fbpx

Барои пинҳон кардани хиёнат. Дар Хуҷанд як зан кӯдаки навзодашро нафасгир карда куштааст

Тайи чанд рӯзи ахир ин дуввумин ҳодисаи қатли кӯдакон аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи liter.kz

Дар шаҳри Хуҷанд як зани 26 сола фарзанди хурдсолашро, ки ҳанӯз яксола набудааст, дар дохили гаҳвора нафасгир карда куштааст. Ба иттилоъи  Раёсати ВКД дар Суғд, ин зан барои он, ки шавҳараш аз робитаҳояш бо марди дигар огоҳ нашавад, кӯдаки аз марди бегона таваллуд кардаашро куштааст.

Ин ниҳод дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” мегӯяд, ки “Мутриба Розиқова 23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳар фарзанди аз марди дигар таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст. Писарчаи хурдсоли ӯ, бояд 26-уми майи имсол 1-сола мешуд, вале дар гаҳвора аз дасти модари худ кушта шудааст.”

Гуфта мешавад, ки чун хонаводаи шавҳари ин  зан ба рафтори келинашон қаблан ҳам шубҳа доштанд ба табиӣ будани марги кӯдак бовар намекунанд ва ба мақомоти тафтишотӣ хабар медиҳанд. Зимни амалиётҳои  оперативӣ – ҷустуҷӯӣ  мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқатро ошкор мекунанд.

Худи зан ҳам дар навор иқрор мешавад, ки аз тарс ба ин кор даст здааст. Нисбати ӯ дотситонии шаҳри Хуҷанд тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.

Тайи чанд рӯзи ахир ин дуввумин ҳодисаи қатли кӯдакон аст. Чанд рӯз пеш  бошад дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтида буд. Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend