Гароншавии нархҳо дар Тоҷикистон

Аз гароншавии хӯроквориву сӯзишворӣ дар соли 2023 то андозу барқ дар оғози соли 2024

Дар соли 2023 дар Тоҷикистон қариб нархи ҳамаи хизматрасониҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, андозу ҷаримаҳо ба таври назаррас боло рафтанд. Қисме аз ин болоравиҳо аз оғози соли 2024 амалӣ мешаванд.

Албатта, ҳаҷми маоши миёна низ як андоза баланд шуд, вале на ба он миқдоре, ки хароҷоти чанд карат афзудаи мардумро пӯшонида тавонад.

Мо дар зер мебинем, ки чиҳо дар соли 2023 қимат шуданд ва дар оғози соли 2024 боз чӣ тағйирот мешавад.

Қариб 31 дирам барои 1 киловатт-соат. Афзоиши нархи истифодаи барқ аз оғози соли 2024

Ҳоло охирин хабаре, ки сокинони Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад афзудани нархи истифодаи нерӯи барқ аст.

“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар хабар дод, ки нархи тарофаҳои истифодаи барқ аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам меафзояд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.

То соли 2016 таърифаҳои нерӯи барқ танҳо дар солҳои ҷуфт боло бурда мешуданд, вале баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.

Танҳо солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.

Афзудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва дар ин баробар андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо аз оғози соли нав

Тибқи қонуни қабулшуда дар бораи “Буҷети давлатӣ барои соли 2024” ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз аввали соли оянда боло хоҳад рафт. Он аз 68 сомонӣ ($6,2) 6,88% ё худ 4 сомонӣ афзоиш ёфта, ба 72 сомонӣ ($6,6) баробар мешавад.

Бо ҷорӣ шудани нишондиҳандаи нав барои ҳисобҳо ҳаҷми андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо мутаносибан тағйир меёбад.

Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти хидмати алтернативии ҳарбӣ низ тағйир хоҳад ёфт.

Пардохт барои чунин навъи хизмат тибқи тағйироте, ки аз 31-уми июли соли 2023 ворид шуда буд, ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (51 ҳазор сомонӣ) баробар гардид, ки то ин дам 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (28560 сомонӣ)-ро ташкил медод.

Ин тағйирот аз 1-уми сентябри соли 2023 эътибор пайдо кард.

Мутаносибан, бо тағйири нишондиҳанда арзиши хидмати алтернативии ҳарбӣ аз 51 ҳазор сомонӣ то 54 ҳазор сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки арзиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти дараҷаи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муайян карда мешавад.

Қиматшавии нархи сӯзишворӣ ва роҳпулиҳо дар соли 2023

Дар соли 2023 болоравии нархи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ сокинони Тоҷикистонро нигарон кард. Дар Тоҷикистон, ки мусофиркашонӣ ва ҳамлу нақли молу маҳсулот асосан тариқи мошинҳо сурат мегирад, боло рафтани нархи сӯзишворӣ боиси гарон шудани нархи роҳкиро ва бозор мегардад.

Гази моеъ аввали моҳи август камтар аз 4 сомонӣ арзиш дошт ва баъдан дар моҳҳои октябр – ноябр нархи як литри ин навъи сӯзишворӣ аз 7,7 то 8,2 сомонӣ ва дар минтақаҳои дурдаст ҳатто то 9 сомонӣ боло рафт.

Дар баробари гази моеъ бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам гарон шуд.

Аввалин шуда таксиҳои ба қавле “5-сомона”-и Душанбе, ки бо сабаби гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар зимистони гузашта, худсарона ба 7 сомонӣ боло бурда буданд, нархи роҳкирои таксиҳои дохилишаҳриро ба 10 сомонӣ гарон карданд.

Дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ боло рафт.

Мақомоти вилоят хабар додаанд, ки ин тасмим дар пайи боло рафтани арзиши сӯзишворӣ гирифта шуд.

Шуруъ аз 2-юми ноябри соли 2023 нархи роҳкирои воситаҳои хизматрасонии ҷамъиятии хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва нархи хизматрасонии автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ бардошта шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атрофи он бошад, бо сабаби якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ ҳаракати автобусҳо муддате манъ шуд.

Соли равон нархи меваҳои ватанӣ ба таври назаррас гарон шуд

Соли равон бо вуҷуди ҳосили фаровон дар Тоҷикистон нархи мева боло рафт.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мева нисбат ба соли гузашта бештар истеҳсол шудааст.

Дар ин миён танҳо ангур назар ба соли гузашта кам ҷамъоварӣ шудааст, чун сармои моҳи январӣ боиси талаф ёфтани ин намуди мева гардид.

Вале дар ин баробар содироти мева аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маротиб афзудааст. Масалан, то моҳи октябри соли равон содирот 358,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 74,6 ҳазор тонна мебошад.

Маълумоти бештарро оид ба болоравии нархи мева аз ин видео бигиред.

Ҳаҷми маошу нафақа низ дар соли 2023 боло рафт, вале нокифоя

Аз 1-уми июли соли 2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд карда шуд.

Қаблан, аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз баланд шуда буд.

Тавре дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дода буданд, ба ҳолати 1-уми июни соли 2023 музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 1907,2 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ин нишондод 260 сомонӣ ё 15,7 фоиз зиёд шудааст.

Инчунин, музди ҳадди ақали меҳнат ба 600 сомонӣ баробар шудааст.

Инчунин, ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа камтарин ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон ба 150 сомонӣ баробар аст.

Ҳаҷми миёнаи нафақа бошад 375 сомониро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ба 332 сомонӣ баробар будааст.

Маошу нафақаи кам дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои асосии сокинон аст. Зеро ин афзоиш дар баробари баландшавии нархи маҳсулоту хизматрасонӣ ва андозҳо нокифоя аст. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонанд.

Тибқи оморҳои расмӣ 22,5 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар ҳолати фақр зиндагонӣ мекунанд.

Ба фикри шумо боз чиҳо қимат шуданд ва оё даромади шумо барои ин хароҷотҳо кифоя аст?

Skip to toolbar