fbpx

Даромади аҳолии Тоҷикистон 2,3 баробар афзудааст

Ин дар ҳолест, ки қисми асосии даромади аҳолии Тоҷикистон ва ҳиссаи буҷети кишварро муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин мекунанд.


0
Даромади аҳолии Тоҷикистон афзудааст

Даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонӣ дар соли 2018 ба 95,1 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расидааст. Агентии омор дар ин бора иттилоъ дода, меафзояд, ки нишондиҳандаи мазкур 2,3 баробар зиёд гардидааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1,4 баробар афзоиш ёфтааст.

“Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дарозумрии эҳтимолии аҳолӣ дар мавриди таваллуд дар ин давра аз 74,9 сол то 76,3 сол баланд гардидааст, ки 1,4 сол зиёд мебошад”,- гуфта мешавад дар хабар.

Инчунин, дар  панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат  дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ аз 71,1 миллиард сомонӣ дар соли 2018 ба 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ва даромади буҷети давлатӣ аз 23,9 миллиард сомонӣ ба 36,1 миллиард сомонӣ расидааст.

“Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 1,6 баробар ва буҷети давлатӣ 1,5 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 1,5 баробар афзоиш ёфт”,- шарҳ дода мешавад дар хабар.

Ин дар ҳолест, ки қисми асосии даромади аҳолии Тоҷикистон ва ҳиссаи буҷети кишварро муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин мекунанд. Вале маълумоти расмии ниҳодҳои Тоҷикистон дар ин бора вуҷуд надорад.

Зимни як нишасти хабарӣ Сироҷиддин Икромӣ, директори Амонатбонк гуфта буд, ки Бонкҳои Тоҷикистон дар хусуси маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷик ба кишвар маълумот надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ аввалҳои моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки вуруди пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2022 қариб 3,2 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамчунин, ба иттилои Агентӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 615 ба 707 адад расидааст. Гуфта мешавад, шумораи кӯдакон дар ин муассисаҳо аз 93,1 ҳазор ба 102,5 ҳазор нафар ё 10,1 фоиз зиёд гардидааст.

Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 3870 ба 3967 адад расида, шумораи хонандагон аз 1906,3 ҳазор нафар то 2232,1 ҳазор нафар ё 17,1 фоиз зиёд гардидааст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Инчунин, гуфта мешавад, шумораи духтурони ҳамаи ихтисосҳо низ афзоиш ёфта, аз 18 ҳазору 716 ба 20 ҳазору 100 нафар, яъне 7,4 фоиз зиёд гардидааст. Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ аз 51 ҳазору 788 ба 58 ҳазору 600 нафар зиёд гардидааст, ки 13,2 фоизро ташкил медиҳад.

Норасоии табибон дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои доғ маҳсуб меёбад.

Дар нишасти матбуотии охир Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон наздики 3 ҳазор корманди тиб (2 ҳазору 298 табиб ва беш аз 570 ҳамшираи шафқат) намерасанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend