fbpx

Аз наққошии Кохи Наврӯз то офариниши асарҳои таърихӣ

Ҳунарманде аз шаҳри Истаравшан асарҳое ба мисли “Роҳи абрешим”, “2500 – солагии Истаравшани бостонӣ”, “Шоҳномаи Фирдавсӣ”, ва ғайраҳоро офаридааст.


0
Рассом ва кундалнигор аз шаҳри Истаравшан
Ин ва дигар аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардид.

Нӯъмон Ғафурови 63-сола яке аз наққошони машҳури шаҳри Истаравшан аст ва зиёда аз 50 соли ҳаёташро сарфи ин пеша намудааст. Ӯро ҳамчун наққош, рассом ва кундалнигор мешиносанд.

Маҳсули дастонаш биноҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла Кохи Наврӯз, Кохи Сомон, ва дигар иншооти машҳурро оро медиҳанд. Ҳамзамон асарҳои офаридаи Усто Нӯъмон дар  намоишгоҳу осорхонаҳои Эрон, Испания, Италия, Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Муаллифи Your.tj бо Нӯъмон Ғафуров ҳамсӯҳбат шуд, то дар бораи фаъолияти эҷодиву ҳунарияш қисса намояд.

Ҳунари наққошии ҳунарманд аз Истаравшан

“Мехостам мисли бобоҳоям бошам!”

Нӯъмон Ғафуров ба ҳунари наққошиву кундалрезӣ ҳанӯз аз синни 12 солагӣ рӯй овардааст. Ӯ бо ҳидояти амакаш Қулиҷон Ғафуров дар маҳфили рассомии Оқилҷон Ҳабибов, ки дар “Кошонаи пешоҳангони”-и Истаравшан (ҳозира Қасри фарҳанг) мегузашт, таҳсил кард.

Баъдан таҳсилашро дар Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва сипас дар риштаи наққошӣ ва кундалнигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома дод. Қаҳрамони мо сабаби асосии ба ҳунар рӯй оварданашро дар ҳунарманд будани гузаштагонаш медонад.

“Чун бобои падариам кулолгар ва бобои модариам мисгар буданду дар кӯзаву табақ ва ҳар чизи офаридаашон аз нақшҳои гуногун истифода мебурданд, ба эҷодашон бо шавқ нигариста, мехостам мисли онҳо ҳунарманд шавам.  Аз ин рӯ ҳар куҷое, ки гулҳои наққоширо медидам, зуд рӯйи қоғаз тасвир мекардам. Ҳамин тавр меҳри ҳунари наққошӣ дар дилам ҷо гирифт ва таҳсиламро дар ҳамин ришта давом додам”,- нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Усто Нӯъмон мегӯяд, аз хурдӣ ба кори бобоҳояш Ҳоҷӣ Мирбобои  кулолгар ва Ғафури мисгар кӯмак мерасонд. Аз онҳо тарзи тасвири нақшро омӯхта дар кӯзаҳои кулоливу мисӣ нақшҳои гуногунро тасвир мекард.

Ҳарчанд аз нозукиҳои ҳунари кулолгарву мисгарӣ огоҳ буд, вале шавқу ҳаваси доштааш нисбат ба ҳунари наққошӣ ӯро дар ин ҷода раҳнамун сохт.

Кундалнигорӣ дар Истаравашан

Рассомӣ дар хизмати ҳарбӣ

Нӯъмон Ғафуров соли 1979 баҳри адои хизмат ба қисми ҳарбии шаҳри Ганҷаи (Кировободи ҳамонвақта) Ҷумҳурии Озарбойҷон рафт. Ҳамроҳи ҳуҷҷатҳояш якчанд варақу мӯйқаламу ранг гирифт, то дар вақтҳои холигӣ ба эҷоди асар машғул шавад.

“Вақте командирамон рассом, наққош ва кундалнигор буданамро донист, бароям як утоқ ҷудо кард, то дар он ҷо карикатураи баъзе аскарони танбалу ноӯҳдабароро тасвир кунам. Ин карикатураҳо қонунӣ буданд ва дар он таҳқир не, балки танз мекардем. Дар карикатураҳои ман мухотабон муайян набуданд. Вале тарзе тасвир меёфт, ки шахси бинанда хатои худро дар он медиду аз пайи ислоҳ мешуд”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.

Замоне, ки Нӯъмон Ғафуров адои хизмат мекард, дар қаламрави давлати шӯравӣ таҷлили 100-солагии Ленин мегузашт. Ба ин муносибат дар тамоми ҷумҳурӣ ташкили озмуну фестивалҳои гуногун дар назар буд. Вақте қаҳрамони мо аз ин хабар ёфт чеҳраи Ленинро бо истифода аз наққошиву кундалрезӣ тасвир кард.

“Дар як ҳафта портрети Ленинро тасвир кардам. Атрофашро бо нақшҳои миллӣ оро дода, кундал рехтам. Сипас тавассути қатора ба шаҳри Истаравшан фиристодам. Онро амакам Қулиҷон Ғафуров гирифта, ба озмун пешниҳод карданд. Хабар омад, ки дар озмун асари офаридаам соҳиби ҷоиза гардидааст. Он замон маро як эҳсосоти аҷибе фаро гирифт. Дарк кардам, ки воқеан ҳунарманд ҳар куҷое бошад сарфароз аст”,- таъкид кард Усто Нӯъмон.

Тарзи рехтани кундал

Кундалрезӣ яке аз ҳунарҳои қадима буда, навъҳои он бештар дар сақфу сутун ва деворҳои қалъаву кӯшк, бӯстонсарою меҳмонхона ва  масҷиду мадрасаю чойхона ба назар мерасад.

Ҳунармандони пештар бо рангҳои табиӣ ва омехтаи моддаҳои гуногун наққошӣ мекарданду кундал мерехтанд. Назар ба гуфти усто Нӯъмон ранги сабзро аз ӯсма, сурхро аз анору ҳино, сафедро аз санги кӯфта омода карда, истифода мебурданд.

Ҳар усто бо сабку услуби худ тасвир карда ранг омода мекард. Қаҳрамони мо низ бо сабки ба худ хос кундалрезӣ мекунад.

Усто Нӯъмон ҳангоми кор

“Пеш аз он ки мо ягон асареро меофарем дар рӯйи лавҳ ё табақ бо ширеш карбосро мечаспонем. Сипас бӯр, ширеш, шилми дарахт, сафедии тухм ва алифро гирифта омехта мекунем ва дар рӯйи лавҳ мемолем. Пас аз хушк шудан онро суфта карда омехтаи ранги сафед ва ширеши ПВА-ро мемолем.

Дар варақи сафед асари мехостаамонро тасвир карда бо сӯзан шикоф мекунем. Баъдан дар рӯйи лавҳ қоғазро гузошта, хокаи ангишт ё синкро мерезем. Аз сӯрохиҳои сӯзан сиёҳӣ гузашта, нусхаи тасвир дар рӯйи лавҳ мегузарад”,- шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли Нӯъмон Ғафуров паз аз пурра гузаштани расм боз як омехтаи дигар аз семент, шилми дарахт, сафедии тухм ва ширеш омода мекунанд. Ин омехта дар ду шакл тайёр карда мешавад, моеъ ва ғафс.

Сипас омехтаи моеъ ва аз болояш омехтаи ғафсро ба воситаи мӯйқалам дар бандҳои тасвир мерезанд. Пас аз хушк шудан онро бо зарҳал ранг мекунанд. Баъдан худи асарро ба рангҳо оро медиҳанд. Ҳамин тавр лавҳаи кундалрезӣ шуда омода мешавад.

Навъҳои нақши миллӣ

То замони мо навъҳои гуногуни нақшҳои миллии тоҷикӣ омада расидаанд, ки дар эҷоди асарҳои ҳунармандон васеъ истифода мешаванд.

Наққошӣ дар рӯи қоғаз

Маъмултарини он нақшҳои исломӣ, геометрӣ, нуҷумӣ, намодӣ, катибавӣ (санъати тироз), ориёӣ, тахайюлӣ, антропоморфӣ, зооморфӣ, моддӣ, табиӣ ва ғайра мебошанд. Нӯъмон Ғафуров низ бо истифода аз ин нақшҳо асарҳои гуногун меофарад.

“Ҳунармандон инъикосгари таъриханд. Онҳо чизҳои қадимаву таърихиро аз нав эҳё мекунанд. Масалан ҳар чизи таърихие ки аз ҷониби археологон ёфт мешаваду дар он  нақшҳои миллии қадима таҷассум ёфтааст, ҳунармандон дар асарҳояшон истифода мебаранд. Ба ин васила нақшҳои миллии қадима ҳам муаррифӣ ва ҳам ҳифз мешаванд”,- гуфт Нӯъмон Ғафуров.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳанӯз тамоми нақшҳои миллӣ кашф нашудаанд ё ҳунармандон аз он огоҳ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, агар археологону ҳунармандон ҳамкорӣ намоянд, баҳри эҳёи нақшҳои қадима заминаи хубе фароҳам меояд.

Айни ҳол Усто Нӯъмон дар асарҳояш намудҳои гули оташ, анор, себарга, чорбарга, ситора, марғӯла, барги ток, қаламфур, лола ва ғайр аз ин ба ҷойи гул аз ҳайвоноти обӣ ва паранда истифода мебарад.

Аз “Роҳи абрешим” то “Шоҳномаи Фирдавсӣ” – бузургтарин асарҳои Нӯъмон Ғафуров

Нӯъмон Ғафуров то имрӯз бо истифода аз ҳунарҳои рассомиву наққошию кундалрезӣ асарҳои зиёде офаридааст.

Бузургтарину маъмултарини он, “Роҳи абрешим”, “Геси Роғун”, “2500 – солагии Истаравшани бостонӣ”, “3000 – солагии Ҳисори Шодмон”, “Борбади Марвазӣ”, “Фарваҳар”, “Шоҳномаи Фирдавсӣ”, “Ёдгориҳои таърихии Истаравшан” ва даҳҳои дигар мебошанд.

Наққошии Роғун

Ҳамзамон, асарҳои ин марди ҳунарро метавон дар биноҳои Кохи Наврӯз, Кохи Сомон ва дигар мавзеъҳои милливу фарҳангӣ метавон вохӯрд.

“Инчунин дар табақҳои чинӣ ва сафолию чӯбӣ низ асар меофарам. Дар рӯйи онҳо на танҳо наққошӣ, балки композитсияҳоро низ тасвир мекунам. Яке аз онҳо композитсияи “Умари Хайём” мебошад, ки дар он лаҳзаи шеър эҷод кардани шоир тасвир ёфтааст”.- мегӯяд ҳунарманд.

Қаҳрамони мо зимни сӯҳбат таъкид кард, ки бояд ҳунармандон бештар китобҳои бадеиву таърихӣ мутолиа намоянд, зеро хондани чунин китобҳо барои эҷоди асарҳои таърихию фалсафӣ кӯмак менамояд. Ӯ мегӯяд худ бештар “Шоҳнома” ва китоби “Тоҷикон”-ро мутолиа мекунад.

Ҷалби сайёҳон тавассути ҳунар

Усто Нӯъмон мегӯяд, солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон  дар баробари мавзеъҳои таърихӣ ба ҳунарҳои мардумӣ низ зиёд шудааст. Ба қавли ӯ сайёҳон гоҳ-гоҳ барои дидани маҳсули дастонаш ба хонааш меоянд. Аз ин рӯ, мехоҳад дар маркази шаҳр намоишгоҳи худро ташкил намояд.

“Ният дорам дар маркази шаҳр намоишгоҳ ташкил намоям. Дар он ҷо сайёҳон ҳам аз ҷараёни кор огоҳ мешаванду ҳам асарҳоро дида харидорӣ мекунанд, ки ин барои рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад”,-изҳор дошт Нӯъмон Ғафуров.

Соли 2011 барои қаҳрамони мо аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани устохона замин тӯҳфа шудааст. Имрӯзҳо усто дар он ҷо фаъолият мебарад.

Алҳол 180 нафар аз ӯ ҳунари наққошиву кундалрезиро омӯхтаанд, ки аксарияташон бо ин пеша машғуланд.

Заҳматҳои усто Нӯъмон Ғафуров дар рушду эҳёи ҳунари наққошиву кундалрезӣ борҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар бо диплому сипоснома қадрдонӣ шудааст.

Наққошии тоҷикӣ

Ҳамзамон соли 2021 аз тарафи Вазорати фарҳанг бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend