Аз ҳалвои ширӣ то кабобу палов. Пухтупаз дар табиат

Шоҳин Муродов дар пухтупаз маҳорати баланд дорад. Ӯ дар шабакаи Инстаграм саҳифаи худро дорад, ки дар он ҷо навори тарзи тайёр кардани хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва хориҷиро мегузорад. Шоҳинро бештар аз 49 ҳазор нафар одамон пайгирӣ мекунанд ва аз дастурамалҳои хӯрокҳои ӯро истифода мекунанд.

Шоҳин дар бораи ҳаёт, фаъолияти сарошпазӣ ва чӣ гуна пеш бурдани блоги худ дар Инстаграм қисса намуд.

Шоҳин Муродов зодаи шаҳри Ваҳдат аст. Ӯ зинаи бакалавриятро дар Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода ва магистартураро дар Донишгоҳи славянӣ Русия ва Тоҷикистон бо ихтисоси забоншиноси англисӣ хатм кардааст. Ҳамчуни дар “Mini MBA professional”‑и City Business School дар шаҳри Москваи Русия маълумоти идоракунии тиҷоратро гирифтааст.

“Ҳалвои ширӣ саҳифаи маро дар Инстаграм фаъол кард”

Қаҳрамони мо моҳи сентябри соли 2023 дар Инстаграм фудблоги худро боз намуд ва дар муддати кӯтоҳ корбарони зиёро ҷалб намуд. Ӯ дар блоги худ асосан навори хӯроку хӯришҳои миллӣ ва таоми дӯстдоштааш оши паловро пешкаш мекунад.

Наворҳои ӯ бо идеяҳои ҷолиб омода мешаванд ва дар табиати зинда сабт шудаанд. Шоҳин дар табиати зебои зодгоҳаш дар оташи табиӣ хӯрокҳои гуногун омода мекунад. Ӯ мегӯяд, аз пайгирӣ кардани саҳифаи фудблогерони ҷаҳонӣ идеяҳои гуногун пайдо мешаванд ва онҳоро амалӣ мекунад.

“Дар аввалҳо наворҳои ман тамошобини зиёд пайдо намекард ва аз ин дилмонда нашуда роҳамро идома додам. Гумон намекардам, ки дар оянда то ин дараҷа наворҳои ман ба корбарони Инстаграм писанд меоянд. Бори аввал навореро, ки дар он тарзи тайёр кардани “ҳалвои ширӣ”‑ро нишон дода будем, 4 млн нафар тамошо карданд ва баъди кори саҳифаи мо пешрафт ва обуначиён зиёд шуданд”,‑ мегӯяд Шоҳин.

Вазифаи сарошпазӣ дар тарабхонаҳои машҳур

Шавқи хӯрокпазӣ аз давраи мактабхонӣ дар вай пайдо шуда буд. Ӯ бо кӯмаки модар хӯрокҳои гуногун омод мекард ва замоне, ки давоми таҳсил дар донишгоҳ дар хобгоҳи донишҷӯён меистод, ҳамеша масъулияти хӯрокпазиро иҷро мекард.

Шоҳин дар идома тасмим гирифт, ки аз ошпази соҳибтаҷриба тарзи пухтани хӯрокҳои миллиро ёд бигирад. Ҳамин тавр, ӯ дар назди яке аз ошпазҳои маъруфи шаҳри Ваҳдат ин ҳунарро омӯхт.

Ҳамсуҳбати мо таҷрибаи чорсолаи сарошпазӣ дорад. Ӯ давоми ин солҳо дар тарабхонаҳои гуногун кор кардааст. Инчунин дар ошхонаҳои миллии Тоҷикистон ба сифати ошпаз ба пухтани хурокҳои миллӣ машғул буд.

“Дар давоми фаъолиятам дар самти хурокпазӣ аз сарошпазҳои тоҷик тарзи омода кардани хӯрокҳои миллӣ ва аз сарошпазҳои турк таҳияи хӯроку хӯришҳои туркӣ ва аз ошпазҳои узбеку рус омода кардани ғизоҳои аврупоиро омӯхтам”,‑ гуфт ӯ.

Аз сарошпазӣ то сартарошӣ

Шоҳин мегӯяд, ҳоло низ ба таври онлайн аз сарошпазҳои хориҷӣ таҳияи хӯрокҳои гуногунро меомӯзад ва дар баробари ин ба худомӯзӣ машғул аст, то тарзи омода кардани таомҳои навбанавро аз худ кунад. Фаъолияти озод барояш писанд аст ва ба ҳамин хотир алҳол дар тарабхонаҳо кор намекунад.

Ӯ як муддат дар самти тиҷорат низ худро санҷидан хост ва дар шаҳри Москваи Русия сартарошхонаи шахсии худро боз кард. Чун дар баробари шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро низ дошт, соли 2022 бо сабаби оғоз шудани ҷанги Русияву Украина сартарошхонаро баста, ба Тоҷикистон баргашт. Зеро эҳтимоли ба ӯ омадани даъватнома барои иштирок дар ҷанг зиёд буд.

Шоҳин дар вақтҳои озод ба омӯхтани забони хориҷӣ машғул мешавад. Инчунин ӯ ба тиҷорат низ машғул аст ва бо зиёд гардонидани сармоя нияти ҷолибтар намудани блогашро дорад.

Таҳияи хӯрокҳои миллӣ дар табиати зебои Тоҷикистон

Ӯ дар табиат хӯрок мепазад ва бо идеяҳои ҷолиб онро сабт намуда, дар блогаш ҷой медиҳад, ки ба истифодабарандагон бештар писанд меояд.

“Вақте дар табиат нияти пухтани хӯрокҳоро мекунам, бо дӯстон маслиҳат карда ҳамроҳи се‑чор нафар меравем. Сабти навор кори гурӯҳӣ аст ва дӯстон барои сабту танзими он ва пухтани хӯрокҳо кӯмак мекунанд.

Ҳамчунин, идеяҳоро бо якдигар маслиҳат мекунем. Баъди омода шудани таом якҷоя нишаста. дар табиати зинда ва ҳавои тоза тановул мекунем”,‑ нақл кард қаҳрамони мо.

“Мехоҳам тарабхонаи шахсӣ дошта бошам”

Ӯ ният дорад дар ояндаи наздик тарабхонаи шахсии худро кушояд ва бо таому хӯришҳои миллӣ ва хориҷӣ табъи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро хуш намояд.

“То охири сол мақсади кушодани курси онлайниро дораам, то ба дӯстдорони самти хӯрокпазӣ пухтани онро омӯзонам. Ният дорем бо ҷамъи дӯстон дар соли оянда фонди хайриявӣ боз кунем ва ба ниёзмандон кӯмак расонем”,‑ гуфт Шоҳин.

Шаҳноз Ализода

Skip to toolbar