Содир Ҷабборов:”Мо якпорчагии Тоҷикистони ҳамсояро эҳтиром мекунем.”
Дар гуфтушунид оид ба таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешрафт ҳаст, аммо масоили марбут ба мавзеъҳои баҳснок “то ҳол мушкил боқӣ мемонад”. Ҳалли онҳо “эҳтиёткорӣ, таҳаммулпазирӣ ва пайдарпайӣ”-ро талаб мекунад, изҳор доштааст президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар муроҷиати худ ба шаҳрвандон ба хотири ёдбуди шаҳрвандоне, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон рӯзи 27 апрели соли 2021 ҳалок шуданд.
“Ҳодисаҳои ҷаҳон нишон доданд, ки масъалаҳои марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо тавассути муколамаи сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шаванд. Раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ахиран зимни сафараш ба вилояти Суғд низ изҳор дошт, ки манфиатдор аст, ки масъалаҳои марзӣ бо ҷониби Қирғизистон танҳо бо роҳи музокироти сулҳомез ҳал шавад”, – таъкид кардааст Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон итминон додааст, ки дар ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ манофеъи миллии мардуми қирғизро ба назар гирифта, ба манофеи Тоҷикистони ҳамсоя арҷ мегузорад.
“Мо манфиат ва якпорчагии давлати ҳамсояро эҳтиром мекунем. Барои ин иродаи сиёсии ман басанда аст. Дар баробари ин, мо ба амалҳои иғвогарона дода нашуда, зуҳуроти номатлубро дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ мекунем ва худдориро пеша карда, амнияти миллиро таҳким мебахшем”, – гуфтааст ӯ.
Ҷабборов ёдовар шудааст, ки соли гузашта бори нахуст бо маблағҳои буҷети давлатӣ таҷҳизоти муосири низомӣ харидорӣ шуда, барои муҷаҳҳазсозии Хадамоти марзбонии Қирғизистон сарф шудааст.
“Кор дар ин самт идома меёбад”, – илова намудааст Ҷабборов.
Ӯ зикр кардааст, ки пас аз муноқиша дар вилояти Бодканд ба ҷойи хонаҳои сӯхташуда 140 манзили нав ва барои 36 оилаи дар ҷараёни задухӯрдҳои фавтида хона сохта шуд.
Дар Душанбе ҷасади як ҷавондухтарро аз зери пул ёфтаанд
Мақомот дар Тоҷикистон марги мармузи Амина Мухторова, донишҷӯйи 17-солаи Коллеҷи техникии Душанберо таҳқиқ доранд. Ҷасади ӯро шоми 25-уми апрел аз зери пули роҳи Душанбе-Бохтар, дар канори деҳаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ, ёфтаанд. Мақомот эҳтимоли аз рӯйи пул афтодани ӯро месанҷанд, наздиконаш шубҳа доранд.
Сафармоҳ Комилова, модари Амина, рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза пеш аз ҳодиса бо духтараш тамос дошт. Ӯ афзуд, он шом духтараш аз донишгоҳ ба хонаи иҷораашон ба деҳаи Заркамар бармегашт, вале ногаҳон нопадид шуд.
“Лаҳза ба лаҳза ба зангҳо посух медод ва хаттӣ ҳаракаташро бароям мегуфт. Наздикии шом буд. Наомад. Дигар ба зангҳо ҷавоб надод. Касе телефонро хомӯш мекард. Дертар як нафар гӯширо бардошта, гуфт, ки духтаратон дар беморхона аст. Рафтем, ки духтарам фавтидааст,” – нақл кард ӯ.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шоми 25-уми апрел сокинон ба онҳо занг задаанд, ки як духтар аз пул афтодааст. Як манбаъ аз ниҳод гуфт, маводи ибтидоиро ба додситонии ноҳия супурданд.
“Маълум нест, ки ӯ худашро партофтааст ё дар моҳи Рамазон сараш чарх зада афтодааст. Шоҳидон афтиданашро дидаанд. Прокуратура тафтиш дорад, вале ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ гуфта нашудааст,” — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мавзуъро шарҳ надоданд.
Пуле, ки ҷасади духтарро аз зери он ёфтаанд, тақрибан 8-10 метр баландӣ дорад. Аз онҷо об намегузарад.
Сафармоҳ Комилова ба фарзияи афтодан ё худашро партофтани духтараш бовар надорад ва мегӯяд, “ба ҷуз аз миён, дигар дар ҳеч ҷойи бадани ӯ осеб дида намешуд.”
“Он рӯз хеле хурсанд буд. Ҳатто вақте шом занг мезадем, дар садояш ягон хастагӣ эҳсос намешуд. Барои мо муаммо аст, ки чаро се соат пас ба зангҳои мо дар телефони духтарамон посух доданд. Ҳарчанд ҳамон лаҳза ӯро бо телефонаш пайдо карда буданд,” — гуфт хонум Комилова.
Хонаводаи Амина аз деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб ҳастанд, аммо як сол боз дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷоранишин будаанд. Модари Амина мегӯяд, ба хотири таҳсили духтараш ба ҷойи наздиктар ба макони таҳсили ӯ кӯчида буданд.
8 соат тӯл кашидааст. Дар Тоҷикистон бори нахуст як ҷарроҳии нодири саратон анҷом дода шуд
Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон аз бори нахуст анҷом шудани як ҷарроҳии нодир ва мушкиле дар бахши саратоншиносӣ дар кишвар хабар медиҳад.
Ба навиштаи сайти ин мактаби олӣ, устодони кафедраи саратоншиносӣ, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии ин донишгоҳ, нахустин бор дар Тоҷикистон чарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд.
Ин ҷарроҳӣ, чанд рӯз қабл аз сӯйи мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра бо усули ҳибридӣ бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудаст.
Ба навиштаи пойгоҳ ҷарроҳии мазкур 8 соат давом карда ва дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.
Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст 34 сол дошта, як сол қабл бо ишқор сӯхтани сурхрӯда ба Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда будааст ва тибқи ташхис ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта ва стеноз гардида будаанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳолати ин бемор хуб буда, гуфта мешавад зери назорати пурраи табибон қарор дорад.
Ду қулларо дар ВМКБ Миршакару Муъмин Қаноат номгузорӣ мекунанд
Ҳукуматдорони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон азм доранд ду қуллаи баландро дар ин вилоят ба ифтихори шоирони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ва Мирсаид Миршакар номгузорӣ кунанд. Дар ин бора аз ҳукумати ВМКБ хабар медиҳанд.
5 майи имсол аз таваллуди Мирсаид Миршакар 110 ва 20 май аз таваллуди Муъмин Қаноат 90 сол мегузарад.
Пешниҳоди ба номи ин ду Шоири халқии Тоҷикистон ва зодаи Бадахшон гузоштани ду қуллаи баланд дар ҷаласаи Пажуҳишгоҳ илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров аз сӯйи рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ ба раиси вилоят Алишер Мирзонабот пешниҳод шудааст.
Ғолиб Ниятбеков, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, гуфт, ки раис пешниҳодро қабул кард. Барои мувофиқа ба ниҳодҳои масъул пешниҳодро манзур карданд. Акнун ин масъала бояд дар ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ шавад.
Манбаъи мо гуфт, ҳоло маълум нест, ки кадом қуллаҳо ба номи ин ду шоири хушном гузошта мешвад ва инро маҷлиси вакилони халқи вилоят маълум хоҳад кард.
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар Фейсбук аз номгузорӣ шудани ду қулла ба номи ин ду шоир истиқбол карда аз номи раиси иттиҳодия ба раиси ВМКБ изҳори сипос кардааст.
Ӯ навиштааст, ки “ин навид тамоми қаламкашони мамлакатро хурсанд карда, далели боризи қадршиносии роҳбари тозатаъйини вилоят аз фарзандони баруманди ин сарзамини бостонии тоҷикон мебошад”.
Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хадамоти шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.