fbpx

“Бо донистани забони кореягӣ”. Аз соли 2025 тоҷикистониён метавонанд барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ раванд

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, яке аз талаботҳои асосии корфармоёни Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ аст.


0
Акс: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

31 октябр байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея” ба имзо расид.

Интизор меравад, ки аз оғози соли 2025 интиқоли қувваи корӣ ба Корея дар заминаи Ёддошти мазкур сурат мегирад, менависад Вазорати меҳнат.

“Ёддошти тафоҳуми мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн омода гардида, ба таҳким ва рушди босуботи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, омода намудани неруи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ ва будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар равона шуда, ба раванди гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ин созишнома ба паст кардани шиддати бекорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави меҳнатӣ, пешгирӣ ва ихтисор кардани иқомати ғайриқонунии коргарон имкон медиҳад.

Тоҷикистон 29 декабри соли 2023 ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатии Корея ворид гардида буд.

Дар назар аст, ки тарафҳо талаботи хизматрасониҳои дахлдорро барои қабул ва рушди чунин ҳамкорӣ, инчунин омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ байни кишварҳоро дар доираи қонун, қоида ва қонунгузории мавҷудаи ҳар ду давлат ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ сода менамоянд.

Ба иттилои Вазорат, яке аз талаботҳои асосии корфармоёни Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ аст.

“Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст”,- гуфта мешвад дар хабар.

Хоҳишманд метавонанд барои омӯзиши забони кореягӣ ба МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, муроҷиат кунанд.

Гуфта мешавад, дар Ёддошти тафоҳум механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Корея ба инобат гирифта, муқаррароти он пурра ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардида, оқибатҳои манфӣ надоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend