fbpx

Шавҳар аз хона ронд, падар қабул накард. Ҷузъиёти худкушии як ҷавонзан дар Рашт

Лаҳзаи ба назди пули деҳа омадан ва худро ба об андохтани зани ҷавон дар дастгоҳи видеоии мағозае сабт шудааст.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Маҳинаи Холаҳмад, ки ҳамагӣ 23 сол дошт, рӯзи 5 – уми август худро аз болои пуле ба дарёи Сорбоғ мепартояд. Ҳамон рӯз Маҳинаро шавҳараш талоқ медиҳад ва хушдоманаш кӯдаки нуҳмоҳаашро аз дасташ гирифта аз хона пеш мекунад.

Кормандони пулис дар ноҳияи Рашт шавҳари Маҳина Султони Абдувоҳид, сокини деҳаи Хоҷаалии ин ноҳияро  бо гумони “ба худкӯшӣ расонидани ҳамсараш”, боздошт кардаанд.

Лаҳзаи ба назди пули деҳа омадан ва худро ба об андохтани зани ҷавон дар дастгоҳи видеоии мағозае сабт шудааст.

Як сокини деҳаи Хоҷаалии ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи Рашт, ки нахост номашро зикр кунем, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳодиса соати 9-и рӯзи 5-уми август пас аз он рух додааст, ки шавҳараш ин занро талоқ медиҳад. “Баъди ҷанҷол хушдоманаш кӯдаки нӯҳмоҳаашро бо зӯр аз дасташ мегирад. Ӯ ночор меравад ва аз телефони як ҳамсоя ба падараш занг зада мепурсад, ки ба сараш ҳамин ҳолат омад, аммо падараш, бехабар аз ҷузъиёти ҷанҷол, ба хотири идомаи зиндагии хонаводагии духтараш, розӣ намешавад, ки ба хонаи волидайнаш баргардад. Маҳина дигар ба самти дарё меравад,”—гуфт, ӯ.

Пас аз ин, тавре дар навори видеоӣ дида мешавад, Маҳина ба лаби дарё меояд ва пас аз каме андеша аз болои пул худро ба мавҷи дарё мезанад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир тафтишоти пешакӣ идома дорад ва то имрӯз ҷасади Маҳина ёфт нашудааст.

Ҳолатҳои ба худкушӣ даст задани занон дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ сабт шудаанд. Коршиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро ба низоъу хушунати оилавӣ рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи занон ва оили Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода рӯзи 2 – юми август ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки шахси солим наметавонад ба худкушӣ даст занад, бахусус дар мавриди он  худкушиҳое, ки тавассути корд анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин ба иттилоъи ӯ  дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
4
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
22
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend