fbpx

Сокинон аз “лимит”-и барқ нигаронанд, мақомот аз фурӯши он мегӯянд

Дар соли гузашта ба кишвари ҳамсояи Афғонистон 1.7 млрд кВт/соат ва ба кишвари Ӯзбекистон 1.6 млрд кВт/соат нерӯи барқ содир шудааст.


0
Лимит бозгашт

Дар ҳоле, ки аҳолӣ аз “лимит” – и барқ шикоят мекунад, мақомот расман эълон доштанд, ки Тоҷикистон давоми соли 2022 ба маблағи зиёда аз 106 млн доллар нерӯи барқ содирот кардааст.

Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор зимни нишасти матбуотии имрӯз хабар дод.

Ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, харидорони асосии нерӯи барқи кишвар Афғонистон ва Ӯзбекистон будааст.

“Дар соли гузашта ба кишвари ҳамсояи Афғонистон 1.7 млрд кВт/соат ва ба кишвари Ӯзбекистон 1.6 млрд кВт/соат нерӯи барқ содир шудааст”, – гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи содироти барқ ба хориҷа зиёда аз 106 млн долларро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки аҳолии кишвар беш аз шаш моҳ мешавад, бо “лимит”-и барқ мувоҷеҳ шудаанд. Сокинони деҳоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз набудани барқ мегӯянд, зиндагиашон душвор шудааст.

Алӣ Қурбонов, як сокини Панҷакент, мегӯяд, “саҳар ду-се соат ва шаб ҳам ҳамин гуна барқ қатъ мешавад. Як “режим”-и муайян надорад.

“Барои сокинони деҳот зиндагӣ душвор шудааст. Ангишт ҳам қиммат. Чӣ кунем, намедонем. Ин маҳдудият кай бардошта мешавад?”, – суол мегузорад Қурбонов.

лимити барқ дар деҳоти тоҷикистон
Акс аз Нозим Қаландаров

Давлат Абдулло, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳам, ки ба маҳдудияти барқ рӯ ба рӯ шудааст, нигаронӣ мекунад, “зиндагнонии бебарқ дар ин замона душвор аст, ба вижа дар ин сардиҳои зимимстон.

“Рӯзона ба ҳар навъе мегузарад, вале шаб бе барқу равшанӣ мушкил аст. Кӯдакон ва пиронсолон аз ин азият мекашанд”, – мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз нимаи дуввуми моҳи октябри соли гузашта аҳолӣ аз “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд. Дар авҷи сардии ҳаво Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба ширкати “Барқи тоҷик” дастур дод, ки маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шавад.

Вале тақрибан баъди 10 рӯзи дастури Эмомалӣ Раҳмон сокинони манотиқи мухталиф аз мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ шикоят карданд.

Сар аз 1-уми феврали соли равон дар Тоҷикистон “лимит” ё маҳдудияти барқ расман ҷорӣ карда шуд. “Барқи тоҷик” гуфт, “он бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат рӯи даст гирифта шудааст”.

Ин ширкат бо такя ба таҳлили мутахассисонаш навиштааст, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии нерӯи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13 – уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, дақиқ намедонад, ки маҳдудият барқ ба сокинони минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend