Оқибатҳои заминларза дар Туркия ва Сурия

Даҳшати заминларза дар Туркия. Шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуна онро паси сар карданд?

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, дар пайи заминларзаи шадид наздики 5 ҳазор нафар дар Туркияву Сурия ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия фавт аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Муаллифи Your.tj бо чанд тан аз тоҷикистониҳое, ки айни ҳол дар минтақҳои гуногуни Туркия умр ба сар мебаранд, ҳамсуҳбат шуд.

Сокини Газиантеп: “Иҷозати ба хона даромадан надорем”

Нисо Ҳамроева, як тан сокини ноҳияи Қубодиён соли 2021 бо оилааш ба шаҳри Газиантеппи Туркия омада буд.  Ӯ дар як бинои 4 ошёна ҳамроҳи шавҳар ва ду кӯдакаш зиндагӣ мекунад. Тавре мегӯяд, ҳуҷраи онҳо дар қабати якум аст.

“Субҳи 6 – уми феврал соати 04:17 заминларза сар шуд. Мо тарсида берун баромадем. Берун аз одам пур буд. Соати 4:25 боз замин ларзид. Ҷунбиш то соати 4:40 давом кард. Бо ҳамсояҳо дар берун будем.

Дар байни ҳамсояҳо фақат мо тоҷикем. Аксарият дар мошин ва мошинхона рӯзро гузаронданд. То имрӯз иҷозати ба хона даромадан надорем. Жандармерия омада огоҳ кард, ки ба хонаҳо бе зарурат надароед, зеро дар баъзе қисми девори биноҳои 3 – 4 ошёна тарқишҳо пайдо шудааст. Дирӯз соати 14 низ заминҷунбӣ мушоҳида шуд. Хеле тарсидем. Шаби 6 – уми февралро чӣ хел рӯз кардем, намедонам”, – нақл кард Нисо.

Ӯ гуфт, аксарияти аҳолии шаҳр дар мактабҳо ҷамъ шуданд. Дар он барои намозхонӣ ва дигар эҳтиёҷот шароит муҳайё кардаанд. Ба сокинон ҳушдор дода шудааст, ки давоми 72 соат дар ҳолати ҳамеша омодабош қарор гиранд.

“Дар Истанбул хавф ҳис накардем”

Абдуллоҳ Бекназар, собиқ сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ тоҷир буда, 3 сол боз дар шаҳри Истанбули Туркия зиндагӣ дорад. Мегӯяд, ки хавфи заминларзаро ҳис накард, чун маркази заминларза аз ҷойи зисташ 850 километр дур аст. Ба бовари вай, бештари тоҷикон дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекунанд.

“Хеле хавотирам, сарфи назар аз он ки дар  минтақаҳои осебдида дӯстони наздик надорам. Ин офатро дошта намешавад. Дуо мекунем, ки аз ин балоҳо эмин бошем. Ба мардуми Туркия, Сурия ва, дар маҷмӯъ, онҳое, ки аз заминларза зарар дидаанд, ҳамдардӣ баён мекунам. Бояд хеле эҳтиёткор бошем”, – бо андӯҳ гуфт Абдуллоҳ.

Саид Отаев низ 4 сол боз дар Туркия зиндагӣ дорад. Ӯ зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Вай аввал дар шаҳри Бурса як сол будубош дошт. Инак, 3 сол мешавад, ки дар Истанбул иқомат мекунад.

“Ҷисман аз заминларза зарар надидем, вале таъсири онро ҳис кардa истодаем. Зеро Истанбул низ дар як хатти заминҷунбӣ бо он шаҳрҳое, ки осеб расидааст, қарор дорад. Ман донишҷӯям. Ҳоли мо хуб аст, аз Донишгоҳ бо рақамҳои давалтӣ занг зада, аз ҳолу аҳволамон пурсиданд. Бо рақамҳои оддӣ занг задан хеле мушкил аст. Барои онҳое, ки дар натиҷаи заминларза вафот карданд, хеле ғамгинем”, – илова кард Саид.

Оқибатҳои зилзила дар Сурия

Як чораи эҳтиётӣ

Розия ном бонуи тоҷик, ки собиқ сокини ноҳияи Шаҳритус аст, феълан дар як минтақаи наздик ба Истанбул, 600 километр дуртар аз макони заминларза зиндагӣ дорад. Ҳуҷраи онҳо дар ошёнаи 12 – уми як бинои баландошёна ҷойгир аст. Субҳи дирӯз биное, ки Розия бо оилааш зиндагӣ мекунад, аз заминларза зарар надид. Аммо онҳоро огоҳ кардаанд, ки эҳтиёт бошанд.

“Ман ва дигар аъзоёни оилаам дар гардан ҳуштак овехта гаштаем. Худо нишон надиҳад, мабодо ҳолате рух диҳад, онро истифода бурлан лозим, то пайдо кардан осонтар шавад. Ҳуҷҷатҳои заруриро низ дар назди худ гирифта мондем. Хеле хавотирем.

Дида истодаем, ки сарфи назар аз сардии ҳаво ва бориши барф мардуми зиёде ихтиёран барои ёрӣ додан ба сокинони вилоятҳои зарардида рафта истодаанд. Ман ҳам кӯмак карданиям, аммо аз дасти ман чӣ меояд? Оилаам ва худамро хуб эҳтиёт кунам, ин худ як кӯмак аст”, – ғамгинона афзуд Розия.

Тавре масъулони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ доданд, шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои осебдида зиндагӣ доранд, иҷозати ба хона даромадан ва дастрасӣ ба интернет надоранд. Гуфта мешавад, ки корҳои ҷустуҷӯйӣ ва мададрасонӣ ба зарардидагон идома дорад.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар як эъломия изҳор доштааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳодиса осеб надидаанд. Дар ҳамин ҳол барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6 – уми феврал зарар дидаанд, телефони боварии +90 312 491 16 07, + 90 538 594 32 10 (WhatsApp)  фаъол шудааст.

Субҳи 6 – уми феврал аз рӯйи магнитудаи 7,8 дар 30 километрии шимолу шарқии шаҳри Газиантепи Туркия ва 114 километриии шаҳри Ҳалаби Сурия заминларза ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи ин заминларза 10 шаҳри Туркия ва чандин минтақаи Сурия зарари ҷиддӣ диданд.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar