fbpx

«Бояд донист». Чӣ тавр кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мумкин?

Кадом намуди ҳуҷҷатҳо, амалиётҳо ва чӣ қадар мӯҳлат лозим аст, то ки кӯдак соҳиби оилаи парастор шавад?


0

Оё дар Тоҷикистон шахсоне, ки мехоҳанд кӯдак ба фарзандӣ қабул кунанд зиёданд, дуруст аст, ки  талабгорони ба фарзандӣ қабул кардани писарон нисбат ба духтарон  зиёданд, барои ин кадом намуди ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ кардан лозим аст.

Ҳамаи ин саволҳоро мо дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои «Бояд донист» бо роҳбари САҲШ- и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Муслима Саъдуллозода баррасӣ мекунем.

Ҳамчунин дар подкасти мо Шумо метавонед бифаҳмед, ки оё зани муҷаррад метавонад кӯдак ба фарзандӣ қабул кунад.  Агар кӯдакро ба фарзандӣ қабул карда бошанд, оё волидони биологиаш метавонанд, расман дар ҳаёти ӯ иштирок кунанд. Барои ба қайд гирифтани кӯдаки партофташуда ё ёфташуда, кадом намуди ҳуҷҷатҳо лозиманд.

Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.

Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.

Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.

Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend