fbpx

Чӯпонбачаи мактабхон ва 26 соли ҳаёт аз пайи гӯсфанду буз. Зиндагонии даҳмарда дар қуҳистон чӣ гуна аст?


1
570 shares, 1 point

Дар ин вазъияти мушкили зиндагӣ бо ҳаққи ночиз Ҳақназаров Исломбой тайи 26 сол рамабонӣ мекунад. Ӯ алҳол аз силсисаи чӯпонони авлодаш ягона шахсе аст, ки касби бобоияшро дӯст медорад ва аз пешаи даҳмардагӣ аробаи зиндагиашро мекашад.

Ҳақназаров Исломбойи 46 сола пас аз хатми мактаб, то имрӯз ба чӯпонӣ машғул мебошад. Исломбой дар ин байн солҳои 1994-1996 дар сафи қушунҳои сарҳадии кишвар дар шаҳри Душанбе адои хизмат кардааст. Ӯ каасби худро дӯст медорад ва то ба имрӯз ҳатто фикри тарк кардани касби бобоӣ ба сараш наомадааст.

Саргузашти ин рамабони кӯҳистониро барои Шумо қисса мекунем.

Чӯпонбачаи мактабхон ва мероси падар

Исломбой Ҳақназаров аз овони кӯдакӣ шавқи чаронидани рамаи гӯсфанд ва бузро бо ҳамроҳи падар дар дил дошт. Ҳамин ки дарсҳо дар мактаб тамом мешуданд, вай худро назди падар мерасонид ва барои чаронидани чорво ба ӯ кӯмак мекард. Ҳамроҳи падар рамабонӣ мекард ва бо ҳамин касби падар ба қалбаш ҷой шуд ва ӯ роҳи падарро идома дод.

Исломбой Ҳақназаров

“Аз соли 1991 пас аз хатми мактаб то ба имрӯз чӯпонӣ ба касбу зиндагии ман табдил ёфтааст. Дар замони мактаббачагӣ ҳам бо падарам, Худойназар, Худо раҳматашон кунад рамабонӣ мекардам. Ҳамчунин бо амакам, рӯҳашон шод бод, низ муддати 2 сол чӯпонӣ кардаам. Дар оғоз ҳамроҳи падарам 15 сол моли совхозу колхозро бонӣ кардаем. Пас аз барҳам хӯрдани совхозу колхозҳо, тайи 11-12 соли охир моли халқро мечаронам” – нақл мекунад, Исломбойи рамабон.

Даҳмардагӣ – мероси бобоӣ

Касби молбонӣ ба оилаи Ҳақназаров аз раҳматии Ҳақназар ба фарзандону наберагон мерос мондааст. Пас аз даргузашти Ҳақназар фарзандони ӯ Соҳибназар ва Худойназар касби падариро идома медиҳанд. Аз байни фарзандони Ҳақназар, танҳо яктояш ба касби чӯпонӣ машғул нашудааст.

Баъд аз амакаш Соҳибназар фарзандони ӯ Муслимбой ва Низомбой касби бобоиро идома доданд, вале бинобар мушкилоти зиндагӣ онҳо аз ин касб даст кашиданд.

Аз се фарзанди Худойназар, танҳо Исломбой касби падарро давом дода истодааст. Ишқи даҳмардагӣ, то ҳол дар дили ӯ ҷӯш мезанад ва ӯ гумон дорад, ки аз чӯпонӣ дил кандан наметавонад ва то охири умр молбон боқӣ мемонад.

Исломбой аз касби худ розӣ аст, чун ӯ шиками оила ва фарзандонашро бо нони ҳалол сер карда истодааст, ки ин барояш давлат аст.

Аз борони баҳор то барфи аввал

Мавсими кори чӯпонон дар аввалҳои моҳи март, вақте моли халқ ба чарогоҳ мебарояд, оғоз мешавад. Исломбой солҳои дароз моли хоҷагиро мечаронид, вале пас аз барҳам хӯрдани он ба чаронидани моли мардум оғоз кард.

“Ҳоло сар аз 10-15-уми апрел, айни боронҳои баҳорӣ моли халқ ба кӯҳу теппаву чарогоҳ бароварда мешавад ва то афтидани барфи аввал, ки ба охирҳои октябр ё аввалҳои ноябр рост меояд, дар кӯҳу чарогоҳ рамабонӣ мекунам. Ду-се сол аст, ки моли халқро чӯпонӣ мекунам ва 200-300 гӯсфанду бузро танҳо рамабонӣ мекунам. Ҳаққи хизмат аз аввал то охири мавсим барои як солуқ бо барра, яъне оча бо бачааш 60 сомонӣ ва барра, яъне бачааш танҳо 40 сомонӣ гирифта мешавад. Албатта ин маблағ барои хароҷоти зиндагӣ басанда нест, аммо Худо худ баракатро медиҳад” – мегӯяд, даҳмарда.

Имрӯз бинобар сабаби кам будани ҳудуди чарогоҳ аз оғози баҳор то охирҳои моҳи май ва аввалҳои июн чӯпонон моли халқро дар кӯҳу теппаҳо мечаронанд. Мушкили рамабонони деҳот дар кӯҳистон он аст, ки қариб 80 фисади кӯҳҳои қаторкӯҳҳои Туркистонро, ки аз ҳудуди деҳаҳои Дархон, Угук, Шикорчӣ, Басманда, Хишекат, Дахкат ва Росровути ноҳияи Деваштич мегузаранд, харсангҳо ташкил медиҳад. Аз ин сабаб ҷой барои чаронидани рамаи гӯсфанду буз ва чорвои калон қариб, ки вуҷуд надорад.

Чодари чӯпон

“Бар замми маҳдуд будани ҳудуди чаронидани рама дар кӯҳҳо, инчунин ёфтани об низ мушкили дигар аст. Чашмаҳо вуҷуд доранд, аммо аз онҳо то вақти офтоббозгашт об мебарояд ва баъдан маҷбур мешавем ҳатто оби нӯшокии худамонро фаромада аз деҳа барорем. Агар масъалаи таъмини оби чӯпонон ва молро нагӯӣ дигар мушкил дар кӯҳ вуҷуд надорад. Аз набуди об мо маҷбур мешавем, ки ҳар рӯз рамаро ба пастӣ барои об додан фарорем ва баъд боз болои кӯҳ барорем”. – мегӯяд, Исломбой.

Дар кӯҳ шабонгаҳ гӯсфанду бузон барвақт намехезанд, ки ин барои хуб истироҳат кардани молбонон муфид аст. Аммо дар чарогоҳ аз соати дуи саҳар молбонӣ сар мешавад. Пас аз дарав кардани алафи заминҳои мардум, моҳҳои 15- 16 –уми июн рамаро аз кӯҳ ба чарогоҳ мефароранд. Чӯпонон дар чарогоҳ то моҳи сентябр, вақти тоза шудани алаф боқӣ мемонанд ва боз ба кӯҳ молро мебароранд ва то афтидани барф онҷо боқӣ мемонанд.

Даҳмарда мегӯяд: “Молбонӣ дар кӯҳҳо барои мо аҷибтару хотирмон мегузарад. Зеро табиату мавзеъҳоеро мушоҳида мекунем, ки рамабонони дар пастиҳо чӯпонӣ мекарда он манзараҳоро дида наметавонанд. Вақте дар кӯҳ аз пайи молбонӣ равонаем ногоҳ бузҳои кӯҳиро мушоҳида мекунем. Албатта дастгир кардани бузҳои кӯҳӣ амри маҳол аст, аммо аз диданашон табъамон хуш мешавад. Ҳамзамон аз гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ барои саломатии худ истифода мебарем”.

Имрӯзҳо Исломбой дар чарогоҳ аз соати дуи субҳ то соатҳои ними нуҳ  молронӣ карда, пас рамаро ба об меорад ва наҳориву хӯроки нисфирӯзиро онҷо хӯрда, то соатҳои сеи баъди нисфирӯзӣ хоб мекунад.

Сагҳо ба ман кӯмак мекунанд

Силоҳи чӯпон дар кӯҳистон чӯбдаста, корд, милтиқи шикорӣ ва сагон мебошанд. Ба таъкиди Исломбой бояд чӯпон ҳамеша дар миёнаш банд дошта бошад, зеро бинобар зиёд будани сангпора дар кӯҳҳо гоҳо буз ё гӯсфандеро санг мезанад ва даҳмарда дарҳол сари молро ҳалол карда рудаву шикамбаашро гирифта ҷисмашро бо ресмон баста, пушт карда то ҷойи зарурӣ мебарад.

“Падарам гуфта буданд, ки бояд барои бехатарии мол аз ҳамлаи гургон милтиқ гирам, аммо то ба имрӯз зарурате ба силоҳ бароям пеш наомадааст. Корд ва сагонам беҳтарин силоҳ барои ману рамаи бузу гӯсфандон мебошад”. – мегӯяд, рамабон.

Исломбой аз давраи кӯдакӣ аз амак ва падараш тарзи нигоҳдорӣ ва хӯрокдиҳии сагони молбонро омӯхта аст. Сагони дар деҳа ба воя расида ҳеҷ гоҳ аз паси рама гашта наметавонанд, аммо сагбачаи дар дашт калон шуда барои молбонӣ пурсабртару боғайрат мебошад. Имрӯз дар рамаи 300 сарраи Ҳақназаров 6 то саг – Симбо, Талғир, Рекс, Тайсон, Хайбар ва як модина нигаҳбон мебошанд. Дар масъалаи идоракунии мол сагон нақши ҳалкунандаро мебозанд. Одати доимии сагони рама ин аст, ки ҳеҷ гоҳ аз мол дур намераванд. Саги модина назар ба наринаҳо зираку ҳушёр аст, зеро хатари душманро ба мол аввал ӯ ҳис карда наринаҳоро хабардор мекунад. Аз сабаби танҳо молбонӣ кардан ҳоло Исломбой ҳангоми чаронидани рама худ ҳамавақт наздики заминҳои гандуму ҷав ва бедаи надаравидаи мардум меравад ва сагон бошанд аз пас молро ҳаракат медиҳанд.

“Моҳи чаҳорум аст, ки худам танҳо бо 6 саг рамабонӣ мекунам. Ҳар шабонарӯз як маротиба ба сагон аз орди гардумин ё ҷавин хамири бенамак тайёр карда медиҳам. Сабаби бенамак додани хамир ин аст, ки дар шаб биноиашон тез мешавад ва майдатарин ҷондорро зуд мебинанду овоз баланд мекунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки дар кӯҳ заргӯш шикор мекунанд ва гушти ҳайвонҳои ҳароммурдаро низ мехӯранд”. – мегӯяд, чӯпон.

Хона ва зиндагии чӯпон дар чарогоҳ

Исломбой ҳамроҳи ҳамсар ва писари ягонаи чорсолааш зиндагонӣ мекунад. Духтари ягонаашро кайҳо ба шавҳар додааст. Хонаи чӯпон Ҳақназаров аз чодари обногузар, тахтаи зери чодар, гилемачаву курпача ва чанд болишт иборат аст. Обу хӯрокаи ӯро хешовандону ҳамсояҳо рӯз дар миён оварда мерасонанд. Имсол вай аз 17-уми апрел то ҳол тахминан 10 маротиба ба деҳа ба дидорбинии оила ва хушу табор рафта омада аст. Ба саҳро гоҳ-гоҳ ба ҷойи чӯпон додараш, писарони амакаш ва ҳамсояҳо як шаб барои молбонӣ меоянд. Пас аз озод шудани чарогоҳ аз гандуму ҷаву бедаи мардум баъдан то моҳҳои ноябр Исломбой ҳамроҳи соҳибони мол бо навбат рамабонӣ мекунанд.

Дар чарогоҳ ӯ як телефон ва радио дорад, ки бештари вақт бо гӯш кардани радио вақти худро хуш мекунад. Дар радио аз ҳама муҳим барояш вазъияти обу ҳаво мебошад. Пас аз огаҳӣ дар бораи вазъи ҳаво ӯ нақшаи пешакии сафари хешро мекашад.

Ҳамсояҳо ба кӯмаки рамабон омаданд

Музди меҳнат хароҷоти рӯзгорро намепӯшонад

Исломбой аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бинобар як маротиба дар як мавсим пардохт кардани ҳаққи хизмат, маблағи ҷамъшуда хароҷоти рӯзгорашро намепӯшонад. Аммо ӯ аз сабаби доштани 10-15 сар бузу гӯсфанди худ ва боварии мардум, масъулияти бадушгирифтаашро иҷро мекунад.

Фоидаи рама барои чӯпонон пашму порӯи мол мебошад. Ҳоло пашми бузи ҷойдориро дар бозор як килограммаш 25-30 сомонӣ арзиш дорад. Дигар намуди чорвои хурдро бошад 20-25 сомонӣ мехаранд. Одатан дар як сол молҳоро як маротиба пашмашонро метарошанд, аммо ҳоло пашми тарошидашуда ба соҳибони мол тааллуқ дорад.

“Солҳои 80-90-ум зиндагии чӯпонон беҳтар буд, он замон мактаби миёна мехондам. Баъд аз он солҳо молҳои совхозу колхозро чӯпонӣ кардем ва оҳиста-оҳиста зиндагӣ барои рамабонон мушкилтар шуд. Дар замони Шӯравӣ ба чӯпонон маводи хӯрока ва либосу пойафзол медоданд, ки ин барои мо лозимтарин кӯмак буд. Инчунин хонаҳои наматин медоданд, ки то чӯпонон дар шароити хуб зиндагиву молбонӣ кунанд”. – нақл мекунад, Ҳақназаров.

Набудани чарогоҳ ва ҳамлаи гургон

Ба гуфти Ҳақназаров Исломбой мушкили имрӯзаи чӯпонон набудани чарогоҳи васеъ мебошад. Имрӯз моли мардум саршуморашон зиёд шудааст, аммо ҷой барои чаронидан кам ва маҳдуд мебошад.

“Лаҳзаҳои душвори кори мо чӯпонон ҳангоми боронҳои баҳорӣ ба шумор меравад. Вақте борон меборад роҳи рондани мол бароямон душвор мешаваду ҳама ҷо тар ва гоҳо бинобар роҳи зиёдро тай кардан бе нону об мемонем. Аз ҳама бадтарин рӯзи чӯпон рӯзҳои туман аст, ки ҳатто ду метр пешатро дида наметавонӣ. Зеро вақти чаронидани рама се-чор моли ақибро мебиниву халос, аммо боқимонда чорво аз мадди назар дуру номаълум аст. Дар ҳолати туман барои мани танҳо сагон кӯмакрасон ҳастанд”. – мегӯяд, чӯпон Исломбой.

Тахминан солҳои 2002-2004 замони моли халқро подабонӣ кардан 29 сар чорвои хурд аз хӯрдани алафи беда кафидаанд. Аз ин шумора 14 сарро Исломбой ҳалол кардаасту боқимонда 15 сар ҳаром мурданд.

“Он замон мол каме аз вақти муайян тезтар ҳаракат кард ва гӯсфандони пеш бинобар гуруснагӣ  бедаи тарро бисёр хӯрдаанд, ки замони расонидани моли ақибмонда пешбудаҳо дам карданд. Шукр мекунам, ки мардум он вақт аз мо чӯпонон чизе талаб накарданд ва ҳалолшудаҳоро бурданду ҳаромҳояшро ба сагон додем”.

Ҳуҷуми гургон низ барои рамабонон нигаронкунандаву хатарнок аст. Аммо ба гуфти Исломбой дар замони чӯпонии ӯ то ба ҳол ҳамлаи гурӯҳии гургон ба рама сурат нагирифтааст. Вале бурдани ду-се барраву буз аз ҷониби гургон дар ҳаёти молбонӣ ҳар сол аллакай анъана шудааст.

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
570 shares, 1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend