Аз тасвири духтаре аз Венесуэла то шикоят аз медали олимпӣ. Қиссаи Сомон Маҳмадбеков аз ҳаёти варзишӣ

Номи Сомон Маҳмадбеков, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж 2024 аз риштаи варзиши ҷудо дар вазни 81 кг баъди ба медали биринҷӣ соҳиб гардиданаш бештар аз пештар маъруфу машҳур гардид.

Ҳатто ба наздикӣ духтараки рассоме аз кишвари Венесуэла расми Сомонро кашида дар шабакаи иҷтимоии Instagram гузоштааст. Ӯ навиштааст, ки бо ин тасвираш ба як намоишгоҳи рассомон роҳ ёфтааст.

Сомон Маҳмадбеков ба муаллифи Your.tj дар мавриди сабқаташ дар бозиҳои олимпӣ, варзиш, нақшаҳои ояндааш нақл кард. Нодира Собирзод, муаллифи Your.tj инчунин бо муаллифи расми Сомон аз Венесуэела ҳамсуҳбат шуд.

“Сад фоиз боварӣ доштам…”

Сомон қабл аз олимпиада гуфта буд, ки агар ғолибиятро ба даст орад, ду моҳ истироҳат мекунад ва баъд ба ҷудо бармегардад. Аммо иқрор шуд, ки қариб ҳар рӯз дусоатӣ машғули тамрин будааст. Тамрини бетанаффусро асоси муваффақияти варзишгар ва нигоҳ доштани вазн меҳисобад.

“Аз ҳаштсолагӣ вақти зиёдро сарфи ҷудо кардаам. Ҷудо барои ман зиндагии шахсӣ ва ҳам шуғли дӯстдошта аст. Меҳнатҳоям самара овард ва Худованд маро қадрдонӣ намуд”,- асоси муваффақиятҳояшро ба заҳматҳояш нисбат медиҳад ӯ.

Вақте дар минбар ба гардани Сомон медали олимпиро меовехтанд, чашмонаш пурнам буд. Ӯ ин эҳсосро ба таври зайл шарҳ дода мегӯяд, ки ҳамон дам тамринҳои пайваста, захмҳо ва фишорҳои рӯҳие, ки нисбати худ мекард, як лаҳза аз пеши назараш гузаштанд ва бо тамоми вуҷуд дарк кард, ки ин ҳама кӯшишҳо беҳуда набудаанд.

Сомон дар тамоми Тоҷикистону берун аз он мешиносанд ва мухлисияш мекунанд. Ба ӯ ин қадрдонии ҳамватанону мухлисонаш писанд аст.

Ба таъкиди варзишгар, ин “бемории ситора” нест, балки аз муҳаббати мардум илҳом мегирад ва акнун барои ба даст овардани медали тило дар Бозиҳои олимпии тобистонаи 2028 дар Лос-Анҷелес талоши бештар мекунад.

Варзиш бурду бохт дорад, гуфт Сомон ва мағлубияташ варзишкори гурҷӣ Тато Григалашвилиро шарҳ дод:

“Сад фоиз боварӣ доштам, ки Таторо мағлуб мекунам. Зеро бо мураббиёнам маҳз барои мубориза бо ин куштигири гурҷӣ омодагӣ дида будам”,- афзуд ӯ.

Аммо ҳангоме дар вақти иловагӣ имкониятро аз даст дод, барои мағлубияташ бисёр ғамгин шуд. Шояд сабаб ин аст, ки тайи як моҳ машқи амалӣ накарда буд.

“Шукр, ки то даври тасаллобахш ду соат вақт доштам, амакам дилбардорӣ карда, гуфтанд, боварӣ доранд, ки ҳатман аз Париж бо медали олимпӣ бармегардам”,- нақл кард Сомон.

Ҳамин тавр, Сомон баъди шикасти рақиби ӯзбекистонӣ ва итолиёиаш зинаи сеюмро касб намуд ва аввалин парчамбардори Тоҷикистон дар ин олимпиада гардид.

“Мехоҳам ҳарифи ҳарифамро мағлуб кунам”

Ӯ мегӯяд, қариб бо ҳамаи ҷудочиёни ҷаҳонии ҳамвазнаш рақобат кардааст. Инак мехоҳад бо Нагасэ Таканори, ки дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи вазни +81 мақоми аввалро гирифт, сабқат кунад.

Зеро Таканори бо маҳорати худ тавонист нишон диҳад, ки ӯ Таторо мағлуб карда метавонад. Пас, Сомон кӯшиш мекунад, ки ҳарифи ҳарифашро, ки воқеан қавӣ аст, мағлуб намояд.

Варзишгар дӯст намедорад бештари вақти худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ сарф намояд. Ҳатто қариб ду моҳ қабл аз олимпиада саҳифаашро дар инстаграм пурра ҳазф карда буд, то ба тамринҳояш халал нарасонад.

Танҳо пас аз корнамоиаш дар Париж саҳифаи худро аз нав барқарор кард каме фаъол шуд. Рӯзи 9 август дар “сториз”-и инстаграмаш аксе гузошт, ки ҳамроҳи мураббии ҷопониаш Тамура Тори дар назди “Манораи Калон”-и Бухоро ҳастанд.

Сомон гуфт, нисфи дастаи олимпии Тоҷикистон баъди иштирок дар олимпиада давоми даҳ рӯз мунтазири варзишгарони дигар дар Ӯзбекистон монданд. Сомон, ки боре дар Самарқанду Бухоро набуд, ба тамошои ин шаҳрҳои таърихӣ рафт.

“Аз сифати медал розӣ нестам”

Бисёре аз барандагони медали олимпӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тағйир ёфтани сифати медали худ шикоят карданд. Аз ҷумла Сомон ҳам дар ин маврид фикрашро баён кард.

“Вақте 3 август ба Тошканд омадем, аллакай медали ман намуди дигар гирифт. Медалро барои таъмир додам, мутахассисон коркард карданд, аммо онҳо мегӯянд, медал боз рангашро иваз мекунад. Аз сифати медалам ба куллӣ розӣ нестам”,- изҳори нигаронӣ кард Сомон.

Мухлиси Сомон аз он тарафи уқёнус

Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки духтаре аз Венесуэла лаҳзаи муҳорибаи Сомонро рӯйи коғаз тасвир кардааст. Ба гуфтаи Сомон ин туҳфаи ногаҳонӣ аз он сӯйи уқёнус барояш воқеан хурсандибахш буд.

“Аз дидани ин тасвир бисёр шод шудам. Ростӣ бо муаллифи он шахсан ошно нестам. Ӯ танҳо дар зери ин расм дар саҳифаи инстаграмаш саҳифаи маро қайд кард ва ҳамон вақт ин тасвирро дидам”,- шарҳ дод Сомон.

Найбертйелла Перез (Nybertyela Pérez), муаллифи тасвири мазкур дар суҳбат бо Нодира Собирзод гуфт, ки ӯ баъди дар Бозиҳои осиёӣ ба медали тило сазовор шудани Сомон ба мухлиси ашадии вай табдил ёфтааст.

Ӯ ба эҷоди ин тасвир рӯзи 4 август, яъне пас аз медали олимпии биринҷиро соҳиб шудани Сомон шуруъ карда, 10 сентябр онро ба анҷом расонидааст.

Ба гуфтаи Найбертйелла ӯ ҳамчун донишҷӯи риштаи санъати тасвирӣ, аз сохтори анатомии Сомон хеле ба ҳайрат афтодааст.

Ӯ ин тасвирро дар намоишгоҳи маҳаллӣ, ки дар он рассомон тасвирҳои вобаста ба Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро пешниҳод мекунанд, ба намоиш гузоштааст.

“Мехоҳам рӯзе ба Тоҷикистон равам ва фарҳанги мардуми тоҷикро омӯзам. Ва ин сафар баҳонаи хубе мешавад барои суҳбати рӯ ба рӯ бо Сомон Маҳмадбеков”,- иброз дошт мухлиси ҷудокори тоҷик Найбертйелла аз Венесуэла.

Бояд қайд намуд, ки Найбертйелла Перез ҳамагӣ 17 сол дорад. Ӯ айни замон донишҷӯи ихтисоси дизайни графикии донишгоҳи Венесуэла аст.

“Намехостам вазнамро иваз кунам, вале…”

Соли 2019 дар раванди мусоҳиба дар ҷараёни барномаи мустақими “Иртибот” -и ТВ “Варзиш”, яке аз бинандагон ба Сомон савол дода буд, ки оё ӯ метавонад вазнашро аз +73 ба 81 иваз кунад.

Зеро ӯ ва ҷудочии дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ҳамвазнанд ва дар Бозиҳои олимпӣ аз як кишвар ду нафар дар вазни баробар ширкат варзида наметавонанд.

Сомон ҷавобан гуфта буд, ки дар варзиш ҳар кас беҳтар бошад, ҳамон нафар дастболо мешавад ва ӯ нияти иваз кардани вазнашро надорад. Аммо дар соли 2022 ӯ ба вазни +81 гузашт.

Варзишгар ҳоло сабаби ивазшавии вазнашро шарҳ дода мегӯяд, ки организми ҳар нафар ҳар хел аст. Масалан, ҷопониҳо метавонанд баъд аз 18 солагӣ бемалол вазнашонро нигоҳ доранд, аммо барои мардони тоҷик ин то қадре мушкил аст.

Дар ҷараёни Бозиҳои олимпии тобистонаи Токио дар соли 2021 вазни Сомон 76-78 кг буд. Баъди олимпиада мураббиаш ба ӯ машварат дод, ки вазнашро иваз кунад. Аммо Сомон мехост, танҳо баъд аз Бозиҳои олимпии Париж вазнашро зиёд кунад.

“Ҳангоми машқҳо худро хаста эҳсос намекардам, аммо дар майдони мусобиқа аллакай аз дақиқаи 3-юм монда мешудам. Дар яке аз мусобиқаҳои моҳи июни 2022 аз ҷудокори узбек дар дақиқаи иловагӣ мағлуб шудам. Баъди ин ба хулосае омадам, ки бояд вазнамро зиёд кунам”,- чӣ тавр ба ин қарор омаданашро ба ёд овард ӯ.

Соли аввал барои ӯ мушкил буд, лекин бетанаффус кӯшиш мекард, ки ба вазни нав одат кунад. Ҳамин тавр, шуруъ аз моҳи март муваффақиятҳои Сомон дубора сар шуданд.

Тамрин бо пойи гаҷбандишуда

Ба андешаи Сомон барои ғолиб шудан ба рақиб дар сабқат пеш аз ҳама омодагии рӯҳӣ, айёрӣ, ҳушёрӣ ва сабр муҳим аст. Қувва дуюмдараҷа аст, яъне онро дуруст истифода бурданро омӯхтан лозим.

Сомон гуфт, ки дар муваффақиятҳои варзишгар пеш аз ҳама мураббии ботаҷриба муҳим аст. Мураббӣ мисли падари дуюм аст, ҳатто хӯроки варзишгарро зери назорат мегирад.

Ҳастанд мураббиёне, ки ба варзишгар барои бисёр машқ карданаш фишор меоранд. Ин воқеан бефоида аст. Вақте варзишгар то қадри кифоя ва бо завқ машқ мекунад, натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад.

Як ҳафтаи Сомон ҳамчун варзишгар ба ин тартиб мегузарад: рӯзҳои душанбе ва сешанбе аз соати 6:30 то 7:30 машқ, субҳона, соати 10:00 машқ, хӯроки нисфирӯзӣ, истироҳат, соати 17:00 боз ҳам машқ.

Рӯзи чоршанбе танҳо медавад. Панҷшанбе ва ҷумъа мисли рӯзҳои душанбею сешанбе аст. Ин барномаро дар Иркутск иҷро мекунад. Дар Душанбе бошад, ҳар субҳ барои нигоҳ доштани вазнаш дар зинапояҳои “Боғи Ғалаба” медавад.

Сомон мегӯяд, дар солҳои навҷавонӣ аз сабабе ки дар Иркутск ба воя расидааст ва тамрингоҳаш дар он ҷост, мехост дар мусобиқаҳо аз номи Русия иштирок кунад.

