fbpx

Ду духтари тоҷик дар Русия ғарқ шудаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Духтарони тоҷик дар русия ғарқ шудаанд
Акс аз "Фонтанка"

Дар Душанбе барқдуздӣ ошкор шудааст

Прокуратураи шаҳри Душанбе аз ҳолати ошкор гардидани дуздии барқ хабар медиҳад. Дар натиҷаи он ба “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и пойтахт беш аз 73 ҳазор зарар расидааст.

Содирот ва лимити барқ дар Тоҷикистон
Акс: коллажи “Азия-Плюс”

Ба гуфтаи манбаъ, Ш.Р., сарнозири зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино-1 бо роҳи дуздӣ як хати 3 ноқила (3 фаза)-ро берун аз ҳисобгираки барқӣ ба коргоҳи як соҳибкор гузаронидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, сарнозир ин корро бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор ва бо мақсади озод намудан аз пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва расонидани зарар ба ташкилоти таъминкунандаи нерӯи барқ амалӣ крадааст.

“Тибқи хулосаи Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе  муштарӣ Т.А. қувваи барқро тариқи дуздӣ ба миқдори 60 ҳазору 434,88 кВт/с  ғайриқонунӣ истифода намуда, ба маблағи 73 ҳазору 307 сомонӣ ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе зарар расонидааст”, – гуфтааст Додситонии шаҳри Душанбе.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ш.А. ва Т.А. барои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ бо расонидани зарар ба миқдори калон (моддаи 253 қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷинотяӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ин банди қонунгузорӣ аз 547 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима ё аз 3 то 5 сол зиндонӣ пешнибнӣ мекунад.

Ду духтари тоҷик дар Русия ғарқ шудаанд

Дар ҳавзи Петергофи Русия ду духтари як оилаи муҳоҷири тоҷик ғарқ шудаанд. Ба иттилои хабаргузории  “Фонтанка”, хоҳарони 12 ва 14 сола аз Тоҷикистон будаанд. Онҳо бо хонаводаашон дар Русия зиндагӣ мекарданд.

Фоҷеа шоми 14- уми июн, замоне рух додааст, ки духтарон бо падар ба назди ин кӯл омаданд. Вақте яке аз онҳо ғарқ мешавад, дигарӣ барои наҷоти хоҳараш худро ба об меандозад.

Падар тавонистааст, духтари хурдияшро аз об берун орад, вале пизишкон натавонистанд, ӯро наҷот диҳанд. Духтари калонӣ ғарқ шудаст. Ҷасади ӯро сокинон ва наҷотбахшон аз об берун овардаанд.

Дар бораи хоҳарон аз оилаи муҳоҷири тоҷик маълумоти зиёд дода нашудааст. Аммо ба навиштаи расонаҳои Русия, Раёсати Кумитаи тафтишотии ноҳияи Петродворетс дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ҳодисаро чун “марг аз беэҳтиётӣ” таҳқиқ дорад. Маълум нест, ки парванда нисбати кӣ таҳия шудааст.

Ин банди қонун то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Оқибати шамолу боронҳои дирӯза дар кишвар

Рӯзи 14-уми июн, дар деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт бар асари боришоти зиёд сел омадааст, ки дар натиҷа, 10 сар чорвои калони шохдор ва 20 сар чорвои майда талаф ёфта, 5 хонаи истиқоматӣ, 3 бинои ёрирасон осеб дидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

офати табиӣ дар тоҷикистон
Акс аз КҲФ

Ин ниҳод гуфт, ҳамчунин, дар ин минтақа, 20 қитъаи наздиҳавлигӣ, 5 гектар замини кишоварзӣ зери об мондаанд.

Манбаъ, ҳаҷми зарарро нашр накарддаст, танҳо навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷои ҳодиса кор бурда, ҳаҷми хисороти расида муайян карда мешавад.

Ҳамин тавр, дирӯз дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди Арчақаппа, ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Ляхш сел омада, боиси баста шудани мачрои дарёи Сурхоб гардидааст.

Дар натиҷа сел ҳудуди 350 метр роҳи мошингардро шуста, ду сутун ва ҳудуди 300 метр симро кандааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод сел роҳи мошингади деҳаро бастааст.

Инчунин обхезӣ дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55-и роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Сангвор боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст.

Рӯзи 14-уми июн, дар Душанбе, ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари шамоли шадид бомҳо канда шуда, дарахтон шикастаанд.

Ба гуфтаи КҲФ, дар натиҷаи ҳамаи ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend