fbpx

“Мехоҳам дар эҷодам инсондӯстиро тасвир кунам”. Рассоме аз Бадахшон бо услуби ғайриодӣ асар меофарад

Ӯ бештар дар жанри мозаика – абстраксия асар меофарад.


0
Рассом аз бадахшон
Ин ва дигар аксҳо аз хазинаи шахсии қаҳрамони мақола дастрас гардид

Фурқат Карамхудоев рассом аст. Услуби тасвири ғайриодӣ дорад. Дар баробари он ки қариб дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ маҳорат дорад, дӯст медорад бештар дар жанри мозаика – абстраксия асар биофарад.

Муаллифи Your.tj бо рассом ҳамсуҳбат шуд ва аз услуби нозуки тасвирҳои ӯ нақл кард.

Тасвири рассоми тоҷик аз Бадахшон
Тасвир дар жанри мозаика

Истеъдоди худодод

Ӯ аз хурдсолӣ ба ин кор машғул будааст. Имрӯз бошад, бо ин ҳунар аллакай миёни ом мавқеъ пайдо кардааст. Фурқат қариб, ки дар ҳамаи жанрҳо рассомӣ асар дорад. Вале бештари тасвирҳояш дар жанри мозаика – абстраксия мебошанд.

“Рассом низ мисли ҳар эҷодкор дастхати ба худ хос дорад. Ба тасвиркашӣ аз хурдӣ шавқ доштам ва ҳар расмеро, ки медидам зуд ба кашиданаш мепардохтам. Ёд дорам, ҳамаи расмҳои китобҳои дарсиамро дар албоми калоне тасвир карда будам. Он аз даст ба дасти дӯстону ҳамсинфонам мегашт”,- нақл кард ӯ.

Истеъдоди ӯ ниҳон намонд. Ҳунари Фурқатро волидону муаллимони мактаб ба назар гирифта, ӯро шомили гурӯҳи рассомони ҷавони мактаб менамоянд. Қаламкаши ҷавон минбаъд дар ҳама озмунҳои рассомӣ ширкат меварзид. Соли 2011 дар озмуни ҷумҳуриявии рассомӣ дар мавзӯи «Сулҳ» иштирок намуду соҳиби ҷойи аввал гашт.

Тасвири тоқиҳои бадахшонӣ

Илҳом аз манзараҳои зодгоҳ ва зебоиҳои пойтахт

Фурқат зодаи шаҳри Хоруғ буда, маълумоти ибтидоиро дар ҳаминҷо гирифтааст. Илҳому сарчашмаи асарҳои ӯ табиати зебои кӯҳистону зебосанамҳои шӯхи диёр ва кабкони масти кӯҳсорон будаанд.

“Даврони тифлӣ беҳтарин айём барои ҳар як инсон мебошад. Ман айёми кӯдакиамро бо хандаю бозӣ гузарондам ва афсӯс, ки он хеле зуд сипарӣ гашт. То чашм ба ҳам задем, ки аз он даврон нишоне намонда”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.

Баъди хатми мактаби миёна Фурқат ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон месупорад ва муҳассили ин даргоҳ мегардад. Дар баробари таҳсил ӯ аз пайи эҷоди асарҳои хеш буд. Барои эҷоди як асар рассоми ҷавон вақти зиёд лозим мешавад. Зеро ӯ танҳо замоне қаламу қоғаз ба даст мегирад, ки мавҷи андешаҳояш дар олами дигаре дар парвоз оянд.

Рассоми бадахшонӣ

“Идеяи офаридани асаре аз руҳияи худи инсон вобаста аст. Вақте дар хиёбонҳои зебои шаҳр қадам мезанам, чизи ҷолиберо мушоҳида мекунам, аллакай тарҳи тасвир кардани он ба таври худкор дар ҳофизаам нақш мебандад. Ва ё баъди хондани ягон асари бадеӣ, ҳамзамон бо гӯш кардани мусиқӣ дар ман илҳоми офаридани асари наве пайдо мешавад.

Аммо, чӣ қадар вақт сарф гаштан барои як асар аз объекти офаридаи рассом, фигураҳои дохили он ва предметҳои тасвирнамудааш вобаста аст. Бархе асарҳоро дар муддати ду – се рӯз ва бархеи дигарро дар давоми ду ё се ҳафта ба анҷом мерасонам. Зеро кори мо заҳматталаб аст ва дақиқкориву борикбиниро тақозо мекунад”,- шарҳ дод Фурқат.

Машҳуртарин асарашро “Писарбачаи танҳо” (“Одинокий мальчик”) ном ниҳодааст. Сабаби чунин ном доданашро рассом ба мо шарҳ дод.

“Аз кӯчае мегузаштам ва нигоҳам ба писарбачае афтод, ки аз паси панҷара ба дохили хонаи хонаводаи дигаре нигоҳ мекард. Ин манзара бароям хело таъсирбахш буд. Хостам аз рӯйи  ҳамин манзара асаре офарам. Аз ин рӯ тасвирро чунин номгузорӣ кардам.

Аввалин асари офаридаам “Наврӯзи Бадахшон” буд. Дар ин асар ман расму оини наврӯзи зодгоҳамро тасвир кардам, ки офариданаш се моҳ тӯл кашид”,- мегӯяд рассом.

тасвири рассоми тоҷик

“Муштариёнам аз ман розиянд”…

Қаҳрамони мо аз ҷониби муштариён тасвирҳои гуногунро ба фармоиш мегирад. Бештар тасвири симо (портрет) аз рӯи акс, аксҳои хонаводагӣ, манзараҳо, умуман вобаста ба хоҳишу завқи муштарӣ меофарад.

“Хушбахтона, нашудааст чунин ҳолате, ки ба маҳсули дастам эрод гирифта ва ё рад карда бошанд. Ҳамеша сухани хубашон ба ман илҳом мебахшад”,- мегӯяд рассом.

Фурқат асарҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар ба намоиш гузоштааст. Соли гузашта намоиши асарҳои ӯ дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар хориҷ аз кишвар асарҳояшро дар Россия, ИМА ва Эрон ба тамошо гузоштаву маҳсули дасташ писанди дӯстдорони санъати рассомӣ ва аҳли ҳунар гаштаанд.

тасвири рассоми тоҷики бадахшонӣ

Рассом – дӯстдори мусиқӣ

Ӯ ба ҷуз рассомӣ бо мусиқӣ низ машғул мешавад. Навозандаи хуби асбоби мусиқии нақора (барабан) низ ҳаст. Соатҳои тулонӣ нақора менавозад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо мусиқӣ ва сози он мудом илҳом мебахшанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Фуркат Карамхудоев (@furqat_art)

“Мехоҳам дар маҳсули эҷодам инсонияту инсондӯстиро ба қалам кашам, онро инъикос кунам, то тамошобин баъди тамошои асарҳоям барои хеш маъние бардорад, вуҷуди асарамро эҳсос кунад ва дарсе барояш гардад”,- мегӯяд санъаткор.

Фурқат хушбахтиро дар инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, дар атрофи аҳли оила будан, эҷод кардани асар, навохтани оҳанг ва дар зиндагонии осоиштаи мардум мебинад.

Оламбегими Некқадам


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend