Бофтаҳо ва ҳақиқат дар бораи бемории сил. Бемории сил ирсӣ нест. Ҳангоми ташхиси саривақтӣ ва пайравӣ ба табобат бемории сил комилан табобатшаванда аст. Дар Тоҷикистон муоина ва табобати бемории сил ройгон аст.
Ҳама маълумот дар бораи бемории сил дар силсилаи нави подкастҳои мо – “Аз сил ҳарфе бигӯ!”.
Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.
Меҳмони нахустини мо – Аслиддин Раҷабов, муовини директор ва мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ба мо дар бораи сабабҳои асосии гирифторшавӣ, пешгирӣ ва табобати сил ва барномаҳои аз байн бурдани он дар Тоҷикистон гуфт.
Аслиддин Раҷабов қайд намуд, ки бемории сил сироятӣ аст, вале на ҳама атрофиёни бемор ба он сироят меёбанд. Ӯ афзуд, бештар шахсоне ба сил сироят меёбанд, ки бо ин ё он сабаб дар давоми ҳаёт масъуният (иммунитет)-ашон заиф гаштааст.
“Нишонаҳои бемории сил, шахс зиёда аз ду ҳафта сулфа мекунад, камқувватӣ, бемадорӣ, баландшавии ҳарорати баданро эҳсос мекунад. Баландшавии ҳарорат ҳангоми бемории сил хусусияти худро дорад. Тасфи бемор танҳо бегоҳирӯзӣ то 37, 37,5 то 38 дараҷа баланд мешавад. Арақкунии шабонарӯзӣ, камиштиҳоӣ харобшавӣ нишонаҳои дигари сил ҳастанд”, – шарҳ дод мутахассис.
Дар хусуси омилҳои гирифтор шудан ба сил Раҷабов якчанд мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, шароити номусоиди зист, риоя нашудани реҷаи хӯрок, ғаму ғусса ва пазмон шудан, махсусан, дар байни муҳоҷирон аз омилҳои асосии дучор шудан ба сил аст. Дигар гурӯҳи хатар шахсони гирифтор ба ВНМО ва диабети қанд ҳастанд, афзуд ӯ.
Бемории сил тавассути акси рейнтгении қафаси сина, таҳлили балғам ва инчунин дар баъзе мавридҳо таҳлилҳои дигар муайян карда мешавад.
Ҳамсуҳбати мо эмкунии кӯдаконро (БЦЖ) яке аз василаҳои муҳимтарини пешгирӣ аз сил номид. Ба гуфтаи ӯ ин эмкунӣ кӯдакро аз оризаҳои сил эмин медорад ва то синни 12 солагӣ таъсир дорад.
Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:
Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод маҳсули ҶДММ “Аломат” буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.