Аз Душанбе арзонтар. Нархи билет ба қатораҳои самти Русия маълум шуд

Тоҷикистону Русия хатсайрҳоро таввасути роҳи оҳан дубора барқарор намуданд. Фурӯши билетҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон, алакай оғоз ёфтааст. Авввалин қатора рӯзи 16 – уми август аз Кӯлоб ба самти Волгоград ба роҳ мебарояд, ки нархи чиптаи он 1580 сомониро ташкил мекунад.

Дар ин бора Азия плюс бо истиндод ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ,  мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” харидорӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ки талабот ба чиптаҳо и қатора хеле зиёд аст ва  дар давоми танҳо як рӯз – 9 август аллакай 200 чипта фурӯхта шудааст.

Нархи билети қатора бо хатсайри Кӯлоб – Волгоград – Кӯлоб 1580 сомонӣ дар вагонҳои платскарт ва 2040 сомонӣ – дар вагонҳои купе муқаррар шудааст. Билет аз Душанбе ба Волгоград каме арзонтар аст: вагони платскарт 1434 сомонӣ ва купе – 1856 сомонӣ.

Қатора аз Душанбе ба Волгорад рӯзи 27 – уми август ба роҳ мебарояд.  Хатсайри қатораи Хуҷанд – Волгоград бошад рӯзи 7 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Арзиши билети қатора аз шаҳри Хуҷанд ба самти Русия ҳоло маълум нест.

Қатораҳо аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе — рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. Қатораҳо аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ҳаракат менамоянд.

Бояд гуфт, ки   ҳаракати қатораҳои мусофирбари Тоҷикистону Русия аз 17 марти соли 2020 аз сабаби паҳншавии бемории коронавирус қатъ гардида буд.

Skip to toolbar