fbpx

Марде, ки духтарашро давоми 10 сол таҷовуз кардааст, ҳукми абад гирифт

Мухтасари хабарҳои рӯз. Аз талаби 7,5 соли зиндон ба Хуршед Фозилов то ҳукми абад ба марде дар Қирғизистон, ки духтарашро 10 сол боз таҷовуз мекардааст.


0
Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд
Акс аз сомонаи ratel.kz

Прокурор ба Хуршед Фозилов 7,5 соли зиндон талаб кардааст

Прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7,5 соли зиндон хостааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои наздикони рӯзноманигор хабар дод.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки Хуршед Фозилов

Аввалин мурофиаи судҳии Хуршед Фозилов имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дилрабо Самадова, яке аз вакилони дифои Хуршед Фозилов дар суҳбати телефонӣ ба “Аия-Плюс” мурофиаи судии имрӯзаро шарҳ надода, гуфтааст, ки “хулосаи мурофиаи имрӯзаро аз наздиконаш, ки ширкат доштанд, пурсед”.

Дар ҳамин ҳол, Радиои “Озодӣ” аз қавли Анвар Бобохонов, яке аз дигар вакилони мудофеи Хуршед Фозилов навишт, ки “ӯ иттиҳоми зидди Хуршедро беасос дониста, аз додгоҳ хостааст, ӯро аз толор озод кунанд”.

Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов ба ин расона гуфтааст: “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, гуфтааст: “Пурсиданд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард. Гуфтам, ки фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам”.

Наздикони рӯзноманигор гуфтанд, ки Суд мурофиаи дуввумро ба пагоҳ, 26-уми май гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки парвандаи Хуршед Фозилов пас аз таҳқиқ, ду ҳафта қабл ба Суди шаҳри Панҷакент ирсол шуд.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамтои русаш тафтиши латукӯби донишҷӯёнро хостааст

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова хостааст, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар ин бора сомонаи расмии Омбудсмени Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Омбудсмени Тоҷикистон ба ҳодисаи латукӯби донишҷӯён “фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар натиҷаи латукӯби бедалели бераҳмонаи донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ), ки субҳи барвақти 19-уми майи имсол рух дод, якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.

Дар робита ба ин, Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба амали ғайриқонунӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Комсомолски лаби Амур ва тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-уми майи соли равон хабари латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск расонаӣ шуд.

Тибқи иттилои нашргардида, афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ”-и Хабаровск субҳи барвақти рӯзи 19-уми май, қабл аз оғози дарс, ба хобгоҳ даромада, донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман изҳори назар накардаанд.

Марде, ки духтарашро давоми 10 сол таҷовуз кардааст, ҳукми абад гирифт

Сокини ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, бо айби дар давоми 10 сол таҷовуз кардан ба номуси духтараш ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар ин бора хабаргузории “Фарғона” иттилоъ додааст.

Таҷовузи духтари ноболиғ
Акс аз сомонаи 365dm.com

Вакили мудофеи ҷабрдида Мунару Оқилбекова гуфтааст, ки марди 43-сола дар 42 ҳолат айбдор эълон шудааст. Дар натиҷа, шаҳрванди Қирғизистон тибқи моддаҳои 154 (“Таҷовуз”) ва 155 (“Амалҳои зӯроварӣ дорои хусусияти шаҳвонӣ”) Кодекси ҷиноятии ин кишвар гунаҳкор дониста шудааст.

“Ҳар кадоми онҳо 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад ва дар умум ҳукми якумра муқаррар карда шуд”,- гуфтааст Оқилбекова.

Ба иттилои “Азаттик”, ҷабрдида гуфтааст, ки падараш бори аввал ба ӯ дар синни ҳафтсолагиаш дастдарозӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, таҷовуз даҳ сол боз идома доштааст.

Танҳо пас аз ворид шудан ба донишгоҳ ва ба Бишкек кӯчидан, духтар тасмим гирифтааст, ки ҳамаашро ба модараш нақл кунад.

Қаблан ҷабрдида аз додгоҳ тасмими одилона талаб карда, мегуфт, ки “ин нафар бояд тамоми умр дар зиндон бошад”.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Қирғизистон, дар соли 2022 дар Қирғизистон 438 парвандаи ҷиноятӣ оид ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон боз шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомот мушаххас кардаанд, ки шумори чунин ҷиноятҳо сол то сол афзоиш меёбад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend