хонаҳои истиқоматии пойтахт пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки соҳибхона ӯро ба ҳайси усто даъват карда, мебоист ин мард манзилро таъмир намояд. Ин мард оворагард (бомж) будааст ва бо модари духтари кушта шуда робита доштааст.  Мард пас аз оғози корҳои таъмири дар ин хона бо худ ин духтарро меорад ӯ низ бо модараш бе хона будаанд.

Аммо пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, гумонбаршуда ин духтари ноболиғро, ки дар ҳуҷраи дигар хоб будааст таҷовуз мекунад ва сипас барои рӯпуш намудани ҷинояташ духтарро буғӣ карда мекушад ва байни курпаву курпача пинҳон намуда, фирор мекунад.

Нисбати боздоштшуда тибқи моддаи 104 қисми 2 – и КҶ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мувофиқи ин модда гумонбарро аз 15 – 25 сол ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон президентҳои нави Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористонро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористон барқия табрикӣ ирсол намуд.

Дар барқияи табрикӣ ба президенти Арманистон Ваагн Хачатурян таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки муносибатҳо миёни кишварҳо минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл ин кишварро аз ҷумлаи шарикони муҳими кишвар дар арсаи байналмилалӣ номид.

“Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем”, – омадааст дар барқияи табрикӣ.

Дар барқияи табрикӣ ба президенти Маҷористон (Венгрия) Каталин Ева Верешне-Новак манфиатдории Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо ин кишвар изҳор шудааст.

“Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд”, – зикр мегардад дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои ин кишварҳо сиҳатмандиву саодат ва комёбиҳо дар фаъолияташон ва ба мардуми ин давлатҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу кард.

Кормандони КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт аз сангреза дар ВМКБ захмӣ шуданд

Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатарҳои лағзиши тарма ва омадани селу резиши сангро боқӣ гузоштааст.

Хатари бештар дар роҳҳои Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Душанбе – Айнӣ ҳис мешавад.

Ба ин тариқ, шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тарма ва омадани сел, инчунин 2 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.

Бар асари резиши санг дар километри 449-уми шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур мекунад, се нафар – кормандони шӯъбаҳои ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон захмӣ шуданд. Дар айни замон ин се нафар дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд ва корҳои поксозии роҳ аз сангу сангреза идома дорад.

Ҳамчунин, дар километри 223-юми шоҳроҳи Душанбе-Лахш, дар наздикии шаҳраки Обчаки ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса касе зарар надидааст, паёмадҳои сангрезӣ бартараф шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави деҳаи Пошори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як хона пурра ва як хона қисман хароб шудааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Барои муайян кардани мизони зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.

Рӯзи 16 мартдар километри 354-уми шоҳроҳи Дарвоз-Хоруғ омадани сел боиси баста шудани роҳ гардид. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Дар Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷиши соҳибкорон мораторий эълон шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 март “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” фармон ба имзо расонид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин иқдом “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо” амалӣ мешавад.

Муҳлати мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 муқаррар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.

Дар шарҳи фармон гуфта мешавад, мувофиқи фармони мазкур Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад.

Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.

Зикр мегардад, ки Прокуратураи генералӣ назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкурро амалӣ менамояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend