fbpx

Лойобаҳо дар хонаҳои истиқоматӣ. Зарари боришоти шадид дар Суғд

Чанд хонаи истиқоматӣ дар Хуҷанд ва ду ноҳияи вилояти Суғд зери об монданд.


0
Боришоти шадиди борон дар Тоҷикистон
Акс аз КҲФ

Боришоти шадиди рӯзи 2 – юми апрел дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон боиси ташвиши мардум шуд. Махсусан, сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд оқибатҳои ногувори ҳавои номусоидро аз сар гузарониданд.

Тибқи иттилои КҲФ, рӯзи 2 – юми апрел, тахминан соати 17:00 дар натиҷаи бориш дар ҳудуди микроноҳияи 3 – юми шаҳри Хуҷанд, қитъаҳои нав, роҳи маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматиро лойобаҳо фаро гирифт.

Дар хамин минтақа ду мошини тамғаи «Газель» ба лой дармонд. Ба наҷотдиҳандагони КҲФ муяссар шуд, ки наздик ба нисфи шаб мошинҳоро аз лой берун оранд.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боришоти зиёд боиси омадани сел гардид. Дар натиҷа ду километр роҳи маҳаллӣ вайрон шуда, як бинои истиқоматӣ, ду оғил ва боғи зардолу қисман зери об монд.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷ. Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон мавсими обхезӣ оғоз мешавад. Қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар, махсусан деҳот офатҳои табиӣ ба амал меоянд.

Дар соли 2022 хисороти офатҳои табиӣ ба кишвар 53,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 5 миллион доллар) арзёбӣ шудааст.

Аз оғози соли 2023 то нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ офатҳои табиӣ ба кишвар ба маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) хисорот ворид кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend