Нодия Юсуфӣ муҳоҷири афғон дар шаҳри Бохтар ба омӯзиши забони англисӣ пардохтааст. Мегӯяд, забони хориҷӣ барои ояндаи рӯшан доштанаш дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Мисли ӯ даҳҳо ҳамватани дигараш низ мехоҳанд англисӣ омӯзанд, то тавонанд соҳиби ҷойи кор, даромади бештар ва зиндагии хуб дошта бошанд.
Ӯ дар бораи забономӯзӣ ва шароити зист дар Тоҷикистон ба муаллифи Your.tj нақл кард.
Талош барои нон
Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо дастгирии ҳукумати Канада барои ҷамъияти афғонҳо ва шаҳрвандони тоҷик курсҳои забони англисӣ ва компютерӣ ройгон роҳандозӣ шудааст.
Нодия Юсуфӣ омӯзиши забони англисӣ ва компютериро дар шароити кунунӣ хеле муҳим ва зарурӣ мешуморад, зеро мегӯяд, донистани забони хориҷӣ, хусусан барои муҳоҷирини афғон дар пайдо кардани ҷойи кор ва беҳтар сохтани шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ӯ ҳамроҳи худ боз чанд ҳамватанонашро барои омӯзиш ба Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бохтар бурдааст.
Нодия аз шаҳри Ҳироти Афғонистон аст ва ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Бохтар ба сар мебарад. Хатмкардаи Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар буда, феълан дар яке аз клиникаҳои шахсӣ фаъолият мекунад.
“Ба ҳамватанони худ, хусусан ба духтархонумҳо гуфтам, ки имконотро аз даст надиҳанд, омӯзиш кунанд. Мо барои нони худро пайдо кардан, бояд талош намоем”, – мегӯяд Нодия.
Садои худро хомӯш нахоҳанд кард
Ӯ аз он хушҳол аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад. Бархӯрди мардуми инҷоро мусбат арзёбӣ мекунад. Вале аз он нигарон аст, ки баъди ба дасти Толибон* гузаштани ҳукумат духтарон дар Афғонистон аз ҳаққи таҳсил маҳрум шуданд.
Аз тариқи оинаи нилгун аз вазъи феълии кишвараш огаҳӣ дорад. Як хоҳари калониаш табиб буда, феълан дар Афғонистон қарор дорад ва мегӯяд борҳо монеаҳои зиёде аз тарафи Толибон* ба сараш омадааст, ки наметавонист барои кор ба шифохона биравад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон занони зиёде ҳастанд, ки дар таркишу инфиҷорҳо шавҳар ва наздикону пайвандони худро аз даст додаву дар шароити сахту сангин ба сар мебаранд. Онҳо барои ба воя расонидани фарзандони хурдсол ва кашидани бори зиндагӣ маҷбуранд, ки кор кунанд. Аммо аз тарафи Толибон* монеаҳои зиёде гузошта шудааст.
“Ҳаёт бидуни таълиму тадрис пеш намеравад, ман бовар дорам, ки занону духтархонумҳои афғон ҳеҷ гоҳ садои худашонро хомӯш намекунанд. Ҳамеша аз ҳаққи худ дифоъ хоҳанд кард”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Агар имтиёзе бошад…
Нодия Юсуфӣ аз рӯзҳои гузаштае, ки дар Афғонистон буд, зуд-зуд ёд мекунад. Кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри зебои Ҳирот ва нишасту суҳбатҳои ширини дугонаҳояш пеши назараш омада, гоҳҳо ашк мерезонад.
Мегӯяд дар шаҳри Бохтар афғонистониҳо нисбат ба шаҳри Душанбе ва Ваҳдат камтаранд, вале робитаи хубе доранд. Дар иду ҷашнҳои миллию мазҳабӣ ба хонаи ҳамдигар мераванд, вале ҳамеша бо некӣ аз кишварашон ёд мекунанд.
Зиндагӣ дар Тоҷикистон барои Нодия ва хонаводааш хеле хушоянд аст, зеро озодиро инҷо эҳсос карданд. Дар ҳар соату ҳар дақиқа метавонанд озодона аз хона берун шаванд.
Нодия феълан дар шаҳри Бохтар бо ҷойи кор таъмин буда, дар баробари волидайн ӯ низ дар таъмини зиндагӣ саҳмгузор мебошад.
Қаҳрамони мо баъд аз хатми Колеҷи тиббӣ тасмим дошт, ки таҳсилро дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон идома диҳад, аммо маблағи шартномаи донишгоҳ барои ӯ гаронӣ кард. Мехоҳад барои таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои олии кишвар имтиёзе дода шавад, то битавонанд соҳиби маълумоти олӣ гарданд.
Баъди барҳам хӯрдани ҳукумати Ашраф Ғанӣ Афғонистон ҳазорҳо шаҳрванди он ба кишварҳои мухталиф, хусусан ба Аврупо фирор карданд. Феълан як бародар ва хоҳари калонии Нодия Юсуфӣ дар Австралия ва Италия қарор доранд.
Нодия мегӯяд, ки барои рафтан ба кишвари сеюм пули зиёд лозим аст. Дар сурати фароҳам омаданаи шароит ба Аврупо рафта, ҳама аҳли хонавода зиндагиро он ҷо идома хоҳанд дод.
*Толибон – созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон.
Амонҷон Муҳиддинов