Вале вақте шаҳрвандии Русияро гирифт, аз зонуяш ҷароҳат бардошт ва се моҳ натавонист сабқат кунад. Ҳамон вақт ба хулосае омад, ки дар мусобиқаҳо номи Ватани худро ҳимоя мекунад.

“Бо пойи гаҷбандишуда (гипс) низ машқ мекардам. Амакам намегузошт, ки аз мусобиқа дур бошам”,- гуфт ӯ сахтгирии мураббиашро ёдовар шуда.

Сомон фаъолияти варзишии худро анҷом мебахшад?

Қаҳрамони мо дар таҷрибаи 17 солаи варзишиаш ҳамагӣ як-ду маротиба дар фикри тарки ҷудо афтодааст. Ин дар ҳолатҳое рух медод, ки ӯ пештар новобаста ба сатҳ ба ҳамаи мусобиқаҳо мерафт ва дар бархеи онҳо мағлуб мегашт.

Ҳоло аз иштирокаш дар чунин мусобиқаҳо мутаассиф аст, зеро ҳамин гуна сабқатҳо ба руҳияи ӯ таъсири манфӣ мегузоштанд. Ягона манфиати ин қабил мусобиқаҳо дар он буд, ки ҷудокор дар онҳо хол ҷамъ карда метавонист.

Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳо дар соли 2021 гуфта буд, ки агар медали олимпиро ба даст орад, фаъолияти варзишии худро анҷом мебахшад ва рӯ ба соҳибкорӣ меорад. Аммо ба мо гуфт, ки ҳоло намехоҳад аз ҷудо дур бошад ва дар талоши муваффақиятҳои нав аст.

“Агар рӯзе ба қароре омадам, ки аз ҷудо бароҳат нестам, ҳамон гоҳ дар иштирок ба мусобиқаҳо нуқта гузошта, дар Душанбе ва Иркутск академияи ҷудо таъсис медиҳам”, – гуфт ӯ.

Чанд далели ҷолиб дар бораи Сомон

Дар оилаи Сомон ба ҷуз ӯ дигар касе бо варзиши касбӣ машғул нест. Падари ӯ Моёншо Маҳмадбеков сиёсатшинос, пажӯҳишгар ва ҷуғрофидон аст. Модараш Ҷамила Парвонаева бошад. ба ҳайси духтур фаъолият мекунад.

Бародарони Сомон ба тиҷорат завқ доранд ва хоҳараш дар ихтисоси тарҷумони забонҳои англисӣ-фаронсавии ДМТ таҳсил мекунад.

Сомон рутбаи лейтенанти хурди милитсияро дорад. Баъди ғолибияташ дар чемпионати ҷаҳон дар байни ҷавонон шахсан вазири Вазорати корҳои дохилӣ ба ӯ ин рутбаро супорида буд.

Ӯ наворҳои мағлубияти худро тамошо мекунад. Ин барои вай бисёр муҳим аст, чунки бо ҳамин тарз хатоҳояшро ислоҳ мекунад.

Сомон ҳоло ба ҷуз варзиш дигар фаъолияте надорад, ки ӯро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намояд. Маблағҳое, ки аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст меорад, барои ӯ басанда будааст. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон низ аз ҷиҳати молиявӣ ба ӯ ва дигар варзишгарони касбӣ кӯмаки молиявӣ мерасонидааст.

Ин варзишгари номӣ аз сабаби гум шудани шиносномаҳо, кортҳои бонкӣ ва роёнаи шахсиаш дар Русия, дар мусобиқаҳои Hungery Masters ва Zagred Grand Prix имконияти иштирокро аз даст дода буд.

Сомон дар баробари ҷудокори ҳирфаӣ будан, аспсавори чаққон низ ҳаст.

Ӯ намехоҳад, ки дар оянда фарзандонаш варзишгари касбӣ шаванд. Зеро худи Сомон дар тай кардани ин роҳ мушкилиҳои зиёдро паси сар кардааст.

“Барои ба даст овардани натиҷаи мусбат варзишгар бояд чизеро қурбон намояд. Барои мисол ман кӯдакиамро қурбони тамрин кардам, вале ҳеҷ пушаймон нестам”,- таъкид намуд Сомон.

Нодира Собирзод, Шаҳзода Ашӯралиева

Skip to toolbar