fbpx

Ҳуқуқшинос бо дастони пурҳунар. Зарина чӣ тавр аз сангҳои табиӣ ороишоти занона меофарад

Ӯ зинаи бакалавр ва магистратураро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст ва ҳоло дар курси аввали зинаи докторантура таҳсил мекунад.


3
3 points
Зарина бо ороишот аз сангҳои табиӣ
Ин ва дигар аксҳо саҳифаҳои иҷтимоии қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Дар Шарқ ороишот аз сангҳои гуногуни қиматбаҳо аз қадим зиннатбахши занон буд. Вақтҳои охир занону духтарони тоҷик натанҳо ин гуна ороишотро ба бар мекунанд, балки ба офаридани онҳо низ машғуланд. Зарина Дадобоева ҷавонзанест, ки аз сангҳои қиматбаҳо муҳра, дастпонаву занҷираҳо ва ороишоти гуногуни занона меофарад.

Доир ба ҳунари дастии ин бонуи пурҳунар маллифи Your.tj қисса кард.

Ороишот аз сангҳои гаронбаҳо
Занҷираҳо аз санҳои табиӣ.

Аз шавқи кӯдакӣ то шуғли дӯстдошта

Зарина аз хурдӣ ба расмкашӣ ва сохтани ороишот аз мӯҳраҳо шавқи зиёд дошт. Аллакай аз синни 12 солагӣ барои худ ва наздикону дӯстонаш чунин ороишот месохт.

Падар шавқу ҳаваси ӯро дастгирӣ карда, барои ӯ муҳраҳо, сангҳои гуногуни ороишӣ ва ҳар гуна маҳсулоти заруриро мехарид. Зарина дар ҳама ороишоташ аз сангҳои табиӣ истифода мебарад.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки бо сангҳои табиӣ ва хосиятҳои онҳо ҳанӯз дар даврони кӯдакияш шинос гаштааст.

“Дар кӯдакӣ падарам бароям сангҳои табиӣ ва дар бораи хосияти онҳо китоб харид. Китобро муддати тӯлонӣ омӯхтам. Аммо ба хосиятҳои сангҳои табиӣ вақте бовар кардам, ки маънои онҳоро дар китобҳои динӣ хондам. Ҳатто дар дини мо дар бораи хосиятҳои сангҳои табиӣ гуфта шудааст”,- илова намуд бонуи ҳунарманд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Авторские Украшения (@zarina_handmade_)

Зарина бо ин шуғл аз замони дар курси 2 – юм таҳсил карданаш ҷиддитар машғул мешавад. Корҳои ӯро дида, ҳамсабақонаш маслиҳат медиҳанд, ки мағозаи интернетӣ кушояд ва худашон ба қавле муштариёни аввалин шуда, ороишоташро харидорӣ мекарданд.

“Мизоҷони аввалини ман хешовандон, шиносҳо, ҳамсинфон ва ҳамкурсонам мебошанд. Ҳоло дар байни онҳо табибон, омӯзгорон, кормандони соҳаи бонкӣ ва бисёр дигар соҳаҳо, инчунин наварӯсоне низ ҳастанд, ки барои “сарпо” ороишот мегиранд. Онҳо асосан ороишотро аз сангҳои табиӣ мувофиқ ба бурҷи худ, сангҳои шифобахш ва ороишоти шомгоҳӣ фармоиш медиҳанд”,- гуфт ӯ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Авторские Украшения (@zarina_handmade_)

Аз замони кӯдакӣ то ин дам барои муҳрабофии Зарина танаффусҳое кӯтоҳе буданд ва аз соли 2017 ӯ дубора ба офаридани ороишот мепардозаду ҳунарашро аз нав барқарор мекунад.

“Вақти махсуси машғулият бо муҳрабофӣ надорам. Дӯст медорам дар танҳоӣ, хомӯшона сари як пиёла чой кор кунам”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.

Овезаҳои дастӣ аз Зарина
Ороишот аз санги Яшма

Идеяҳои нотакрори ороишот аз сангҳои пурҷило

Ғояҳо ва тарҳҳои ороишотро Зарина аксар вақт худаш фикр карда, дар баъзе мавридҳо аз тавсияҳои модараш низ истифода мебарад.

“Дӯст медорам, ороишоте биофарам, ки нотакрор бошад, яъне ба дастранҷи пештараам монанд набошад. Модарам низ ба ман аз бисёр ҷиҳат кӯмак мекунад. Аз ӯ дар бораи эскизҳо, омезиши сангҳо ва рангҳои ҷавоҳирот мепурсам.

Баъзан хаёлан идеяеро соатҳо тасаввур мекунам, сипас онҳоро ба ороиш табдил медиҳам. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳамааш якбора рӯй медиҳад. Боз ҳастанд ороишоте, ки сохтанашонро оғоз мекунам ва онҳо метавонанд моҳҳо нимкора монанд, зеро гоҳе хоҳиши идома додан гум мешавад”,- шарҳ дод, ҳамсӯҳбати мо.

Ороишоти гуногун
Гуногунии ороишоти сохтаи Зарина.

Ҳуқуқшинос, омӯзгор, ҳунарманд ва модари серкор

Зарина Дадобоева зодаи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) буда, дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ба воя расидааст. Ӯ ҳамагӣ 24 сол дорад. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гирифтааст.

Ӯ зинаи бакалавр ва магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм карда, айни ҳол донишҷӯйи курси аввали зинаи докторантура мебошад.

Дар баробари ин дар ҳамин донишгоҳ ба донишҷӯёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дарс медиҳад.

“Ҳоло соли аввал кориям дар донишгоҳ аст. Баъди хатми магистратура ба ман таклифҳои зиёд барои кор омаданд, аммо донишгоҳро интихоб кардам, зеро дар байни омӯзгорони донишгоҳи мо устодони бузурге ҳастанд, ки дар пайравии онҳо минбаъд ҳам метавонам рушд кунам”,– гуфт ӯ.

Зарина оиладор буда, соҳиби кӯдаки хурдсол мебошад, ки ҳамеша ба таваҷҷуҳ ниёз дорад. Барои ҳамин танҳо дар вақти фориғ аз кори расмӣ ва нигоҳубини фарзанд буданаш метавонад бо шуғли дӯстдоштааш машғул мешавад.

Ороишоти занона
Ороишот аз бӯлӯри кӯҳӣ.

Ҷило ва хусусиятҳои гуногуни фоидабахши ороишот аз сангҳои ноёб

Ӯ вобаста ба дизайни ороишоташ намудҳои гуногуни асбобҳоро истифода мебарад. Асбобҳои асосии рӯйи мизи кории ӯ аз чароғ, якчанд намуди қайчӣ, анбӯр, риштаҳои ҳархела, сӯзанҳои андозаашон гуногун, риштаи моҳидорӣ (лески), симҳои заргарӣ, намад, ширеш иборат мебошанд.

“Вақте ки чизи зебое эҷод мекунам, аз он лаззат мебарам. Рӯйхати лавозимоти кориамро метавонам идома диҳам, зеро эҷоди ман гуногунранг аст ва ҳар яки офаридаҳоям тарзу услуби хоси худро дорад. Вале аз ин кор ҳеҷ гоҳ хаста намешавам, зеро натиҷаи онро дӯст медорам”,- иброз дошт бонуи муҳрабоф.

Санги дӯстдоштаи Зарина гранат мебошад. Худаш аз чокеру (занҷираҳои кӯтоҳ), занҷираҳои одию хоксоронаи аз гранат сохаташударо истифода мебарад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Авторские Украшения (@zarina_handmade_)

Ба гуфтаи ӯ ин санг бисёр аҷиб буда, аз ҷилои гуногуни рангҳо бой мебошад. Зарина доир ба хосияти сангҳое, ки дар ороишот истифода мебарад, дониши васеъ дорад.

Ӯ мегӯяд, аксарияти сангҳо хосияти табобатӣ дошта, бархеи дигарро мардум ҳамчун рамзи далерӣ, самимият ва пирӯзӣ истифода мебаранд.

“Янтар, ки санги маъруф аст, ғадуди сипаршакл (зоб)-ро табобат мекунад, аммо хосиятҳои он бо ин маҳдуд намешаванд, он инчунин таъсири шароити гуногуни обу ҳаворо ба одам коҳиш дода, бемориҳои шамолкаширо пешгирӣ мекунад.

Фирӯза низ яке аз ганҷҳои зеботарин аст. Номи он ба вожаҳои форсии “фирӯза” ё “пирӯз” алоқаманд аст, ки ба маънои “санги бахт” ва “зафар” низ меояд. Онро ҷанговарон барои пирӯзӣ мепӯшиданд”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.

Ороишот бо санги қиматбаҳо
Ороишоти занона аз санги фирӯза.

Ҳунаре, ки лоиқи дастгирист

Зарина одатан дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook аксу навори ороишоти сохтаашро мегузорад ва дар бораи хосиятҳои сангҳои дар онҳо истифодашуда маълумоти кӯтоҳ менависад.

Вале азбаски ба ғайр аз шабакаҳои интернетӣ, ягон мағоза ё воситаи таблиғи дастранҷашро надорад, фурӯши ороишоташ чандон рушд накардааст. Одатан дар арафаи ҷашнҳо, махсусан пеш аз Соли нав ва Иди модарон – 8 март каме харидоронаш зиёд мешаванд.

Гуногунрангии сангҳои ороишот

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар як моҳ то се-чор адад аз ороишоташ ба фурӯш мераваду баъзан моҳҳо бе харидор мемонад.

“Пас аз он ки Президенти мамлакат соли 2018 ва солҳои минбаъдаро солҳои ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ман бо ғайрати боз ҳам бештар ба кор шурӯъ кардам, аммо ба намоишгоҳ ё ярмаркаҳо роҳ наёфтам.

Чанд маротиба ба Ҳукумат ва кумитаҳои дигар муроҷиат кардам, вале баъдан на фурсат буду на вақт. Аммо ҳоло умедворам, ки дар ягон ярмарка ё намоишгоҳе ширкат кунам, то офаридаҳои маро бештар бубинанд ва харидорӣ намоянд”,- зикр намуд Зарина.

Қурбоной Муқим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
7
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend