fbpx

Дар давраи “лимит” Тоҷикистон ба хориҷа чӣ қадар барқ мефурӯшад?

Тирамоҳу зимистони панҷ соли охир Тоҷикистон ба маблағи қариб 140 миллион доллар барқ содир кардааст.


2
2 points
Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон
Акси марбута

Ҳамасола бо оғози фасли баҳор ва гарм шудани ҳаво дар Тоҷикистон “лимит” ё маҳдудияти барқ бардошта мешуд, аммо то имрӯз сокинони минтақаҳои гуногун аз хомӯш шудани барқ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби маҳдудиятро камшавии сатҳи об дар обанборҳо мегӯянд. Аммо сокинон шикоят доранд, ки дар ин давраи мушкил, ҳукумат ҳаққи онҳо – барқро ба хориҷа мефурӯшад. Мо ҳисоб кардем, ки дар тирамоҳу зимистони панҷ соли охир Тоҷикистон ба хориҷа чӣ қадар барқ фурӯхтааст?

Омори содироти моҳонаи барқ бо кВт-с дастрас нест, аммо Агентии омор дар ҳисоботи ҳармоҳа ҳаҷми барқи фурӯхташударо бо доллари ИМА нишон медиҳад. Мо омори панҷсолаи агентиро таҳлил кардем.

Тибқи ҳисоби омори расмӣ, дар давраи тирамоҳу зимистони (моҳҳои сентябр – апрел) панҷ соли охир (2017 – 2022) Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 139 миллиону 159 ҳазору 700 доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Таҳлил нишон медиҳад, ки содироти барқ аз кишвар сол ба сол зиёд мешавад. Агар дар давраи тирамоҳу зимистони 2017 – 2018 ба маблағи беш аз 20 млн доллар барқ содир шуда бошад, дар ҳамин давраи 2021-2022 миқдори рекордии барқ – ба маблағи 38 млн доллар фурӯхта шудааст.

Соли 2022 дар Тоҷикистон миқдории рекордии барқ – 21,3 млрд кВт/с истеҳсол шудааст.Танҳо дар 6 моҳи давраи тирамоҳу зимистони 2022-2023 Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 30 млн доллар барқ фурӯхтааст. Нишондоди мазкур афзояндагии содиротро нишон медиҳад ва имкон дорад то охири давра аз нишондоди соли гузашта ҳам зиёдтар шавад.

 

Ҳаҷми бештари барқи фурӯхташуда дар давраи “лимит” ба моҳҳои сентябр ва апрел рост меояд. Масалан, дар моҳи сентябри соли 2021 ба маблағи қариб 17 млн доллар ва дар моҳи апрели соли 2022 зиёда аз 7 млн доллар барқ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст. Моҳи сентябри соли 2022 бошад, содироти барқ ба 17,1 млн доллар баробар будааст.

 

Дар ҳамин ҳол раҳбарияти “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки бар асоси қарордодҳои имзошуда нерӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон “танҳо ба хотири бехатарии хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизот” ба Афғонистон ба миқдори кам интиқол дода мешавад.

Дар ҳақиқат Тоҷикистон дар чормоҳаи баҳору тобистони (моҳҳои май – август) панҷ соли охир нисбат ба давраи тирамоҳу зимистон 2 баробар зиёд – ба маблағи 277 миллиону 932 ҳазор доллар барқ фурӯхтааст.

Тоҷикистон асосан ба ду кишвари ҳамсоя – Афғонистон ва Узбекистон барқ содир мекунад.

Дар асоси шартномаи дуҷонибае, ки соли 2008 бо Афғонистон  ба имзо расидааст, ҳамасола арзиши барқи содиротӣ ба ин кишвар 3% боло бурда мешавад. Дар соли 2021 ин кишвар ба ҳар як киловатт нерӯи барқ 3 сентӣ аз рӯйи хати барқи 110 киловолта ва 4,5 сентӣ аз рӯйи хати барқи 220 киловолта пардохт мекард.

“Барқи тоҷик” ахиран зимистони имсол содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ тасдиқ намуда, сабабашро омодагӣ барои пайвастшавӣ ба Системаи ягонаи барқии Осиёи Марказӣ номид.

Раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфт, ки Тоҷикистон дар асоси ин бояд ҳар моҳ ба Узбекистон 10 млн. киловатт-соат ва ба Қирғизистон 5 млн. киловатт-соат барқ интиқол диҳад.

Мо дақиқ гуфта наметавонем, ки ҳаҷми содироти барқ солона то чӣ миқдор меафзояд ва оё ин миқдор метавонад аҳолии Тоҷикистонро дар давраи тирамоҳу зимистон аз маҳдудияти барқ раҳо кунад. Зеро маълумоти расмӣ дар бораи кВт-соати фурӯхташуда ва арзиши ҳар як киловати он мавҷуд нест.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend