Дирӯз, 31-уми октябр Гулчеҳра Фозилова, корманди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯро «Духтари газета» мегуфтанд ва «Модари матбуоти тоҷик» унвонаш карда буданд, чун беш аз 50 соли умри дар фазои журналистика гузаронида буду зиндагиашро бе бӯи газета тасаввур карда наметавонад.
Гулчеҳра Фозилова 4 сол пеш аз зиндагии пурпечутобаш ба муаллифи Your.tj қисса карда буд, ки имрӯз тасмим гирифтем барои поси хотираш онро бознашр кунем.
Зиндагии вазнин пас аз марги падар
Қаҳрамони мо нахост дар бораи замони мактабияш нақл кунад, зеро ёдовар шудан аз гузаштаи талху сангинаш, бародари бемор, ятим мондан аз падару модари танҳояш пешорӯяш меоянд. Гулчеҳра ба ҳама мушкилиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда аз замони мактабхонӣ дар талоши хондану илм омӯхтан буд. Ӯ то хатми мактаби миёна ҳам фаррошӣ мекард, инчунин кӯшиш мекард, ки аз ҳамсабақонаш қафо намонад.
Бо ҳамсинфонаш аз аввалин хатмкунандагони мактаби миёнаи №36-и ноҳияи Шоҳмансур мебошанд. Гулчеҳра дар мактаб аълохон буд, бо ҳамдарсону муаллимон муносибати хуб дошт. Падараш дар мактаб посбону модараш фаррош буданд, аз ин рӯ зиндагиашон хуб мегузашт. Зиндагии хуби онҳоро марги набаҳангоми падар тағйир медиҳад.
«Зиндагиамон хуб буд, аммо якбора падарам аз сактаи дил вафот кард. Бори зиндагӣ бар дӯши модарам монд. Он вақт ман дар синфи 8-ум мехондам, зиндагиамон вазнин шуд, ман ва апаву бародарам ҳамроҳи модарам фаррошӣ мекардему рӯзамонро пеш мебурдем. То хатми мактаб ман фаррош будам»,- бо алам ва оби чашм нақл кард Гулчеҳра.
Таҳсили шабона бо дуои модар
Дилхоҳ зани деҳотие, ки имрӯз 40-50 сола ё калонсолтар бошад, оиди ҳаёти пас аз хатми мактабиаш суол кунем, хатти сужаи зиндагияшон якранг мебарояд. Яъне, солҳои пеш волидайн ба идомаи таҳсили духтаронашон розӣ намешуданд, кӯшиш мекарданд, ки духтаронро ҳарчи зудтар ба шавҳар диҳанд. Ин тақдирро наздик буд Гулчеҳраи шаҳрӣ низ такрор кунад, зеро модараш ба идомаи таҳсилаш ба таври қатъӣ розигӣ намедод.
Замони дар синфи даҳ хондани Гулчеҳра муаллимон ба ӯ ва модараш алоҳида-алоҳида таъкид мекарданд, то таҳсилашро давом диҳад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда модараш қатъан ба таҳсили ӯ розигӣ намедод ва Гулчеҳра пинҳонӣ аз ӯ пас аз гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултети филология, шӯъбаи рӯзона супорид.
«Аммо корам бе дуои модар барор нагирифт. Чанде баъд ҳамсинфам Саидалӣ хабар овард, ки маро ба шӯъбаи шабона қабул кардаанд. Бо вуҷуди ин модарам розӣ нашуд. Танҳо вақте ҳамсинфам Саидалӣ бурдану овардани маро бар зиммаи худ гирифт, модарам барои идомаи таҳсил иҷозат дод. Тӯли 6 сол аз соати 19:30 то соати 23:30 таҳсил намудам», – ёд овард он рӯзҳоро Гулчеҳра.
Ҷудоӣ барои хушбахтии шавҳар
Гулчеҳра Фозилова замони донишҷӯи шавҳар карда, пас аз 13 соли оиладорӣ аз ҳамсараш ҷудо мешавад, инак наздики 40 сол аст, ки танҳост. Аз сабаби фарзанддор нашудан Гулчеҳра аз хонаи шавҳар баромада меравад.
«Дар 13 соли оиладорӣ бо шавҳарам боре ҳам якдигарро наранҷондаем. Хушбахт будем, бароям хеле душвор буд ин хушбахтиро барҳам задан, намехостам шавҳарам низ аз пушти ман бе фарзанд монад. Рӯзе ба як қарор омадаму баромада рафтам. Ӯ ҳоло оиладор соҳиби фарзанд аст. Вале ман оилаи нав барпо накардам»,- гуфт Гулчеҳра.
Ним аср дар як газета
Қаҳрамони мо зиёда аз ним аср дар газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») фаъолият кард. Ӯ умри худро ба ин рӯзнома бахшид. Бинобар ин ӯро «Духтари газета» мегуфтанд.
Гулчеҳра корро дар газета аз хаткашонӣ оғоз кардааст. Рӯзҳои аввалини кориашро чунин ба ёд овард:
«Дар курси якум мехондам ва ба ҷои кор эҳтиёҷ доштам, ба умеди ёфтани кор, дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезадам. Дар ҷустуҷӯи кор ба назди бинои «Дом печать» рафтам, беихтиёр вориди бино шудаму дар роҳрави бино роҳаткурсиро, дида нишастам. Ногаҳ болои сарам марде пайдо шуд.
– Духтарам, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?,- бо тааҷҷуб савол дод.
– Коркобӣ омадам,- бо садои паст гуфтам. Ҷавобамро шояд хуб нафаҳмида буд. Ҳамин як саволи Муқим Абдураҳмонов, муҳаррири он вақта ва як ҷавоби ман сабаб шуд, ки аз ҳамон рӯз ба вазифаи курер (хаткашон) корро оғоз кунам», – бо ханда ба ёд овард Гулчеҳра.
Таваққуфи газета ва муҳоҷирати меҳнатӣ
Барои Гулчеҳра лаҳзаҳои кор дар газетаи солҳои пеш, ки он вақт хеле хонданӣ буданд, таърихи такрорнашаванда ва ғайриодӣ мебошад.
«Он замон дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» беҳтарин қаламбадастон кор мекарданд. Ҳамарӯза даҳҳову садҳо мактуб ба унвони матолиби нашршуда вориди редаксия мешуд. Мутаассифона, рӯзномаи мазкур як муддат аз фаъолият бозмонд ва аҳволи журналистонаш, хусусан ҷавонон то андозае сангин гардид. Солҳои 1995-1998, ки рӯзнома фаъолият намекард, ҳоламон вазнин гардид. Ман дар бозорчаи маҳаллаи Маяковский ба савдо машғул шуда аз паси нонёбӣ будам. Шукр, ки дар он рӯзҳо ҳам гурусна намондем»,- нақл кард ӯ.
Ин зани танҳо бо дили бузург, замоне озими Русия шуд. Ӯ азоби муҳоҷириву дур аз ватан буданро ҳам кашид. Гулчеҳра дар ин маврид кутоҳ гуфт:
«Мутаассифона, барои рӯзгузаронӣ муҳоҷири меҳнатӣ ҳам шуда будам, аммо бисёр кам, яъне ҳамагӣ 3 моҳ. Бароям кор дар муҳоҷират хеле душвор буд ва қарор кардам, ки роҳкироямро кор карда, ба Ватан баргардам ва чунин низ кардам».
Ӯ самимӣ буд
Гулчеҳра Фозилова чанде пеш устухони пояш шикаста, муддате бистарии бемористон буд ва ахиран дунёро тарк кард. Ӯ то чанде пеш дар «Шарқи Озод», кор мекард. Бе бӯйи газета, бе харидорону хонандагон ва журналистон худашро тасаввур карда наметавонист. Самимият, меҳру шафқат, хайрхоҳӣ, дилкушодӣ, эҳсоси ғаму шодишарикӣ чун ифодаи одамият дар вуҷуди апаи Гулчеҳра ба муҷассамаи меҳр табдил ёфта буд.
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ барои Your.tj