fbpx

Аз тарма чӣ тавр наҷот ёфтан мумкин. Қоидаҳое, ки бояд дар хотир дошт

Ёдоварӣ барои онҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд ва ё аксар вақт аз минтақаҳои зери хатари тарма сафар мекунанд.


0
Наҷот аз зери тарма
Акс: ширкати IRS

Бориши барфи зиёди рӯзҳои ахир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хатари фаромадани тармаро бештар кардааст. Дар бораи тарма чӣ медонем, чӣ тавр аз он наҷот ёфтан мумкин ва ба зарардидагони ин офати табиӣ чӣ гуна бояд кӯмак кард? Якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои шумо чанд маслиҳат омода кардем.

Моҳи феврали соли 2023 бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ванҷи ВМКБ ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар минтақаи Варзоб 16 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тармафароӣ дар Хоруғ

Имсол тарма якҷо бо сангрезиҳо ба қайд гирифта мешавад. Тайи се рӯзи ахир дар минтақаи кӯҳсори Тоҷикистон чандин ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксари онҳо ба шоҳроҳҳое фаромаданд, ки дар он нақлиёт ҳаракат мекард.

Аз ҷумла, шаби 17 ба 18-уми феврал бар асари боридани барф дар километри 158-уми роҳи Душанбе – Чаноқ тарма фаромада, 5 мошин зери он монд. Паҳноии тарма 50 ва баландиаш 6 метр буд, хабар медиҳад ширкати IRS. Кормандони ин ширкат тармаро бартараф карданд ва хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тарма чист ва сабабҳои пайдоиши он чист?

Тарма ҳаҷми калони барфест, ки аз нишебиҳои кӯҳҳо мерезад ё ба поён мелағжад. Тармахои барфӣ хавфи калон дошта, боиси талафоти ҷонӣ ва зарари калон ба хоҷагии халқ шуда метавонанд.

Давомнокии тармафароӣ аз чанд сония то чанд дақиқаро ташкил медиҳад. Суръати ҳаракати он аз 10-20 м/с то 80-100 м/с аст. Ин ғайричашмдошт ва барои одамон фалокатовар будани онҳоро нишон медиҳад.

Сабабҳои фаромадани тарма инҳоянд: бориши тӯлонии барф, зуд обшавии барф, заминҷунбӣ, таркишҳо ва дигар намудҳои фаъолияти инсон, ки боиси ҷунбиши нишебиҳои кӯҳӣ ва тағйирёбии муҳити ҳаво мегарданд.

Дар давраи тармафароӣ чӣ бояд кард?

Пеш аз сафар дар бораи обу ҳаво, ҳолати роҳҳо, хатари фаромадани тарма тавассути Васоити ахбори омма ё огоҳии КҲФ маълумот гирифтан лозим аст.

Акс: аз сомонаи https://thehighasia.com/

Ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳои автомобилгарде, ки хатари фаромадани тармафа дар он мавҷуд аст, ба фосилаи байни мошинҳоро, ки хадамоти роҳ муқаррар кардааст, қатъиян риоя намоед.

Ба аломатҳои огоҳкунанда, ки дар минтақаҳои эҳтимолии фаромадани тарма ва ярч гузошта шудаанд, диққат диҳед ва дар ҳолати зарурӣ кӯшиш кунед, ки субҳи барвақт аз онҳо гузаред.

Дар хотир доред: давомнокии давраи хатарноки тармафароӣ дар Тоҷикистон аз моҳи январ то апрел аст, аз ҳама зиёд фаромадани тарма дар моҳҳои феврал ва март ба қайд гирифта мешавад.

Чӣ бояд кард, агар дар пеш тармаи ҳаракаткунанда аст?

Агар тармаи ба қадри кофӣ баланд канда шавад, мошинро зудтар ронда, мошинҳои дар пешистодаро огоҳ кунед.

Агар шумо пиёда бошед, пас қадаматонро зудтар кунед ё давида аз роҳи тарма ба ҷои бехавф гурехта, ба паси санг ё дар чуқурӣ пинҳон шавед. Дар паси дарахтони ҷавон пинҳон шудан мумкин нест.

Чӣ бояд кард, агар ҷойи пинҳон шудан аз тарма набошад?

Вақте ки дар яке аз наздиктарин минтақаҳои бехатар пинҳон шудан имконнопазир аст, шумо бояд суръати мошинро баланд карда, аз нишебӣ ба поён тақрибан зери кунҷи 45 градус ронда, ҳамин тавр аз хатти эҳтимолии ҳаракати қисми асосии тарма дур шавед.

Агар шумо дар ҳаво бошед ва ҳаҷми калони барф аз оқибатон меояд, бояд кӯшиш кунед, ки мувозинатро нигоҳ дошта ҳаракатро идома диҳед ва илоҷе карда, аз минтақаи тарма берун шавед.

Агар барф шуморо ҳамроҳи худ бибарад, бояд аз чизҳое, ки метавонанд шуморо зери барф кашанд ё осеб расонанд халос шавед.

Бинӣ ва даҳони худро бо дастпӯшак, рӯймол, гиребон пӯшонед, дар тарма бо ҳаракатҳои шиноварии дастонатон кӯшиш кунед, ки дар болои он бимонед, ба каноре, ки суръат пасттар аст, ҳаракат кунед.

Чӣ бояд кард, агар мошини ман зери тарма монда бошад?

Агар барф ба болои мошини шумо афтад ва онро пурра пӯшонад, фавран моторро хомӯш кунед, зеро газҳои хориҷшуда ба кабина дохил мешаванд ва шумо хеле зуд нафас мекашед. Кӯшиш кунед, ки дарро кушоед.

Ҳамин тавр, фазои бештари ҳаводор ба вуҷуд меояд, ки он имкон медиҳад нафас гиред ва инчунин кӯшиши аз зери барф баромаданро кунед.

автомобиль

Агар барф пеши роҳи шуморо баст, вале мошинатон пурра гӯр нашудааст, мусофиронро ба ҷои бехатар баред. Ба кӯмак даъват намоед ва сипас кӯшиш кунед, ки бо бел мошинро аз асорати барф озод намоед. Агар бо бел натавонед ва кӯмак ба зудӣ нарасад, ба мошин баргардед.

Дарҳоро махкам пӯшед, тарафи чапи мошинро бо ашёи эҳтиётӣ ё полиэтилен хунукногузар кунед, то талафи гармиро кам кунад. Барои гарм кардани дохили мошин мотори онро гоҳ-гоҳ ба кор дароред. Вале бисанҷед, ки барф қубурҳои ихроҷкуниро напӯшонида бошад, дар акси ҳол газҳо ба мошин дохил мешаванд.

Чӣ бояд кард, агар ба болои ман тарма фаромад?

Агар шумо дар зери тармаи барфи нав борида бошед, тавсия дода мешавад, ки тавассути ҳаракатҳои шиноварӣ ва ҳама чизе, ки қобилияти шиноварии шуморо зиёд мекунад, дар боло монед. Агар шумо канори тармаро бинед, кӯшиш намоед, ба сӯи он шино кунед.

Ҷасади зери тарма фавтидагон дар Бадахшон

Ҳангоми тармаҳои фишурда ва вазнин, мавқеи уфуқӣ гиред, зонуҳоятонро ба меъдаатон часпонед (ҳолати ҷанин), баданатонро ба самти ҳаракати тарма равона кунед. Дар ин ҳолат, ба шумо лозим аст, ки дастҳои худро то манаҳатон кашед, то ки дар наздикии гарданатон фазои холии ҳаводор бимонад.

Ҳангоми фаромадани тарма одамон аксар вақт аз ҳуш мераванд. Вақте ки ба худ омадед, бояд кӯшиш кунед, ки дастатонро озод намоед ва онро ба бинӣ гузоред, то фазои хурд барои нафаскашӣ мавҷуд бошад.

Кӯшиш кунед, ки барфро бо дастҳоятон кашида, дар атрофи рӯй ва қафаси синаатон низ фазои холие ба вуҷуд оред.

Агар имконият пайдо шавад, ба сӯи боло ҳаракат кунед. Барои муайян кардани болову поён туф кардан лозим аст.

Агар оби даҳон дар пеши шумо афтад, ин маънои онро дорад, ки шумо нисбат ба сатҳи замин чаппа хобидаед. Агар оби даҳонатон дар лабонатон монад, шумо сар боло хобидаед.

Ҳолатро ҳамин тавр ба тарафҳо туф карда месанҷад.

Вақте ки мавқеи худро муайян мекунед, бояд кӯшиш намоед, ки дасти худро ба боло дароз кунед. Агар дастатон берун набарояд, бояд ҳаракат кунед, барои гузаштани ҳаво сӯрохие созед.

Агар дар зери харобаҳо мондед, бояд кӯшиш кунед, ки атрофи худро кофта фазои барои ба дигар тараф гаштан бисозед.

Ором нафас кашед, воҳима накунед, ҳаракатҳои зуд ва ногаҳонӣ накунед, зеро ин боиси тез задани дили шумо мегардад ва шушҳо ба ҳавои бештар ниёз пайдо мекунанд.

Агар дар зери тарма мондед, дод назанед, барф садоро намегузаронад, доду фиғон ва ҳаракатҳои беҳуда шуморо танҳо аз қуввату оксиген ва гармӣ маҳрум мекунад.

Аммо агар роҳи баромад кофтед, вале то охир баромада натавонистед, бояд дод занед, то бо садои баланд диққати наҷотдиҳандагонро ҷалб кунед.

Оромиро аз даст надиҳед, нагзоред, ки хобатон барад, дар хотир доред, ки шуморо меҷӯянд.

Чӣ бояд кард, агар дар наздикии тарма бошам?

Агар берун аз минтақаи тармафароӣ ҳастед, бо ҳар восита ба наздиктарин маҳаллаи аҳолинишин хабар диҳед ва дар корҳои ҷустуҷӯиву наҷоти ҷабрдидагон кумак кунед.

Тармафароӣ дар Тоҷикистон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар ҳолати сармозадагӣ пас аз наҷот чӣ бояд кард?

Дар ҳуҷраи тафсон қисми сармозадаи баданро бо матои хушки мулоим молида гарм кунед ва баъд онро дар оби гарм андохта, ҳарорати обро тадриҷан то 40-45 дараҷа баланд кунед.

Агар дард рафъ шавад ва ҳассосият барқарор шавад, пас даст (пой)-и худро хушк кунед, ҷӯроб (дастпӯшак) пӯшед ва агар имконпазир бошад, ба беморхона равед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend