Дар ҷомеае, ки то ҳол баъзе касбҳоро барои занон “мувофиқ” ва баъзеро “ношоиста” мешуморанд, Нигора Самадова роҳи худро дуруст интихоб кард. Вай ба роҳе, ки аз орзуи духтур шудан оғоз шуда, то ба таъсиси як ширкати покизакор (клинингӣ) ва дастгирии бонувоне, ки ба кори доимӣ ниёз доштанд, расид.
Муаллифи Your.tj бо роҳбари ширкати “Элитклининг” Нигора Самадова ҳамсуҳбат шуда, дар бораи аҳамияти таъсиси чунин ширкат, сабабҳои муттаҳидии дастаи занони тозакор ва таҷрибаҳои омӯзандаи кориашон пурсон шуд.
Аз орзуи духтурӣ то роҳандозии тиҷорат
Нигора Самадова сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ аз кӯдакӣ орзу дошт, ки духтур шавад. Вале зиндагӣ ӯро ба дигар самт бурд. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Онро бо ихтисоси муҳосиб хатм кард. Сипас таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дод.
“Аз аввал ба таҳсил муносибати ҷиддӣ доштам. Ҳанӯз ҳам ба ин боварам, ки дониш калиди имкониятҳост. Ин андешаро имрӯз ба фарзандонам низ меомӯзонам”, – афзуд Нигора.
Ӯ солҳои зиёд ҳамчун муҳосиб кор кард. Ҳамзамон, дар донишгоҳ дарс гуфт. Дар баробари ин мехост, ки кори худро фаъол созад. Ба қавли ӯ, барои зан имрӯз дар ягон самт фаъолият доштан ва ҳам саришта кардани корҳои хонавода кори осон нест.
Нигора мехост, кореро шуруъ кунад, ки бо пеш бурдани он кори занҳо осонтар шавад ва ҳам бо ин роҳ даромади хуб ба даст овардан мумкин бошад. Ҷустуҷӯи роҳи мувофиқ Нигораро ба идеяи таъсиси як ширкати покизакор овард.
“Ба ин соҳа талабот буд, вале дар шаҳри Хуҷанд он қадар рушд накарда буд. Мехостам, ки на танҳо барои худ, балки барои занони дигар ҳам имконияти кори дилхоҳ ёфтан фароҳам оварам.
Онҳоеро ба кор ҷалб карданӣ будам, ки мисли ман ҳам касб доштан мехоҳанд ва ҳам ба оила ғамхорӣ кардан. Пеш аз оғози кор фикрамро ба наздиконам гуфтанд. Аввалин касоне, ки маро дастгирӣ карданд, фарзандонам буданд”, – ёдоварӣ кард Нигора.
“Ба шубҳаҳои дигарон гӯш надодам”
Онҳо ба модарашон гуфта буданд, ки “мо ба ту бовар дорем”. Аммо на ҳама чунин фикр доштанд.
“Баъзеҳо нобоварона мегуфтанд, ки бо доштани маълумоти олӣ ин кор “ношоиста” аст. Бо вуҷуди ин, қарор додам, ки ба шубҳаҳо аҳамият надиҳам ва ба роҳи худ идома диҳам. Дар оғози кор яке аз марҳилаҳои душвортарин ҷамъ овардани дастаи занон буд”,- шарҳ дод бонуи ташаббускор.
Чӣ гуна як даста аз сифр сохта мешавад?
Кадр ёфтан, онҳоро омӯзондан ва бо ҳар кас муносибати дуруст пайдо кардан осон нест. Ҳар кор нозукиҳои худро дорад ва дар оғози роҳ тарс ҳам ҳаст. Вале Нигора Самадова бо аҳли дастааш ин марҳилаҳои кориро бо азми қавӣ пушти сар карда истодаанд.
“Айни замон дар ҳайати дастаи “Элитклининг” 12 зан кор мекунад. Боз чанд нафари дигар барои фармоишҳои калон ва якдафъаина (масалан, барои тозакории умумӣ пас аз таъмир) ҷалб мешаванд.
Соати кории мо доимо як хел нест, зеро ҳамаи занҳо фарзанд доранд. Мо ба шароит мутобиқ мешавем. Асосан бастҳои кории мо аз 4 то 8 соат мебошад”, – шарҳ дод директори ин ширкат.
Аз омӯзиш то эътимод: роҳе, ки ҳар корманд тай мекунад
Ҳар бонуе, ки ба дастаи кории ширкат ҷалб мешавад, ҳатман аз таҷрибаомӯзии дурӯза мегузарад. Аввалан, ба коромӯз ба таври назариявӣ воситаҳои корӣ, техникаи бехатарӣ фаҳмонида мешавад. Баъдан вай бо ҳамроҳии корманде, ки ботаҷриба аст, ба кор мебарояд.
“Ҳатто нишон медиҳем, ки ҳангоми хам шуда кор кардан камарро чӣ хел дуруст нигоҳ доштан лозим аст. Ин барои он муфид аст, ки корманд миёндард нашавад”, – илова кард Нигора.
Имрӯз занони заҳматписанди “Элитклининг” Нигораро на чун роҳбар, балки як қисми фаъоли даста медонанд. Маҳз ҳамин муносибат ба кор боис шуд, ки ӯ кормандони содиқро ҷамъ созад.
“Баъзан худам низ ба кор ҳамроҳ мешавам ва ба кормандонам кӯмак мерасонам. Бовар дорам, ки ин кори ҳалол ва арзанда аст. Вақте мебинам, ки ба шарофати ширкати мо занон соҳиби кор мешаванд, эҳсоси хеле хуб пайдо мекунам”, – бо фахр гуфт қаҳрамони мо.
Вақте роҳбар дар паҳлӯи коргар аст
Қаҳрамони мо аз он тоифае раҳбароне нест, ки дар идора нишаста, фақат фармон медиҳанд. Ӯ дастпӯшак пӯшида, пайкора ба даст гирифта, ба кори даста ҳамроҳ мешавад.
Вақте коргар мебинад, ки корфармо дар соати 3-и шаб дар объекти душвор бо ӯ ҳамроҳ кор мекунад, дар дилаш тарсу эҳсоси танҳоӣ гум мешавад.
“Бо ин роҳ назорати сифат осон мешавад ва ҳам дастгирии занон. Дар вақти кор аз ҳамдигар меомӯзем. Масалан, ин лайфхакро ба чанде аз ҳамкоронам фаҳмонида будам.
Бо ҳаракатҳои даврии даст пок кардани оинаҳои тирезаву дар ва ё ҷевонҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, вақте дастро бо шакли “зигзаг” ҷунбонида пок кунем, гарду ғубор хубтар пок мешавад”, – бовар дорад Нигора.
Монеаҳои ноаён. Чаро занон аз имконият даст мекашанд?
Бисёриҳо фикр мекунанд, ки тоза кардани хонаву коргоҳе кори осон аст. Ба бовари Нигора, дар асл, пушти ин кор фишори равонии калон меистад. Ӯ занҳоеро медонад, ки барои аз хона баромадан, аз иҷро карда натавонистани кор, ё аз ин, ки дигарон онҳоро маҳкум мекунанд, метарсанд.
“Барои дарёфти кор занҳои ҷавону калонсол барои мусоҳиба наздам меоянд. Бо умед, ки кор ёфта, ризқу рӯзӣ меёбанд. Аммо ман ҳамчун роҳбар чунин ҳолат ба ташвиш меоварад. Вақте зане меояд, таҷрибаомӯзиро мегузарад, бо боварӣ мегӯяд: “Ҳамааш хуб, ман аз ӯҳдааш мебароям”. Вале рӯзи дигар ғайб мезанад. Телефонаш хомӯш.
Он вақт саволҳо пайдо мешаванд, чӣ шуд? Шавҳараш иҷозат надод? Тарс ғолиб омад? Ё худаш фикр кард, ки “ман наметавонам, ба ин арзанда нестам”?”, – саволомез гуфт ҳамсуҳбати мо.
Фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар “Элитклининг”
Дилфуза як тан аз занони тозакори “Элитклининг” аст. Ӯ қариб аз рӯзи аввали ифтитоҳи ширкат дар паҳлӯи Нигора истода кор мекунад. Имрӯз вай ба қавле дасти рости роҳбараш аст.
“Ман дар ду басти аввал бо ӯ ҳамроҳ, китф ба китф истода кор кардам. Вай дар саршавии кор аз вайрон кардани чангкашак, аз омехтасозии латтаҳо, ки яке барои фарш асту дигаре барои миз тарс дошт.
Вале хоҳиши омӯхтанаш қавӣ буд. Ӯ гурӯҳҳоро ба душвортарин объектҳо мебарад ва ба кор бо масъулияти калон муносибат мекунад”,- нақл кард Нигора.
Фазои даста дӯстона аст. Агар фарзанди корманде бемор шавад, бе ягон савол басти ӯро мегиранд. Онҳо мисли як оила, мисли хоҳаронанд.
Муносибати мизоҷон: гоҳе қадршиносӣ ва гоҳе нофаҳмӣ
Тавре Нигора нақл мекунад, мизоҷон ба кори онҳо муносибати гуногун доранд, ҳатто баъзан нолоиқ.
“Мизоҷон хеле хуб ҳис мекунанд, ки ту ба кори худ чӣ қадар ҷиддӣ муносибат мекунӣ. Ба онҳое, ки моро ба дӯстону шиносҳояшон тавсия медиҳанд, сипос мегӯям. Барои як ширкати нав ин аз ҳар гуна реклама муҳимтар аст”, – илова кард вай.
Вай ба ҳайси роҳбар фахр дорад, ки коргаронашро воқеан эҳтиром мекунанд. Онҳо саҳар ба объект рафта, машғули кор мешаванд.
Мизоҷ дар миёнаи рӯз ногаҳон бо табақе ба наздашон омада, мегӯяд: “Духтарон, биёед, бароятон чой резам”. Ё ҳатто барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ омода мекунад.
“Ин гуна муносибат фазои гарме эҷод мекунад. Албатта, на ҳама вақт чунин аст. Одамон гуногунанд. Баъзан ба ҳолатҳое дучор мешавем, ки ғайриинтизоранд. Масалан, мо барои тоза кардани як хонаи дуҳуҷрадор пешакӣ нархро муайян мекунем. Корро бо эҳсоси масъулият анҷом медиҳем.
Вале дар охир мизоҷ нархро паст мекунад. Гӯё кор ба қадри кофӣ хуб иҷро нашуда бошад. Мо ҳамеша ба корамон кафолат медиҳем. Ҳатто ба мизоҷ латтаи сафед медиҳем, то худаш ба ҳама кунҷҳои хона рафта, сифати корро тафтиш кунад”, – қисса кард Нигора.
“Аз барои савоб кор кардем”
Чанд вақт пеш ба хонаи як зану шавҳари солхӯрда рафтанд. Он оила зиндагии хоксоронае дошт. Маълум буд, ки вазъи молиявиашон низ он қадар хуб нест. Вале худи онҳо бисёр хушмуомила буданд.
“Фаҳмидем, ки зан бемории вазнин дорад ва аз уҳдаи нигоҳубини пурраи хона намебарояд. Тозакорӣ тамом шуд. Ошхона медурахшид, дар хонаҳо низ ҳама чиз ба ҷояш. Бобо аз корамон розӣ шуду ногаҳон вз чашмонаш ашк рехт.
Ӯ бо мулоимӣ ба сӯйи мо пул дарозкунон гуфт: “Духтарон, шумо ба хонаи мо идро баргардондед”. Ҳис кардем, ки маблағ барояш пули зиёде аст. Бо вуҷуди ин, бо эҳтиром онро пардохт кард.
Аз ин рӯ, пеш аз рафтан қарор додем, ки он пулро баргардонем. Ба бобову бибӣ гуфтем, ки ин туҳфа аз тарафи ширкат ба онҳо аст. Агар аз онҳо пул гирем, амали носавобе мебуд”, – қисса кард Нигора.
Як шаби кори пеш аз тӯй
Баъзан занони “Элитклининг” пас аз адои басти корӣ боз ба кор мебароянд. Тавре Нигора Самадова нақл кард, як шом зане ба ӯ занг заду бо овози ларзон пурсид:
“Нигорахон, илтимос, кӯмак кунед. Пагоҳ тӯйи духтарам аст, аммо хона тамоман омода нест. Се рӯз боз хоб надорам”.
“Соат тақрибан ҳашти бегоҳ буд. То тӯй як шаб мондааст. Илоҷи рад кардан ҳам надоштем. Ба духтарон занг задам. Ҳама хаста буданд, вале ҳамин ки фаҳмиданд, сухан аз тӯй меравад, розӣ шуданд. Соати нӯҳ ба хона расидем. Соҳибхона сару калобаи худро гум карда буд”, – нақл роҳбари “Элитклининг” Нигора Самадова.
Ӯро дар курсие шинонида, гуфтанд: “Истироҳат кунед. Мо худамон корро ҳал мекунем”.
Покизакорон то субҳ кор карда, ҳамаи ҷойи хонаро пок сохта, ба тартиб дароварданд. Ҳатто қандилҳоро шустанд. Субҳ бонуи соҳибхона аз дубора дурахшидани хонааш шод шуда, бо ашки шодӣ гуфт: “Духтарҳо, маро наҷот додед.”
Баъди ин суханони мизоҷ Нодира бо лутф мегӯяд, ки “акнун, бо дилпурӣ камтар хоб кунед. Пагоҳ бояд зеботарин модари арӯс бошед”. Ҳол он, ки худашон баъд аз як шаби дароз орзуи хобро доштанд.
“Бо корамон фахр мекунем”
Қаҳрамони мо ба занони дигар маслиҳат медиҳад, ки дар оғози ҳар кор ба шубҳаҳои дигарон гӯш надиҳанд. Агар қарор қабул карданд, бо ҷуръат ба самти пеш ҳаракат кунанд.
“Занҳое, ки бо ман кор мекунанд, бо меҳнати ҳалол фарзандонашонро таъмин мекунанд, андоз месупоранд ва муҳитро тозатар месозанд.
Агар касе инро айб донад, пас мушкил дар назари ӯст, на дар касби мо. Ман бо ҳар зане, ки бо вуҷуди душвориҳо субҳи барвақт мехезад ва барои оилааш меҳнат мекунад, ифтихор мекунам. Барои ман ҳамин шаъну шараф аст”, – хулоса кард қаҳрамони мо.
Файзуллохон Обидов
