Чӣ мумкину чӣ не? Қоидаҳои “қурбонӣ” дар Иди Қурбон

Хусусияти асосии Иди Қурбон забҳи ҳайвон – қурбонист. Чаро кордро тез кардан лозим, чаро гӯшти қурбониро фурӯхтан манъ аст, чаро ҳайвони қурбонӣ мешуда бояд сиҳату фарбеҳ бошад ва дигар қоидаҳои муҳими забҳи чорво ба муносибати Иди Қурбон. Муфассалтар дар ин ҷо бихонед!

Кадом ҳайвонро бояд қурбонӣ кард?

Шумо метавонед, буқаи ба 7-моҳагӣ расида, бузе, ки яксола нест, гови 2 сола ва шутури ба 5-солагӣ расидаро қурбонӣ кунед.

Хуб аст, ки ҳайвони қурбонӣ фарбеҳ, калон ва зебо бошад. Бинобар ин ба он пешакӣ ғизо бояд дод. Ҳайвони қурбонӣ  мешуда набояд камбудӣ дошта бошад, ки ба миқдор ва сифати гӯшт таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, қурбонии ҳайвонҳои ланг, кӯр ва бемор, инчунин ҳайвоноте, ки беш аз нисфи шохаш шикаста ё беш аз нисфи гӯшаш бурида шудааст, ҳаром аст.

Тавсия дода мешавад, ки сеяки гӯштро барои  хонаводаи худ истифода кунед, сеяки онро ба камбағалони ҳамсоя ва хешовандон бидиҳед, сеяки онро ба талабгорон садақа диҳед.

Оё куштани ҳайвон шарт аст?

Ҳайвоне, ки аллакай забҳ карда шудааст, қурбонӣ ҳисобида намешавад. Баъзеҳо гӯсфанд мехаранд, аммо ин бештар як ишораи рамзӣ аст ва аз нигоҳи динӣ маъное надорад.

Муҳим он аст, ки маросими забҳ, ки огоҳона ҳамчун нишонаи тавба, поксозии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ анҷом дода мешавад.

Шахс бояд ҳайвонеро (қӯчқор, гӯсфанд, буз, гов, барзагов ё шутур) интихоб намуда бихарад ва ба қассобхона биёрад.

Маросим чӣ гуна сурат мегирад?

Пеш аз забҳ кардани ҳайвон қассоб ва қурбоникунанда бояд, рӯ ба қибла карда, аз Худованд бихоҳад, ки қурбонии ӯро қабул кунад. Пас аз он ҳайвонро баста, ният карда, онро бо сараш ба сӯи қибла ба замин мехобонанд ва соҳиби он ё шахси махсус барои ин кирошуда гулӯи қурбониро мебурад.

Иҷозат дода мешавад, ки ин корро ба қассоби касбӣ супоранд. Дар ин ҳолат шахсе, ки қурбонӣ ба номи ӯст, бояд ҳангоми забҳ ҳузур дошта бошад.

Агар шахсе, ки ба қурбонӣ омада натавонад, ниятро баён мекунад ва арзиши ҳайвони қурбониро интиқол медиҳад ва аз номи ӯ талаб мекунад.

Ҳангоми қурбонӣ чӣ бояд кард?

Ҳангоми гузаронидани маросими забҳ қоидаҳои муайянро риоя кардан лозим аст: масалан, ба ҳайвони қурбонӣ осеб расонидан мумкин нест, набояд он азоб кашад.

Куштани чорво бояд зудтар ва бедард бошад, бинобар ин муҳим аст, ки корд тез бошад.

Дар назди ҳайвон кордро тез кардан ҳам нодуруст ҳисобида мешавад. Ҳол он ки як чорворо дар пеши назари дигараш куштан мумкин нест.

Ба қассоб, ки ҳайвони қурбониро буридааст, бо гӯшт пардохт карда наметавонед. Шахсе, ки қурбонӣ кардааст, наметавонад аз ҳайвони қурбонӣ чизе бифурӯшад – на гӯшт ва на пӯст, балки метавонад қисматҳои дигарро (сар, дум, рӯда ва ғ.) ба мардуми камбағал тақсим кунад.

Одатан, пас аз забҳ сеяки гӯштро барои таомҳои идона омода мекунанд, дар ҳоле ки як қисми ками он бояд ба хонаводаи шумо боқӣ монад (инро «табаррук» мегӯянд – дуои хайр аз Аллоҳ).

Нархи ҳайвони қурбонӣ чанд пул аст?

Дар соли ҷорӣ арзиши як гӯсфанди қурбонӣ дар Тоҷикистон 1500-3000 сомониро ташкил медиҳад. Як гов вобаста ба он ки чӣ қадар гӯшт медиҳад, аз 5 то 20 000 сомонӣ арзиш дорад.

Масалан, дар соли 2020 нархи як гови миёна дар ҳудуди 6500 сомонӣ буд ва он то 120 кг гӯшт медод. Хоҳишмандон метавонанд гов ё шутурро (ба як чорво то ҳафт нафар пул партофта метавонанд) дар якҷоягӣ, забҳ кунанд.

Ҳайвонро дар куҷо забҳ кардан мумкин аст?

Дар Душанбе аз соли 2017 мақомоти шаҳрӣ барои забҳи чорво ҷойҳои махсус таъсис додаанд. Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ниҳодҳои дахлдори шаҳрро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз маросими забҳи чорво дар ҷойҳои ғайрииҷозат, умдатан дар назди биноҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Дар пойтахт имсол низ барои забҳи чорво ҷой махсус ҷудо карда шудааст. Нуқтаи наздиктаринро барои ин мақсадҳо дар шуъбаи манзил дар ҷои истиқомат ёфтан мумкин аст.

Дар ноҳияи Фирдавси ин корро дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи «Шири Саодат»), дар маҳаллаи Гулбутта, микроноҳияҳои 42 (кӯчаи Мир Алӣ, 116), 62 (кӯчаи Борбад, 64, назди маркази савдои «Ганҷ»), 63 (кӯчаи Фирдавсӣ, 99), 64 (кӯчаи Фирдавсӣ, 35), маҳаллаи Чимтеппа анҷом додан мумкин аст.

Барои забҳи чорво дар ноҳияи Сино дар маҳаллаҳои Пахтакор (Пахтакор, 70), Борбад (кӯчаи Тургенев, 29), “Роҳи нав” (кӯчаи Р. Набиев, 292/2), Карамиршикор (кӯчаи Лермонтов, ш. 466), “Ҳаёти нав”, 74 ва 313, Лучоби Боло, 82, Арғувон (кӯчаи Шодоб, 153), дар Камонгарон (кӯчаи Ҳувайдуллоев, 252), Ҳисорак, Панҷрӯд, 125, Навободи боло, 79, Ҳамадонӣ, Деҳи боло, 222, Испечак 1 (дар назди сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон) ҷой муқаррар карда шудааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур чорворо дар маҳаллаи «Бадахшон-2», кӯчаи Шукӯҳӣ, 44 куштан метавон забҳ кард. Инчунин дар ин мавзеъ барои забҳи чорво ҷойҳо ҷудо карда шудаанд: дар маҳаллаи Ховарон – дар Теппаҳои Шарқӣ (минтақаи 7), маҳаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев, 374, бозори «Ховарон» кӯчаи Айнӣ 259 (7 км), дар маҳаллаҳои Фалакон, Қуштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб.

Аз рӯи рӯйхате, ки шаҳрдорӣ пешниҳод кардааст, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷои забҳи чорво вуҷуд надорад. Ягона ҷое, ки солхои пеш истифода мешуд, қад-қади хиёбони Ҳ.Шерозӣ дар назди МБГ-2 (ТЭЦ-2)-и Душанбе аз байн рафт.

Зимнан, чорабиниҳои идона дар масҷидҳо, ҳамчунин маросимҳои қурбонӣ дар ҷойҳои забҳ бояд бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузаронида  шаванд.

Ид наздик аст

Ёдовар мешавем, ки дар асоси далелҳои илмӣ ва хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шӯрои уламои Тоҷикистон расман рӯзи Иди Қурбонро 28-уми июн, чоршанбеи ҳафтаи оянда эълон кард.  Ин тасмим имрӯз, 21-уми июн дар ҷаласаи Шӯрои уламо гирифта шудааст. Намози ид соати 6-и субҳ муқаррар гардидааст.

Skip to toolbar