fbpx

“Пулҳоро сӯхту шавҳарашро бо корд зад”. Боздошти зани 33-сола дар Варзоб бо гумони сӯиқасд ба ҳамсараш

Наздикони Бердиев аз ҳодиса огоҳ гардида, ӯро бо “ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ” дар беморхона бистарӣ кардаанд.


0
Намогирифт аз гузориши ВКД дар барномаи "Милитсия хабар медиҳад".

Дар ноҳияи Варзоб зани 33-сола, модари 4 фарзанд ба он гумонбар мешавад, ки шавҳари худро аз рашк бо корд захмӣ намудааст. Дар ин бора ВКД дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод.

Гумонбаршаванда Сафарӣ Лутфия 28-уми август аз “ҳиссиёти рашк ва нобоварӣ” нисбати шавҳараш Фирӯзҷон Бердиев, аввал бо бензин маблағҳои дар сандуқи оҳанин бударо оташ зада, ба телефони мобилиаш сабт намудааст, гуфта мешавад дар гузориш.

Сипас байни онҳо муноқиша ба вуҷуд омадааст ва Лутфия  бо корд чанд зарба ба бадани шавҳараш задааст.

“Аз қаҳру ғазаб хостам, ки тариқи суд ҳеҷ чизро харида натавонад, сейфашро оташ задам ва пулҳояш сӯхтанд. Шавҳарам вақте омаду дид, ки сейфашро оташ задаам, аз қаҳру ғазаб гулӯи маро қапид. Хостам худро аз дасташ раҳо кунам. Сахт асабӣ будам ва нохост бо корд бо дасти рост ба пушташ задам. Як бор ба пушташ, як бори дигар ба кадом қисми дасташ, ҳамин қадар дар ёд дорам”,- нақл мекунад Сафарӣ Лутфия дар гузориш.

Дар гузориш гуфта намешавад, ки дар сейф чӣ қадар маблағ буд ва сухан дар бораи кадом суд меравад.

Наздикони Бердиев аз ҳодиса огоҳ гардида, ӯро бо “ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ” дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Сафарӣ Лутфия тибқи моддаи 32, 104 Кодекси ҷиноятӣ (Сӯиқасд ба одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Варзоб идома дорад. Тибқи ин модда гумонбарро аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend