fbpx

Беш аз 10 млн. сомонӣ даромади блогерон дар 6 моҳ ва панҷгонаи калонтарин қарздорон аз мақомоти андоз

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз дар Тоҷикистон.


0
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Штамми нави коронавирус ҷаҳониёнро таҳдид мекунад

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) аз афзоиши босуръати шумораи гирифторони штамми нави коронавируси EG.5.1 ҳушдор дод. Дар ин бора дар гузориши созмон гуфта шудааст.

Штамми нави коронавирус

Ба гуфтаи вирусологҳо, ин штамми COVID-19 бо хусусияти “масуниятгурезӣ”-и худ фарқкунанда аст. Он метавонад дар баъзе кишварҳо ва ҳатто дар саросари ҷаҳон ба штамми бештар паҳншаванда табдил ёбад. Аммо, тавре ки СҶТ қайд кардааст, EG.5.1 бо шиддати беморӣ тағйир намедиҳад.

“Дар саросари ҷаҳон, дар 28 рӯзи охир (аз 10 июл то 6 августи соли 2023) қариб 1,5 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ва беш аз 2,5 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан аз 28 рӯзи гузашта 80 фоиз зиёд ва 57 фоиз кам шудааст”,- гуфта мешавад гузориш.

Аз ҳама бештар ҳолатҳои марг дар Бразилия – 500 фавт сабт шудааст.

Дар ҷои дуюм Кореяи Ҷанубӣ бо 340 фавт қарор дорад. Русия низ ба сегонаи аввал дохил мешавад, ки дар он 205 нафар қурбонии COVID-19 шудаанд.

Инчунин, ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф аз рӯи шумораи фавтидагон, Перу ва Австралия низ дохил мешаванд.

Биологи канадагӣ Райан Грегори штаммро ба зергурӯҳи намунаҳои EG.5.1 дохил карда, ба шарафи сайёраи хурд ба таври ғайрирасмӣ Eris (“Эрида”) ном ниҳодааст.

Аломатҳои маъмултарини Eris рафтани оби бинӣ, дарди сар, хастагӣ, атса задан ва дарди гулӯ мебошанд.

Блогерони тоҷик дар 6 моҳ беш аз 10 млн. сомонӣ даромад гирифтаанд

Давоми 6 моҳи соли даромад аз ҳисоби фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, блогерон ба мақомоти андози Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор сомонӣ супоридаанд.

Рафаэл Гулов ва Шоира Пулотова дар маросими супоридани ҷоизаи ТОП-10 блогерони Тоҷикистон
Блогерони тоҷик

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, онҳое, ки ба блогерӣ ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланду дар мақомоти андоз сабти ном шудаанд, ба 81 нафар расидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд мебошад.

Панҷ қарздори калонтарин аз андоз дар Тоҷикистон

764,3 миллион сомонӣ ё худ беш аз 70 миллион доллар бақияи қарзҳо аз андоз ба ҳолати 1 июли соли 2023 рост меояд. Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми август хабар дод.

Нусратулло Давлатзода
Акс аз сомонаи jahonnamo.tj

Ӯ қайд кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ин шумора 36,2 миллион сомонӣ бештар аст.

Давлатзода, инчунин аз панҷ қарздори калонтарин ном бурд, ки қарзи онҳо дар маҷмӯъ қариб 235 миллион сомонӣ (ҳудуди 22 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

  • ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 94 миллион сомонӣ;
  • ҶДММ “Талко ресурс” – 39 миллион сомонӣ;
  • ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” – 36,5 миллион сомонӣ;
  • ҶСК “НБО Роғун” – 33,3 миллион сомонӣ;
  • ҶСК “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 31,5 млн.

Ба гуфтаи ӯ сабабҳои афзоиши қарзҳо аз андоз гуногунанд.

“Баъзеҳо ба вазъи молиявӣ, баъзеҳо ба чизи дигар марбутанд. Мо дар ин самт кор карда истодаем”,- гуфт Давлатзода.

Номбурда зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз қарздорон ба таври иҷборӣ ба маблағи 486 миллион сомонӣ андоз ситонида шудааст.

Давлатзода таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 8,5 миллиард сомонӣ (беш аз 780 миллион доллар) ҷамъоварӣ ва ба буҷети давлат фиристода шудааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 миллион сомонӣ бештар аст.

“Иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ сифатан беҳтар шуда, дар ин давра таъмини танҳо ду намуди андоз – андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андоз аз захираҳои табиӣ иҷро нашуд”,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба далели имтиёзҳо аз андоз ва имтиёзҳои молиётӣ ба баъзе соҳаҳои афзалиятноки саноат, бахшҳои иқтисоди кишвар ҳудуди 2,7 миллиард сомонӣ (қариб 248 миллион доллар) ба буҷети давлатӣ ворид нашудааст.

Шикояти Хуршед Фозилов, хабарнигори тоҷик рад шуд. Ӯро ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд

Шикояти хабарнигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз ҷониби Суди вилояти Суғд рад шуда, қарори 7 сол ҳабси ӯро бетағйир мондааст. Дар ин бора масъулони Суди олии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми август иттилоъ доданд, менависад Радиои Озодӣ.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор

Ба иттилои манбаъ, вакилони дифои Хуршед Фозилов пештар талаб доштаанд, то ҳукм бекор карда шавад.

Аммо дар нишасти матбуотӣ гуфтаанд, шикояти Хуршед Фозилов моҳи июли имсол рад шуд. “Озодӣ” мегӯяд, Вакилони дифои рӯзноманигор ва наздиконаш ҳанӯз нагуфтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебаранд ё не.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, бо радди шикояти кассатсионӣ ҳукм ба иҷро медарояд ва мумкин аст Хуршед Фозиловро аз боздоштгоҳ ба зиндон баранд.

Хуршед Фозилов моҳи марти имсол боздошт ва рӯзи 26-уми май ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

Радиои Озодӣ аз нақли бародари рӯзноманигор, ки дар охирин мурофиаи судӣ иштирок кардааст, менависад, иттиҳоми асосӣ нисбат ба Хуршед Фозилов ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор” аст, “вале мақомот далели кофӣ надоштанд”.

Дар як соли охир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Танқиду талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои раҳоии хабарнигорон то ин дам натиҷа надодааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend