Ширкати 9 паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти Tbilisi Grand Slam 2022
Дар мусобиқаи варзишии Тоскулоҳи бузурги Тифлис ё Tbilisi Grand Slam 2022 , ки аз 3 то 5 июн дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, Тоҷикистонро 9 ҷудокори ҷавон муаррифӣ хоҳанд кард.
Манбаъ менависад, ки дар ин мусобиқа 287 ҷудокор аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Гуруҳи фейсбукии “Tajik sport” ному насаби паҳлавони тоҷикро, ки дар ин сабқатҳо ширкат мекунанд, нашр кардааст.
Шаҳбоз Саидаброров яке аз ширкаткунадагони ин мусобиқот аст, ки соли гузашта ҳам ин мусобиқа дар вазни – 60 кг ширкат ва соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Шаҳбоз акнун дар – 66 кг ҳунарнамоӣ мекунад.
Имсол, Тоҷикистонро дар вазни – 60 кг дар ин мусобиқа барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷавонони Осиё Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ хоҳад кард.
Маҳмадшариф Наҷмиддинов, қаҳрамони самбои ҷавонони ҷаҳон, мулаққаб ба “Хирс” дар вазни – 73 кг баромад мекунад. Сарахонов Маҳмадраҳим, ки дар гузашта дар Гранд Слами Боку, Абузаби ва Ҷоми Африқо ширкат намуда буд, аз дигар ширкаткунандагони вазни -73 кг ин мусобиқа мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар вазни – 81 кг Шодмон Ризоев ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар ин мусобиқа ширкат мекунанд. Кароматулло Ҳакимови 28-сола, ки дар гузашта чанд бор қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон шудааст, дар вазни – 90 кг дар ин мусобиқа ба майдон меояд.
Абубакри Акобир ва Мансури Раҳмон, ки ҳарду унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон доранд, дар вазни – 100 кг дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.
Ширкати 9 ҷудокори ҷавони тоҷик дар яке аз мусобиқаҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки дар гузашта дар чунин мусобиқаҳо варзишгарони номдор ва ботаҷриба ширкат мекарданд ва шояд ин бори аввал аст, ки чеҳраҳои наву ҷавон Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.
То ҳол, Тоҷикистон аз мусобиқоти Гранд Слам нуҳ медал дорад, ки чаҳортояш мутаалиқ ба Темур Раҳимов ва яктоӣ Сомон Маҳмадбеков, Беҳрузи Хоҷазода, Саидаброров Шаҳбоз, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов доранд.
Дар Бохтар як зан хонандаи синфи 2 – ро зада куштааст
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтидааст. Хабар медиҳад, “Азия-Плюс”бо такя ба манобеи худ.
Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” фавти ин хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 8- шаҳри Бохтарро таъйид кардааст.
“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”,- гуфт манбаъ.
Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.
Манбаъи мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафсилоти бештар надод ва танҳо гуфт, ки тафтишоти ин парванда ба уҳдаи мақомоти милитсия вогузор шудааст. Ва шарҳи бештари ҳодиса баъди ба анҷом расидани тафтишот пешниҳод карда мешавад.
Фақиробод Обшорон шуду Мискинобод 30-солагии Истиқлол: тасмимҳои Маҷлиси миллӣ
Номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба “30-солагии Истиқлол” иваз карда шуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Дар ин бора имрӯз, 30 май қарори Маҷлиси миллӣ қабул гардид.
Шуъбаи иттилооти Маҷлиси миллӣ имрӯз, аз баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум хабар дод.
Манбаъ навишт, ки он таҳти роҳбарии раиси маҷлис ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд ва дар он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзоёни маҷлис як қатор қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»- ро ҷонибдорӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа, бо пешниҳоди ҳукумат номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба Обшорон ва номи худи Мискинобод ба «30-солагии Истиқлол» иваз карда шуда, ба Мискинобод ё акнун «30-солагии Истиқлол» мақоми шаҳрак дода шуд.
Дар ҷаласа, инчунин, нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон Вазирзода Г.Н., Мирзозода И.Ш ва Муродзода Б.Р. бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрасӣ аз вазифа бозхонд ва ҳамчун машваратчиёни халқии Додгоҳи олӣ интихоб гардиданд.
Иваз намудани ду номи маҳалла дар ҳолест, ки салоҳияти ивази номи маҳаллаву минтақаҳои ҷуғрофӣ танҳо дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ аст. Дар гузашта ҳам ин ниҳод номи чанде аз маҳаллҳоро иваз карда буд.
Селу жолаи шадиди пурхисорот дар Ашт: ситоди фаврӣ ташкил шудааст
Дар пайи бориши шадиди жола ва борони зуҳри имрӯз, 30-уми май аз ду ҷамоати ноҳияи Ашт сел омада, ба гуфтаи мақомот асосан ба роҳҳо зиён расонидааст. Хисороти сел дар ҳоли ҳозир гуфта нашудааст, вале ҳукумати ноҳия мегӯяд, ситоди фаврӣ ташкил шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт дар натиҷаи бориши борони шадид, ки соати тахмин 11:40-и имрӯз ба қайд гирифта шуд, аз мавзеи Аштсойи ҷамоати Ашт ва ҷамоати Пунуки ҳамин ноҳия сел фаромада роҳҳои марказиро қисман вайрон кардааст.
Аммо мақомот то ба ҳол дақиқан нагуфтааст, ки чанд километр роҳҳо аз селфароӣ валангор шудаанд.Чанд соат пеш аз нашри ин хабар, сокинони ҷамоати Ашт чанд аксу навори бориши бошиддати жола ва омадани сел дар ин ҷамоатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Гуфта мешавад, ба маконҳои аз сел зарардидаи ҷамоати Ашт ва Пунки ноҳияи Ашт муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода рафтаанд.
Манбаъ мегӯяд, раиси ноҳия барои дар мудати кӯтоҳ бартараф кардани оқибатҳои сел ба масъулин супориш дода, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кард. “Ба таври таҷилӣ дар бинои ҷамоати деҳоти Ашт ситоди фаврӣ доир гардида барои бартараф намудани хисороти сел чораҳои зарурӣ дида шуд”.-навиштааст, Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт.
Мирзоҳамид Латипов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳоло дар минтақаҳои селфаромада ситод ташкил шуда хисоротро ҳисоб карда истодаанд. Ӯ гуфт, сел ба хонаҳои мардум зиён нарасонидааст ва асосан роҳҳоро вайрон кардааст ва аз натиҷаи санҷиши гуруҳи корӣ баъдтар хабар медиҳанд.
Аммо дар хабарномаи мақомот омадааст, ки аллакай корҳои барқароркунӣ оғоз гардида техникаҳо ҷалб гардиданд.