fbpx

Чӣ тавр муҳоҷирони тоҷик дар Русия нонпазӣ мекунанд

Онҳоро ваъи кунунии Русияву Украина нигарон кардааст


2
2 points
Акси марбут аз сомонаи otyrar.kz

Ду зодаи Тоҷикистон, ки дар ватан нонвойхонаи худро доштанд, баъди ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, дар Русия нонвойхонаҳои худро кушодаанд. Яке наздики 20 сол ва дигаре 3 сол мешавад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби нонпазӣ зиндагиашонро пеш мебаранд.

Муаллифи Your.tj бо онҳо дар хусуси фаъолият ва ҳаёти рӯзмарраашон дар шароити имрӯзаи  Русия суҳбат кард.

Зиёда аз 20 соли нонвоӣ дар Русия 

Маҳмудҷон Қодиров 50 сол дорад ва аз айёми кӯдакӣ ба нонпазӣ машғул буд. Ӯ зодаи шаҳри Конибодом асту то синни 30 – солагӣ дар Тоҷикистон нонпазӣ кардааст. Пасон, аз сабаби кам шудани даромад барои дарёфти музди хуб ба Русия меравад.

“Ман ҳанӯз 20 сол доштам, ки ба нонпазӣ шурӯъ кардам дар Тоҷикистон тӯли 10 сол бо ҳамин кор машғул шуда, зиндагиро пеш мебурдам. Ин касб барои хонаводаи мо меросӣ аст, ба ман ин касбро падарам омӯзонда буданд”, – нақл мекунад, Маҳмудҷон Қодиров.

Қаҳрамони мо бо аҳли оилааш ба муҳоҷират омаадааст, пас аз чанд моҳи ҷустуҷӯ, кори барояш мувофиқро пайдо мекунад. Ӯро пас аз санҷиш дар яке аз нонвойхонаҳои шаҳри Толятти ба кор қабул мекунанд.

“Дар аввал ба як нонвойхонаи шаҳр барои ҷойи кор сар задам. Хушбахтона, ба онҳо нонпаз лозим будааст. Гуфтанд, ки “марҳамат, ҳунари нонпазиатро нишон деҳ, агар тавонӣ корро давом медиҳӣ!”.

Ман шарти онҳоро қабул карда, 2 танӯр нонро пухта ҳунарамро нишон додам, писандашон омад. Ҳамирн тариқ, инак, зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар шаҳри Толятти нонпаз ҳастам”, – мегӯяд, Маҳмудҷон Қодиров.

 

Акс аз бойгонии шахсии Маҳмудҷон Қодиров

Таъсиси нонвойхонаи шахсӣ

Қаҳрамони мо пас аз чанд соли корӣ дар он нонвойхона тасмим гирифтаааст, ки корро дар алоҳидагӣ пеш барад. Аз ин рӯ,  бо ҳамроҳии ҳамсараш ҷоеро иҷора гирифта, мустақилона ба пухтани нон сар кардаанд.

“Ман мехостам, ки мустақилона кор кунам. Барои ҳамин нонвойхонаи худро кушодам. То ҳол бо ҳамсарам бо якдигарфаҳмӣ дар нонвойхонаи таъсисдодаамон кор мекунем. Писарҳоямон баъди дарсу корҳояшон ба мо ёрӣ медиҳанд.

Мо танҳо як намуд  нони оддӣ мепазем, ки 25 рубл нарх дорад. Харидорони нонҳои мо, асосан,  тоҷикону ӯзбекон, тоторҳо ва русҳо низ мебошанд. Ростӣ, боре ҳам муштариён аз кори мо норозигӣ баёнт накардаанд”, – нақл мекунад, Маҳмудҷони нонпаз.

Ба нақли ӯ, ҳоло корашон хуб асту даромадашон низ бад нест. Аммо дар қатори дигарон онҳоро низ ҳодисаҳои ахир (ҷанги Русияву Украина) нигарон кардааст.

“Ҳодисаҳои охир моро бисёр нороҳат кардааст. Оянда барои мо муҳоҷирон зиндагию кор чӣ хел мешавад номаълум аст. Имрӯз қимматии сӯзишвории нақлиёт, қисмҳои эҳтиётии он, иҷораи гарони моҳонаи нонвойхона ва паст рафтани қурби рубли русӣ мушкилии асосии мост.

Вақте қурби ҳазор рубл то ба 90 сомонӣ фаромад, мо хеле ғамгин шудем, чун бо ин гуна қурб барои пайвандонам пул фиристодан комилан бар зарари мо буд. Ман мехоҳам ва орзум мекунам, ки ҳарчӣ тезтар оромию арзонӣ шавад, чун алакай қисми зиёди ҳамватанони мо бекор монда истодаанд”, – мегӯяд, Маҳмудҷон Қодиров.

Ба гуфти ӯ, агар вазъ ҳамин тавр идома ёбаду муҳоҷирон бекор монда як-як ба ватан баргарданд, кори онҳо низ пеш намеравад, чун қисми зиёди харидорони онҳо муҳоҷиронанд.

Нони тоҷикӣ дар Маскав

Набиҷон  Раҳматов, низ нонпаз аст, ӯ 45 сол дорад. Раҳматов дар Хуҷанд дар яке аз  оилаҳои маъруфи  нонвойчӣ таваллуд шудааст. Бобою бобокалони вай нонпазҳои номӣ будаанд. Набиҷон ва   додаронаш низ касби аҷдодиро интихоб кардаанд. То имрӯз онҳо бо ҳамин касб рӯз мегузаронанд.

Ӯ маҷбур мешавад, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагиаш пешаи нонпазиро тарк карда ба Русия равад. Ӯ розӣ буд, дар аввал дилхоҳ кореро, ки маблағи хуб дорад, иҷро кунад.

“Вақте аввалин бор ба  Русия омадам ҷойе наёфтам, ки нонвойӣ кунам. Аз ин рӯ, ноилоҷ  ба кори  сохтмон рафтам. Қариб як сол сохтмончӣ шуда кор кардам. Маоши кам ва дер-дер додани он аз тарафи корфармо сабаб шуд, ки кори сохтмонро бас кунам.

Соли 2008 аз сабаби ноомадии кор  ба Тоҷикистон баргаштам.  Бо оилаи худ дӯкони алоҳидаи новоӣ кушодаму чанд соли дигар бо ёрии ҳамсару додарам нонвоӣ кардам”, – нақл мекунад, Набиҷон Раҳматов.

Муҳоҷират пас аз пандемия

Барои амалӣ кардани чанд нақшаҳои муҳими хонаводагӣ зарурат пеш меояд, ки Набиҷон Раҳматов боз ба Русия равад. Ин навбат бахти қаҳрамони мо омад мекунаду аз рӯи касбаш кор пайдо мекунад.

“Аввал дар  шаҳрҳои Тюмен ва  Красноярск кор кардам. Пасон имконият шуд, ки бо талаб ва ёрии чанде аз дӯстон дар худи маркази Маскав нонпазӣ кунам. Алҳол, кори дӯстдоштаамро дар ҳамин нонвойхона, ки дар “Метро котельники” ҷойгир аст, давом дода истодаам”, – мегӯяд, Набиҷон Раҳамтов.

Акс аз бойгонии шахсии Набиҷон Раҳматов

Чиптаи парвоз ва патенти корӣ бо қарзи бонкӣ   

Набиҷон хавотир аст, ки боз қурби рубл паст меравад. Ӯ ба он бовар аст, ки идома додани кор дар Русия барои ӯ барин муҳоҷироне, ки нонвойӣ ва дигар кори истеҳсолӣ мекунанд, ба қурби рубл бастагӣ дорад.

“Ман  аз як  бонки Тоҷикисон барои харидани билети парвоз ва гирифтани патент қарз гирифта омада будам. Аз ин хотир,  соф кардани қарзи бонкӣ бо чунин қурби паст ба ман душвории бештар меорад.

Шукр, ки чанде пеш боз қурб каме боло рафт. Мо фақат умед мебандем, ки тезтар шароит хуб шавад.  Шояд ин моҳ ва боз моҳи оянда низ бо миқдори камтари пул моҳонаро ба бонк супорем”, – тахмин мекунад, нонпази тоҷик.

Тавре Набиҷон Раҳматов мегӯяд, нақшаҳояш хеле зиёд аст. Агар Худо тинҷиро насиб гардонад, ӯ ба писари хурдияш хона хариданист. Вай мисли дигар муҳоҷирон бовар дорад, ки Русия ва Украина ба наздикӣ ором мешаванд ва  бе мушкилӣ боз корро давом дода медиҳанд.

Файзуллохон Обидов 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend