Барои рушди Википедияи тоҷикӣ дастгирӣ лозим

Ҳамоиши Wikimedia CEE Meeting 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба анҷом расид. Дар он беш аз 190 ихтиёриён аз 40 кишвар, ки дар пойгоҳи Википедия (Донишномаи озод) бо забонҳои гуногун ба эҷоду вироиши мақолаҳо машғуланд, ширкат варзиданд.

Ҳамоиш дар шаҳри Истанбул 3 рӯз давом кард. Барномаи он фарогири мавзӯъҳои додаҳои Википедия ва технологияҳо, мавқеи википедияҳо дар корҳои тадқиқотӣ, идора ва дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи википедия дар замони ҳукмронии ҳуши маснӯӣ ва ғайра буд.

Википедия бо забонҳои миллӣ бояд рушд кунад

Дар ҳамоиши Wikimedia CEE Meeting 2024 аз викинависони Тоҷикистон Зинҳор Насрӣ иштирок кард. Ӯ дар суҳбат бо муллифи Your.tj гуфт, ки дар вохӯрии ҳарсолаи викинависон кадом масъалаҳои муҳими марбут ба Википедия матраҳ шуд.

Зинҳор Насрӣ зимни баргузории вохӯрии викинависон бо намояндагони Википедияҳо бо забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, русӣ, итолиёвӣ, арабӣ, англисӣ, ҷопонӣ, туркӣ ва ғайра суҳбатҳои муфид ороста, таҷрибаҳои нав гирифт.

Зинҳор Насрӣ (аз рост якум) бо викинависони дигар кишварҳо

Барояш ҳатмӣ набудани либоси расмӣ, суханронии озоду пешниҳодҳои муфид, овозу мавқеи баробар, ки дар рафти ҳамоиш ба назар мерасид, писанд омад. Ба назари вай, ин боиси пешрафти якдигарӣ мешавад.

“Дар Wikimedia CEE Meeting 2024 таваҷҷуҳ ба фаъолияти донишномае, ки бо забони маҳаллӣ назар ба дигар забонҳои дар Интернет маъруф бештар буд. Масалан, дар Осиёи Марказӣ Википедия ба забони русӣ серистифода аст. Аз ин рӯ, масъалаи дарёфти роҳҳои рушди он бо забонҳои миллии ин кишварҳо баррасӣ шуд”,- гуфт викинависи тоҷик.

Бунёди Викимедиа ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки 13 лоиҳаи Донишномаи озодро идора намуда, созмонҳоеро дастгирӣ мекунад, ки мундариҷаи онҳоро эҷод ва назорат мекунанд.

Ин бунёд низ ҷонибдор аст, то сокинони ҳар кишвар тавонанд аз Донишномае, ки бо забони худашон фаъол аст, истифода баранд. Онҳо имкон доранд, ки барои рушди Википедия бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои миллӣ грант ҷудо кунанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки Википедия бо забонҳои маъруф низ маҳз бо дастгирии бунёди мазкур ба пешрафт ноил шудаанд.

Ояндаи Википедия дар асри ҳуши маснуӣ

Яке аз мавзӯъҳои ҷолиби ҳамоиш ба ояндаи Википедия дар асри ҳуши маснуӣ марбут буд, ки таваҷҷуҳи аксариятро ба худ ҷалб кард.

Муаллифони маърӯза бо мисолҳои мушаххас фаҳмониданд, ки ҳеҷ гоҳ дар ояндаи наздик ҳуши маснуӣ ҷойи Википедияро гирифта наметавонад. Зеро ҳуши маснуӣ бе он ба маълумоти фаровон дастрасӣ пайдо карда наметавонад.

Ҳар маълумоте, ки ҳуши маснуӣ дорад, дар такя ба махзанҳои Донишномаи озод ба вуҷуд омадааст. Яъне, ҳуши маснуӣ ҳеҷ маводеро худ аз худ тавлид карда наметавонад.

“Викинависон ва намояндагони Бунёди Викимедиа бар ин боваранд, ки айни ҳол Википедия дар муқобили ҳуши маснуӣ заиф нест. Ҳар рӯз миллионҳо нафар дар он менависанд, то маълумоти лозимиеро ёбанд. Он имрӯз пойгоҳи қавитарини илмиро мемонад”,- нақл кард аз таасссуроташ Зинҳор Насрӣ.

Иттиҳоди викинависони Осиёи Марказӣ таъсис меёбад?

Дар доираи ҳамоиши мазкур намояндагони Википедияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам шинос шуданд. Онҳо тарҳи ҳамоиши Central Asia Meeting – ро баррасӣ карданд, ки соли 2025 дар шаҳри Тошканд бо пуштибонии Бунёди Викимедиа баргузор хоҳад шуд.

“Интизор меравад, ки вохӯрии аввалини викинависони Осиёи Марказӣ дар моҳҳои апрел ва май соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Он қадами устуворе хоҳад буд, барои рушди Донишнома бо забонҳои маҳаллӣ”,- қайд намуд Зинҳор.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин роҳ Бунёди Викимедиа дар бораи фаъолияти викинависони Осиёи Марказӣ маълумоти бештаре дарёфт мекунад. Бояд гуфт, ки викинависони ин минтақа ба тарзи алоҳидагӣ фаъолият доранд.

“Иттиҳоди нави мо сабаб мешавад, ки дар Осиё Марказӣ Донишнома бо забонҳои миллӣ рушд кунад. Ба ин иттиҳод намояндагони викинависони кишварҳои Эрон, Озарбойҷон ва Гурҷистон низ даъват мешаванд”,- гуфт викинависи тоҷик.

Викинависони фаъол дар Тоҷикистон чанд нафаранд?

Феълан дар Тоҷикистон викинависони фаъол бештар аз 50 нафаранд. Мудирони викинавис 6 нафар мебошанд.

Дар маҷмӯъ, нафароне, ки дар Википедияи тоҷикӣ номнавис кардаанд, тақрибан ба 45 ҳазор нафар баробар аст. Кам касон аз ин шумора мақолаҳоро вироиш ё беҳтар мекунанд.

“Фаромӯш набояд кард, ки инкишофи Википедия бо забони тоҷикӣ дар навбати худ рушди ин забон дар Интернет аст. Мо талош дорем, ки бо дастгирии Бунёди Викимедиа, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷикро ба ҳамкорӣ ҷалб намоем”,- гуфт Зинҳор Насрӣ.

Wikimedia CEE Meeting 2024 (#WMCEE) ҳамоиши ҳарсолаест, ки дар доираи лоиҳаҳои Викимедиа дар кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва чанде вақти охир Осиёи Марказӣ низ доир мешавад.

Вохӯрии аввалин дар Белград (2012) оғоз ёфта буд. Дар давоми 12 сол иштирокчиён аз ин минтақаҳо ҳозир шуда, барои ташкили ҷомеаи ҷаҳонии викинависон таҷрибаҳои ҳамдигарро мубодила кардаанд.

Дар бораи монеаҳо барои рушди Википедияи тоҷикӣ назари коршиносонро дар ин ҷо хонда метавонед.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar