Дар ноҳияи Темурмалик боғи зардолуе ҳаст, ки аз самари он тамоми мардуми як деҳа даҳон ширин мекунанд. Ин боғ аслан ба як соҳибкоре тааллуқ дорад, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нест. Вале мардум то ҳол аз некиву саховатпешагии ӯ ёд мекунанд.
Соли 2010 соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Давлатов бо тахаллуси Муллораҷаб дар масоҳати 3 га замин боғе бунёд кард, ки аксарияти дарахтони онро зардолу ташкил медиҳад. Сокиноне, ки дар вақти бунёди ин боғ ҳузур доштанд, нақлҳои ҷолибе мекунанд. Зеро дар шинонидани дарахтон аҳли маҳаллаи Ҳамровиёи Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик низ саҳм гузошта, дар якҷоягӣ бо соҳибкор дарахтонро тариқи ҳашар шинонида буданд.
Дар ҳамон мавзеъ Раҷабалӣ ваъда додааст, ки ин боғро пурра барои мардум бунёд намуда истодааст ва тамоми ҳосилашро низ дар ихтиёро мардуми ҳамин ноҳия ва берун аз он мегузорад. Ҳамин тариқ боғи мазкур бунёд гардид ва аввалин самараашро худи Раҷабали Давлатов бо аҳли пайвандону фарзандонаш чида хона ба хона туҳфа карданд. Инчунин, мардуми ин минтақа ҳар вақте ки мехостанд ба миқдори хостаашон мева мегирифтанд.
Соҳибкор ба мақсадаш расид ва самараи дасташро ба мардум тақсим кард. Ҳамзамон ӯ барои пешрафти маҳаллаи худ ниятҳои неки зиёд дошт. Лекин мутаасифона умр вафо накард ва Раҷабалӣ Давлатов соли 2015 бар асари бемории саратон дар сини 60 солагӣ аз дунё даргузашт.
Идомаи умри инсон
Ҳоло бошад, боғи бунёдкардаи ӯ дар шароити беҳтар рушд кардааст. Бародараш Зоир Давлатов бо фарзандони соҳибкори марҳум ҳамасола дар мавсими аввал зардолуҳоро чида дар халтаҳои алоҳида ба зиёда аз 300 хонадон тақсим мекунанд.
Онҳо ҳеҷ намехостанд, ки мавзӯи мазкур расонаӣ шавад. Чунки ин оила дар аксарияти маврид аз паҳн кардани хайрашон худдорӣ мекунанд. Мо сатрҳори болоро танҳо барои хотираи неки соҳибкор Раҷабалӣ Давлатов баён кардем.
“Имсол дарахтон назар ба солҳои пештар меваи зиёд ба бор оварданд. Мо бародарон ҳамасола дар ин мавсим ҷамъ шуда аз хотираҳои неки бародарамон ёд мекунем. Сад афсӯс, ки ӯ ин дигар бо мо нест. Мо то рӯзе, ки ҳастем барои пешравии боғ талош меварзем ва ҳамоно самараи боғро ба ихтиёри мардум мегузорем”-, мегӯяд бародари дигари соҳибкор Қодир Давлатов.
Ҳамдеҳагони ӯ мегӯянд, ки агар раҳматии акаи Раҷабалӣ зинда мебуд ҳоло дар маҳалли мо навгониҳои зиёд мешуд. Чунки ӯ вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе тиҷораташро рушд медод, лекин дороиашро дар инҷо сарф мекард.
Аз аксарияти боғҳое, ки дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик бунёд гардидааст, сокинон метавонанд ба миқдори зарурӣ меваи ройгон гиранд. Ин ҳолат аз самимияти мардуми деҳа шаҳодат медиҳад ва онҳо бар он назаранд, ки инсон боғро дар мадди аввал баро дарёфти савоб ва сипас барои пешбурди зиндагиаш бунёд мекунад.
Шералӣ Давлатов