fbpx

Чӣ тавр Беҳрӯз аз ҳамлаи Толибон наҷот ёфта ба Тоҷикистон омад. Қиссаи зиндагии як паноҳандаи афғон

Айни ҳол Беҳрӯз Усмонӣ бо пайвандонаш дар шаҳри Бохтар зиндагӣ карда истодаанд.


0

Беҳрӯз Усмонӣ як паноҳандаи фағон 6 моҳ пеш дар пайи таҳдидҳои шадид ва ҳамла аз ҷониби Толибон ба Тоҷикистон фирор кард. Беҳрӯз табиб буду дар беморхона кор мекард, аммо чун ӯ яке аз тарафдорони ҳукумати собиқ буду бо Ашраф Ғанӣ як акс дошт, Толибон ба ҳолаш намегузоштанд. Ниҳоят як рӯз ба Беҳрӯзр суиқасд мекунанд. Хушбахтона ӯ зинда мемонад ва бо кӯмаки бародараш ба Тоҷикистон меояд.

Дар баробари табиб будан Беҳрӯз дар самти умури ҷавонон фаъолият мекард. Толибон аз фаъолияташ огаҳ шуданд ва борҳо таҳдидаш карданд, ки ин корашро қатъ кунад. Аммо ӯ таҳдидҳои Толибонро чандон ҷиддӣ қабул накард.

Акс бо президент балои ҷон

Як аксе, ки Беҳрӯз дар мулоқот бо президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дошт, толибонро нигарон мекард ва таҳдидҳо болояш бештар мешуд. Ҳамчунин ӯ дар самти кор бо ҷавонон фаъолият мекард. Толибон чандин маротиба ба хонаву коргоҳаш мерафтанд ва таҳдидаш мекарданд, ки корашро бас кунад.

“Дар деҳа бо рафиқон футбол бозӣ мекардем, Толибон омадан ва гуфтанд, ки тӯб моли хориҷиҳост, бо он бозӣ накунед кофир мешавед. Дар дафтари умури ҷавонон либоси расмӣ доштем, толибон гуфтанд либосе, ки ба тан доред моли хориҷиҳост дигар чунин либос напӯшед кофир мешавед.

Сипас маро таъкид карданд, ки ба ин кор хотима бахшаму дафтари умури ҷавононро бибандам. Чаҳор бор бо телефон тамос гирифтанд ва пайём ҳам гузоштанд, ки ман аз корам дар умури ҷавонон даст бикашам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Наҷот аз тири Толибон

Чун Беҳрӯз аз гуфтаҳои Толибон саркашӣ кард, ниҳоятан онҳо ба ҷони ӯ суиқасд карданд, хушбахтона Беҳрӯз зинда монд.

“Дар роҳ будам ва сӯи хона мерафтам, ки садои тир шунидам ва дигар чизеро ба хотир надорам. Вақте ба худ омадам алакай дар беморхона будам. Мудати қариб 16 рӯз дар беморхона бистарӣ будам. Гарчанде ки пурра шифо наёфта будам, пайвандонам, ки алакай дар Тоҷикистон буданд, исрор карданд, ки ба Тоҷикистон биёям”, – ба хотир меорад, Беҳрӯз.

“Намехостам гуреза шавам аммо…”

Беҳрӯз Усмонӣ 29 сола ва зодаи шаҳри Ҳироти Афғонистон аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Ҳирот аст. Пас аз хатми донишгоҳ дар яке аз бемористонҳои Ҳирот пизикш шуда кор мекард.

“Тӯли 7 сол ройгон дар донишгоҳ таҳсил кардам. Ҳаққи азира доштам, ки бояд ба ватану милати худ хизмат кунам. Дар Афғонистон қариб ҳар рӯз ҷанг буд, оромӣ хеле кам эҳсос мешуд. Мардуми зиёд дар таркишу инфиҷорҳо захмӣ мешуданд. Онҳо ба духтур эҳтиёҷ доштанд. Ман намехостам корамро партофта гурезам, аммо нашуд”,- мегӯяд ӯ.

Беҳрӯз ҳанӯз дар синфи 3- юм таҳсил мекард, ки падараш вафот мекунад, бародарон хурд буданд ва бори гарони зиндагӣ ба души модараш буд. Бо вуҷуди нооромиҳое, ки дар Афғонистон буд, модар талош карда фарзандонашро бузург мекунад.

Зиндагӣ дар Тоҷикистон

Ҳоло Беҳрӯз Усмонӣ ҳамроҳи ду фарзанд, як бародар, апа ва модараш дар шаҳри Бохтар зиндагӣ карда истодаанд. Мегӯяд, ки сулҳро дар Тоҷикистон эҳсос кардаанду инҷо зиндагияшон хуб аст.

Ӯ айни ҳол дар фурӯшгоҳи Шаҳлои шаҳри Бохтар ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин машғул мебошад. Тавре ӯ мегӯя аз ҳама эҳсоси беҳтарин барояш ин аст, ки субҳ вақте аз хона мебарояд, умеди бозгашт ҳаст.

“Иҷоранишин ҳастем. Шукри Худо кор карда, луқмаи ҳалол мехӯрем. Дар Афғонистон вақте субҳ аз хона берун мешудем, умеди бозгашт надоштем. Чун сари ҳар қадам толибон буданд, ки ба ҷони мо таҳдид мекарданд. Дар инҷо ин ташвишҳоро надорем, роҳат ҳастем.”

Беҳрӯз ҳар рӯз ба аксҳои дар телефон будааш менигараду хотироти рӯзҳои будаашро дар Афғонистон ёдоварӣ мекунад. Вақте мо ба назди вай рафтем ӯ хеле ғамгин буд чун барояш хабари қатли як ҳамсинфашро аз ҷониби Толибон расонидаанд, ки ҳанӯз арӯсияшро як сол нашудааст.

Ҳушу хаёлам дар Афғонистон аст

Бо вуҷуди он, ки  аз омадани Беҳрӯз ба Тоҷикистон алакай ним сол гузаштааст, ӯ мегӯяд, ки ҳар субҳ вақте ба сӯи мағозааш меравад, фикр мекунад, ки ба беморхона рафта истодааст.

“Дар Тоҷикистон ҳастам, вале ҳушу хаёлам дар Афғонистон аст. Ҳар субҳ вақте аз хона берун мешавам фикр мекунам, ки беморхона рафта истодаам. Агар 100 сол ҳам ки дар инҷо бимонем, мо меҳмон ҳастем, аммо умеди дубора баргаштанро надорам”, – мегӯяд, Беҳрӯз.

Як қисми хонаводаи қаҳрамони мо феълан дар Афғонистон ҳастанд, бо онҳо доимо дар тамосанд, як қисмати хешу ақрабояш бошанд ба кишварҳои Аврупо рафтаанд. Ӯ дар Афғонистон ҷорӣ шудани сулҳро дигар бовар надорад, зеро ҳар рӯз ҷангу хунрезӣ ва саргардониҳои мардумро тариқи телевизиор тамошо мекунад.

Ӯ ҳоло шукр мекунад, ки зинда монду сари вақт фирор кард. Акнун ягона орзуи Беҳрӯз Усмонӣ ҷори шудани сулҳ дар Афғонистон аст, ки мехоҳад бо хонаводааш ба хонаи собиқи худ баргарданд ва фарзандонашро дар шаҳри Ҳирот бузург кунанд.

Амонҷон Муҳиддинов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
4
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend