Президент дар ноҳияи Темурмалик Боғи Парчам ва майдони Нишони давлатиро боз кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 сентябр ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, нахуст Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ гардида, дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан шинонида шуданд ва ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшад.
Дар идома сарвари давлат дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода дод.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии он бо дарназардошти сутунпоя 50 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метрро ташкил медиҳад.
Сипас бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Балҷувон омада, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ҳузур дошт.
Аъзоёни Конгресси ИМА аз ҶММ – и Афғонистон пуштибонӣ кардаанд
Ду вакили Конгресси ИМА дар як тамоси телефонӣ муқовимати миллии Афғонистонро таҳти сарварии Аҳмад Масъуд алайҳи “Толибон” ситоиш кардаанд.
Линдси Грем ва Майк Валтз, ду сенатори амрикоӣ ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон занг зада, кӯшишҳои ӯро дастгирӣ кардаанд.
“Суҳбат бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ифтихору имтиёзи бузурге буд. Ман аз шунидани уҳдадориҳои ӯ дар муқовимат ба бераҳмии “Толибон”*-и афғон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон қадрдонӣ мекунам”,-гуфта мешавад дар изҳороти якҷояи вакилон, ки дар “Твиттер” нашр шуд.
Онҳо иддао доранд, ки кобина ва нерӯҳои “Толибон”* шомили “Ал-Қоида”* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аст, ки эътироф нашудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба нафъи Амрикост.
“Мо аз ҳукумати Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна кӯшиши эътирофи “Толибон”*-и Афғонистон ҳамчун ҳукумати ин кишвар ва ба дархости намояндагии ин гурӯҳ дар Созмони Милали Муттаҳид муқовимат кунад”, – гуфтаанд Валс ва Грэм дар як изҳорот.
Як сокини 44 солаи Хуҷанд дар куштори кӯдаки 3 сола гумонбар дониста мешавад
Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар куштани кӯдаки 3-сола боздошт намуданд.
Боздоштшуда қаблан барои ҷиноятҳои дуздӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 11-уми майи соли 2020 ӯ дар хонаи истиқоматии иҷорааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, ки охирон фарзанди ӯ нест.
Дар ин замина нафрат пайдо карда, кӯдакро лату кӯб ва дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ мекунад, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат мерасад”, – омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, сипас рӯзи 12-уми май ӯ ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қ.2 Кодекси ҷинояти ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар сурати исбот шудани гуноҳ ба боздоштшуда ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.
Рустами Эмолалӣ ба Қазоқистон рафт ва аз вазъияти Афғонистон гуфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон зикр намуданд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогир таъсис ёбад.
Дар Қазоқистон музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлими миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони он кишвар доир гардид.
Котиботи Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ нахуст ба роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон, маулен Ашимбаев барои даъват кардани ӯ изҳори сипос намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон муҳокима карда шуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад.
“Толибон” қочоқчиёни маводи мухаддирро аз зиндонҳо озод карданд. Ҳаёти дотситонҳои ҳукумати пешин дар хатар аст.
Додситонҳое, ки дар ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд, мегӯянд, онҳоро ҷинояткороне таҳдид мекунанд, ки дар давраи ҳукумати пешин зиндонӣ шуда буданд.
Ин таҳдидҳо замоне оғоз шуданд, ки ҷангҷӯёни “Толибон” ҳангоми ғасби Афғонистон дар моҳи августи имсол ҳамаи зиндониҳоро раҳо карданд.
Ҳумоюн, як додситон аз вилояти Ҳилманд солҳои дароз ҷиноятҳои вазнинро таҳқиқ мекард. Дар Ҳилманд маводи мухаддир парвариш ва коркард мешуд. Ҳумонюн касонеро таъқиб мекард, ки ба тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон машғул буданд.
Акнун додситони пешин мегӯяд, ҷинояткороне ӯро таҳдид мекунанд, ки вай барои зиндонӣ шуданашон талош карда буд. Ба гуфтаи додситони пешин, ҷинояткорон ҷуброни ҷаримаҳои пардохта ва амволи аз сӯи давлат мусодирашудаашонро талаб доранд.
Додситонҳои пешин аз саросари Афғонистон ҳодисаҳои ба ин монандро нақл мекунанд.
Бисёрии аз зиндониҳое, ки аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон” озод шуданд, аъзои “Толибон” ва ё узви гуруҳҳои дигар, амсоли “Давлати исломӣ” ва “Таҳрики Толибони Покистон” буданд.
Аммо ҷинояткорони дигар низ “ба шарафи талошҳо”-и “Толибон” аз зиндон раҳо шуданд.
Вакилони мудофеъ хабар доданд, ки ҷинояткорони раҳошуда бо ҳадафи қасосоҷӯӣ ҳадди ақал ба 3 додситони пешин ҳамла ва онҳоро қатл кардаанд.